«ҲАФТАИ КУҲАНСОЛОН» – ДАР ӮЗБЕКИСТОН

Зоҳир гардидани эътибор ва эҳтироми алоҳида ба солхӯрдагон дар мо бештар ҳисшаванда аст.

 Аз ҷониби Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул шудани қарор «Дар бораи чораҳои боз ҳам баланд бардоштани мавқеи ҷамъиятӣ ва фаъолнокии иҷтимоии куҳансолон», айни замон аз воқеан мавриди таваҷҷӯҳ будани пиронсолон дарак медиҳад.
Чӣ тавре ки дар қарор таъкид шудааст, бо мақсади ҳифзи иҷтимоии шахсони куҳансол, пурзӯрсозии эътибору ғамхорӣ ба онҳо, беҳсозии шароити зисти солхӯрдагон, таъмин сохтани ҳаёти фаъол ва мазмунноки онҳо, истифодаи васеъ аз таҷрибаи бойи ҳаётӣ 1 октябр, ки бо резолютсияи Сарассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид аз 14 декабри соли 1990 «Рӯзи байналхалқии куҳансолон» эълон шудааст, дар Ӯзбекистон низ ҳар сол ин сана таҷлил ёфта ва акнун ҳафтаи аввали моҳи октябр дар мамлакати мо «Ҳафтаи куҳансолон» эълон мегардад.
Мувофиқи қарор аз фаъолияти вазоратҳо, идораҳо, мақомоти идоракунии хоҷагиҳо бар омада, яке аз ҷонишинҳои роҳбар дар асоси ҷамоатӣ оиди масъалаи куҳансолон шахси масъул муайян мегардад ва фаъолияти «Шӯрои собиқадорон»-ро ҳамоҳанг месозад. Собиқадороне, ки дар ҷамоатҳои меҳнатӣ солҳои дароз самаранок меҳнат карда, дар арафаи ба нафақа баромадан мебошанд, сазовор тақдиронида ва тадбирҳои ба нафақа гуселонидани онҳо ҷорӣ карда мешавад. Низоми намунавии гурӯҳҳои «Маслиҳати солхӯрдагон», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои куллан беҳсозии мавқеи институтҳои маҳалла оиди кор бо муаммоҳои аҳолӣ» аз 2 апрели соли 2019 ташкил ёфтааст, тасдиқ карда мешавад. Тартиби ташкил намудани фаъолияти «Маслиҳати солхӯрдагон», вазифаҳои асосии гурӯҳ, функсия ва ваколатҳои он муайян карда мешавад.
Гурӯҳ ба соҳибихтиёрии шахсони ҷисмонӣ асоснок шуда, мақомоти маслиҳатӣ-машваратии ҷамоатӣ ҳисоб меёбад.
Гурӯҳ оиди ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандон дар ҳузури шӯроҳои ҷумҳуриявӣ ва ҳудудӣ, инчунин дар тамоми ҷамъомадҳои шаҳрвандон ташкил карда мешавад. Гурӯҳи ҷумҳуриявӣ таҳти ҳамкорӣ бо шӯроҳои собиқадорон, ки дар назди вазорату идораҳо ташкил ёфтаанд, фаъолият пеш мебарад.
Қарорҳои гурӯҳ хусусиятҳои тавсиявиро моликанд. Низом, дигаргунӣ ва иловаҳое, ки ба он дохил карда мешаванд, бо қарори шӯроҳои ҷумҳуриявӣ, ҳудудӣ ва ҷамъомадҳои шаҳрвандон тасдиқ карда мешаванд. Гурӯҳ дар асоси тамоюлҳои ошкороӣ, ҳурмати байни якдигар, баробарҳуқуқӣ, соҳибихтиёрӣ ва ба инобат гирифтани фикри ҷамоат фаъолият пеш мебарад.

Ш. МУҲАММАД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: