ҲАФТАИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ – ҲОДИСАИ МУҲИМИ ТАЪРИХИИ КИШВАР

13 сентябр дар шаҳри Тошканд дар чаҳорчӯбаи Когресси V-и ҷомеаи ҷаҳонӣ маросими расмии “Ҳафтаи мероси фарҳангии Ӯзбекистон” баргузор гардид.

13 сентябр дар шаҳри Тошканд дар чаҳорчӯбаи Когресси V-и ҷомеаи ҷаҳонӣ маросими расмии “Ҳафтаи мероси фарҳангии Ӯзбекистон”  баргузор гардид.  Он “Мероси фарҳангии Ӯзбекистон – пойдевори эҳёи нав”  унвон гирифтааст. Муассисии онро Конгресси ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба омӯзиш, ҳифз ва оммавӣ намудани мероси фарҳангӣ ва Иттиҳодияи миллии воситаҳои ахбори оммавии электронии Ӯзбекистон бар дӯш доштанд. Ба ҳайси кӯмакгарони он ЮНЕСКО, Вазорати туризм ва варзиш, Вазорати фарҳанг, Ширкати нафтии «Eriell Group» муаррифӣ шуданд.
Дар кори конгресс аз 40 кишвари олам, мисли Русия, ИМА, Олмон, Италия, Маҷористон, Фаронса, Британияи Кабир, Туркия, Япония, Австрия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Юнон, Исроил, Ҳиндустон, Урдун, Эрон, Хитой, Лубнон, Муғулистон, Нидерландия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Украина, Полша олимон, пажӯҳишгарон, мутахассисони дастхатҳо ва нақшҳои миниатюрӣ ва коршиносони варзида иштирок карданд. 
Муовини аввали Раиси Сенати Олий Маҷлис Содиқ Сафоев гуфт, ки Президенти Ӯзбекистон борҳо дар бораи он ибрози ақидаронӣ кардааст, ки мероси фарҳангӣ ба ҳифзу нигаҳдорӣ куллан ниёзманд мебошад. Ба гуфтаи ӯ мамлакати мо барои бунёди давраи нави Эҳёи сеюм, Ӯзбекистони навин заминаи пуриқтидор, ғании фарҳангӣ ва таърихӣ дорад.
 — Ҳоло Ӯзбекистон сайъ дорад, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати ҳифзи мероси фарҳангӣ дар сафи пеш бошад. Мо сайъ ва кӯшиши худро бояд муттаҳид созем, муносибатҳои фаромиллиро рушду нумӯъ диҳем, уфуқҳои нав кушоем,  — изҳор намуд Содиқ Сафоев.
 — Мо ба наздикӣ 30-умин солгарди истиқлолияти кишварро таҷлил намудем. Ӯзбекистон ба давраи комилан навини рушд ворид мешавад. Бунёди динамикии Ӯзбекистони навин ва Эҳёи сеюм ҳоли ногузир мебошад. Омӯзиш, ҳифз ва оммавӣ гардонидани мероси фарҳангӣ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз натиҷаи фаъолияти пурсамари Ӯзбекистони навин аст. Қаламрави Ӯзбекистони ҳозира ҳам дар замонҳои қадим ва ҳам дар қарнҳои миёна гаҳвораи ду давраи бузурги эҳё буд, — гуфт муовини якуми раиси Палатаи қонунгузори Олий Маҷлис Акмал Саидов.
 Ин маънӣ зимни суханрониҳои як қатор меҳмонони хориҷӣ чӣ аз тариқи офлайн ва чӣ аз тариқи онлайн борҳо такрор шуд. Ба гуфтаи меҳмонон бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев имрӯз Ӯзбекистони нав ба таври шинохтанашаванда тағйир меёбад ва рушду нумӯъ менамояд. Олимону коршиносон мавқеи Президент Шавкат Мирзиёевро дар татбиқи ислоҳоти доманфарох ва васеъмиқёс хеле муҳим арзёбӣ карданд. Ба гуфтаи онҳо чунин ислоҳот дар соҳаи илму фарҳанг низ татбиқ мегардад ва баёнгари он аст, ки эҳёи маънавият ва маърифат дар ин сарзамин қарнҳои дароз боз идома карда меояд ва онро мардуми шарафманди Ӯзбекистон боз бо садоқату вафодорӣ идома медиҳанд. 
