«ҲАФТАИ КИТОБХОНӢ»

муташаккилона мегузарад

Дар бораи баланд бардоштани маданияти китобхонӣ, ташаккул додани маънавияти мардум то ин дам Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев чандин фармон ва қарорҳои муҳимеро қабул кард, ки ин ҳама ба ғанӣ гардонидани фарҳангу маънавият хидмат мекунанд. Бо мақсади иҷро намудани  чунин қарорҳо ба миқёси ҷумҳурӣ «Ҳафтаи китобхонӣ» ташкил гардида, саросари кишвари офтобии мо доман паҳн мекунад.
Дирӯз дар Хонаи фарҳанги ноҳияи Фориш дар доираи «Ҳафтаи китобхонӣ» чорабинии фарҳангӣ доир гардид, ки барои баргузории он ҳокимияти ноҳия ва Маркази ахбору китобхона саҳм гирифтанд. Ҳунарпешаи халқии ҷумҳурии Ӯзбекистон Гавҳар Зокирова, узви Иттифоқи нависандагон, нависанда Обиддин Маҳмудов,  доктори фалсафа оид ба улуми сиёсӣ Абулҳасан Нуримон Абдураҳим, шоира Сабина Бобомуродова ва дигарон ташриф оварда, ба гирдиҳамомадагон, ки асосан аз кормандони ҷодаи маънавияту маърифати мактабҳо ва хонандагони фаъолу эҷодкор иборат буданд, дар бораи аҳамияти китобу китобхонӣ ҳарф заданд. Дар ин чорабинӣ тарғиби китоби «Фарзанднома»  ва намоиши саҳнаҳои хурд аз рӯзгори шоиру  нависандагони маъруф Чӯлпон ва Ойбек низ сурат гирифт.
Дар мактабҳои вилоят намоиш ва савдои китобҳои  гуногуни бадеӣ созмон ёфт, ки идома дорад.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: