«Ҳафтаи хонатлас», ки 9 сентябр дар саросари ҷумҳурӣ оғоз шуд, гӯё анъанаҳои ба маъное фаромӯшшудаи либоси миллӣ пӯшидани бонувони моро ба хотир овард.
Дар вилояти Қашқадарё низ ин ҳафта бо руҳияи болида доир гардид.
Мақсад аз баргузории ҳафта намоиши хусусиятҳои ба худ хоси фарҳанги чандинасринаи мардум, урфу одат ва анъанаҳо, табъу завқ, нигоҳи эстетикӣ, инчунин, намуди зоҳириву либосҳои миллӣ мебошад.
Дар доираи ин ҳафта дар байни тоифаҳои гуногуни бонувон, кадбонуҳо, духтарони мактабхону донишҷӯ, арӯсҳои ҷавон ва кормандони ташкилотҳои гуногун чорабиниҳои тарғибкунандаи арзишҳои миллӣ ташкил карда мешаванд.
Аз ҷумла, дар доираи чорабинӣ дар мактаби эҷодии ба номи Абдулло Орифов низ намоишгоҳҳо, намоиши модаҳо, челленҷҳо гузаронида шуд.
– Либосҳои миллии мардуми мо барои нигоҳ доштани гузаштаи чандинасра, ҳифзи урфу одат ва арзишҳо, ба авлоди оянда расонидани онҳо чун воситаи муҳим хидмат мекунад, – гуфт сарвари Садорати оила ва зану духтарони вилоят Зиёда Аминова. – Аз тарафи садорат дар 828 маҳалла, беш аз 200 муассиса, ташкилот ва идораҳо «Ҳафтаи хонатлас» бо шукӯҳ ва рӯҳияи болида идома меёбад. Ҳафта, ки дар кӯдакистонҳо сар шуд, дар ташкилот, муассиса, хонаводаҳо давом дорад. Эътибори асосӣ ба барқарор намудани услубҳои қадима бо роҳи эҳтиёт кардани либосҳои модаркалонҳо равона гардида, тавассути тарғиби онҳо таваҷҷуҳи насли наврасро афзун ва идомаи анъанаҳоро таъмин хоҳем кард.
«Ҳафтаи хонатлас» имрӯз анҷом меёбад.
Ёдовар мекунем, ки технологияи тайёр кардани матоъи абрешимии мил-лӣ – атлас ва адрас ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дохил карда шудааст.
Ӯлмас БАРОТОВ,
мухбири ӮзА.
Аксбардор:
Ҷ. НОРҚОБИЛОВ (ӮзА).