 Дар чаҳорчӯбаи ҳафтаи мероси фарҳангӣ кулолони номии Риштон, узви ҳақиқии Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон, ҷоизадори ЮНЕСКО Шарофиддин Юсупов, бародарон Алишер ва Бахтиёр Назировҳо дар тарафи толори Амир Темур намоишгоҳи маҳсулоти кулолгарии худро ташкил карданд. Дар растаи маҳсулоти кулолгарии ин намоишгоҳ тамоми зарфҳои барои зиндагии мардуми мо лозимаро пайдо кардан мумкин. Ҷилову дурахши зарфҳои сафолӣ чашми ҳар бинандаро мерабуд. 
— Имрӯзҳо дар шаҳри Тошканд иди ҳунару фарҳангу зебоӣ ҳукмфармост. Дар ин ид мо маҳсулоти ҳунармандии худро ба маърази тамошо гузоштем. Нисбати маҳсулоти кулолгарӣ дар саросари олам эҳтиёҷ беш аз пеш меафзояд. Мо аз тариқи шартнома бо соҳибкорони мамолики дигар ҳамкорӣ мекунем. Дар айни ҳол низ якчанд нафар меҳмонони хориҷӣ ба маҳсулоти мо таваҷҷӯҳ намуданд, — мегӯяд Шарофиддин Юсупов.
 Дар як тарафи толор якчанд макетро рӯи мизҳои калон чида буданд, ки ёдгориҳои беназири таърихии Ӯзбекистонро хеле бо диди баланд акс менамуданд. Регистони Самарқанд, Арки амири Бухоро, Манораи калон, маҷмӯи Лаби ҳавз ва чандин ёдгориҳои дигарро иштирокчиёни ҳафтаи мероси фарҳангии Ӯзбекистон бо мароқи том тамошо мекарданд ва аз рӯи он акс мебардоштанд.
 Вақте ки иштирокчиёни анҷуман китоби “Қуръон”-и зарҳалкоришударо дидаанд, бемуҳобот, аксарият ангушти ҳайрат газиданд. Хайрулло Солеҳов, ки аз хаттотони моҳиру шинохтаи кишвари мо маҳсуб меёбад, китоби “Қуръони азимушшаън”-ро бо хатҳои зарин дар варақҳои калон китобат карда буд.
Вақте ки Хайрулло Солеҳовро ба суҳбат кашидам, вай гуфт, ки ҳифз намудан ва оммавӣ гардонидани мероси маънавию фарҳангии мо бояд маҳз аз ҳамин китоб шурӯъ шавад. Ин каломи Худованди бузургу яктост. Бо инояти Вай ман бо писарони худ ба хаттотии он шурӯъ кардем ва шабу рӯз заҳмат кашидем. Онро дар муддати бештар аз дуним сол ба анҷом расонидем. Пӯшида нест, ки як замон китоби “Қуръон”-ро одамони бедину шаккок месӯхтанду нобуд мекарданд, аммо раъйи мардуми мусалмонро ягон нерӯ аз ҳифзу қироати ин китоби Илоҳӣ боздошта натавонист. Ҳоло дар шаҳри Тошканд ба чунин андоза китоби “Қуръон” таҳти ҳифзу нигаҳдорӣ қарор дорад. Аз рӯи андозаи ҳамон китоб “Қуръон”-ро бо хати зар кӯчонием ва он нусхаи ҳамон китоби “Қуръон”-и ҳифзшуда мебошад.
 — Мардуми Осиёи Марказӣ дастаҷамъона каломи Аллоҳро ҳифз карда меоянд. Ба шарофати шахсиятҳои таърихӣ чунин корҳои хайру савоб имрӯз дар мамлакатамон беш аз пеш авҷ гирифтааст. Мо низ дар таърихи Ӯзбекистони навин ба таври нав ба ин кор камари ҳиммат бастем ва ба анҷом додани он муваффақ шудем. Тасаввур кунед, ки баргузории анҷумани ҳафтаи мероси фарҳангӣ низ бо ташаббуси сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев роҳандозӣ шудааст. Мо бояд бештар ба чунин корҳои нек даст занем ва мероси гаронбаҳои худро ҳифз намоем ва барои наслҳои наврас онро бекаму кӯст расонем, — тазаккур дод Хайрулло Солеҳов.  
 Ҳодисаи дигаре, ки дар Конгресси панҷуми ҷомеаи ҷаҳонӣ мӯъҷиби таваҷҷӯҳ гардид, хитобаи онлайнии директори генералии Эрмитажи давлатии Русия, воқеъ дар Санкт-Петербург Михаил Пиотровский буд. Вай ба иштирокчиёни Конгресс иброз намуд, ки осорхонаи онҳо бо осорхонаҳои зиёди Ӯзбекистон ҳамкорӣ мекунад. Ин ҳамкорӣ дар соҳаи илму фарҳанг имрӯз низ муваффақона идома дорад. Михаил Пиотровский ибрози умедворӣ кард, ки ҳамкориҳои миёни Эрмитаж ва осорхонаҳои Ӯзбекистон минбаъд низ идома пайдо хоҳанд кард, зеро ба ин васила онҳо имкон пайдо мекунанд, ки дар ҳифзу нигаҳдории мероси ғановатманди мардуми ду кишвар саҳми арзанда гузоранд.
 — Ман аз ҳузури худ дар ин анҷумани бошукӯҳ хеле шоду сарфарозам. Зеро имрӯз Ӯзбекистони навин бо суръат пеш меравад ва тараққӣ мекунад. Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон аз ҳар нигоҳ пешсафиро ба даст овардааст. Мо, мардуми Тоҷикистон, аз ин дастовардҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти сарварии мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев шоду мамнун ҳастем. Тибқи анъанаҳо ҳамсоя бояд аз пешрафтҳои ҳамсояи худ хурсанд шавад, — мегӯяд доктори илмҳои филологӣ, профессор Бадриддин Мақсудов.
Тавре ки мавсуф тазаккур дод, як гурӯҳ олимону синамогарони тоҷик дар масъалаи ба навор бардоштани филми муштараки ҳунарӣ, ки дар меҳвари худ меҳру муҳаббат ва садоқати устоду шогирд  — Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоиро қарор хоҳад дод, ба шаҳри Тошканд омадаанд. Ба гуфтаи Бадридин Мақсудов ҳифзи мероси фарҳангӣ ба он далел аҳамияти калонро касб хоҳад кард, ки барои он гузаштагон заҳматҳои зиёд кашидаанд. 
 Ёдовар мешавем, ки сарвари давлат зимни Муроҷиат ба Олий Маҷлис чунин гуфта буд: “Дурдонаҳои таърихи бой — мероси фарҳангиамонро бояд ҳифз кунем ва барои наслҳои наврас ба ёдгор гузорем. Дар айни ҳол шумораи мероси фарҳангиамон аз 7 ҳазор бештарро ташкил медиҳад”.
Дар муроҷиатномае, ки иштирокчиёни анҷумани Тошканд ба Шавкат Мирзиёев ироа намуданд, аз ҷумла омадааст, ки барпо намудани шароит барои Эҳёи сеюм дар Ӯзбекистон бар асоси сиёсати фарҳангӣ сурат мегирад. Маҳз фарҳанг асоси эҳёи кишвар, болоравии маънавиёти ҷомеа, тарбияи ватандӯстии мардум, хосатан насли ҷавон мебошад.
 Директори шӯрои меъмории шаҳри Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб Эиза Юсиф мӯътақид аст, ки падидаҳои Ӯзбекистони навин мӯъҷиби таваҷҷӯҳи хос мебошанд. Вай мегӯяд, барои чунин саъю кӯшиши беҳамто, ки дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ бо мардуми олам анҷом дода мешаванд, ба ҷаноби Шавкат Мирзиёев арзи сипосу минатдорӣ баён мекунад. 
 Конгресси панҷуми байналмилалии ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҳимояти ЮНЕСКО форуми “Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тамаддуни ҷаҳонӣ”-ро   дар шаҳри Хива баргузор мекунад ва он ду рӯз давом хоҳад кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: