«ҲАФТАИ САЙЁҲӢ-ЗИЁРАТИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ» ДАР БУХОРО ХОТИРМОН ГУЗАШТ

  • «ҲАФТАИ САЙЁҲӢ-ЗИЁРАТИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ» ДАР БУХОРО ХОТИРМОН ГУЗАШТ
  • «ҲАФТАИ САЙЁҲӢ-ЗИЁРАТИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ» ДАР БУХОРО ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Маълум аст, ки дар мамлакатамон «Ҳафтаи сайёҳӣ-зиёратии байналхалқӣ» ба амал омад.

Дар он намояндагони ташкилоти соҳаи сайёҳию динии ватанию хориҷӣ, сохторҳои бонуфузи байналхалқӣ иштирок карданд. 

Дар Бухоро низ дар доираи ҳафтаи сайёҳ-зиёратии байналхалқӣ силсилаи тадбирҳо баргузор гардиданд. Аз ҷумла, дар маҷмаи «Баҳоуддин Нақшбанд» конференсияи «Мероси исломии Ӯзбекистон» баргузор гашт.
Ҳокими вилоят Б. Зарифов иштироккунандагони тадбирро муборакбод намуд ва дар бораи корҳое, ки бо ташаббуси сарвари давлат бобати рушд додани сайёҳии зиёратӣ дар вилоят ба амал меоянд, ҳарф зад.Таъкид шуд, ки Абуҳафси Кабири Бухороӣ, Абуҳафси Сағири Бухороӣ, Абубакри Калободӣ, Мустамлии Бухороӣ, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Бурҳониддини Марғинонӣ, Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувонӣ, Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд барин алломаҳои диёрамон нафақат баҳри тарғиби арзишҳои исломӣ ва  маънавияти инсонӣ хидматҳои арзанда кардаанд, балки онҳо таълимоти исломиро ба сатҳи  илми бузург, маданият ва тамаддун бардоштаанд. Ин ганҷинаи бузурги маънавияти инсонӣ имрӯз низ барои тарбияи мо мақоми ибратбахш дорад. Бо ифтихор гуфтан мумкин аст, ки алломаи бузург Абуҳафси Кабири Бухороӣ 200 сол муқаддам аз мадрасаи «Низомия»-и Бағдод, яъне  соли  810 дар Бухоро ба мадрасаҳо — дорулфунунҳо асос гузошта буд. Ба туфайли хидматҳои вай дар давраи Эҳёи якум Бухоро сазовори унвони шарафноки «Қуббат-ул ислом», яъне «Гунбади дини ислом» гардида буд. Шогирди машҳури ӯ муҳаддиси бузург Имом Бухорӣ бо китоби худ «Саҳеҳи Бухорӣ» шуҳрати ҷаҳонӣ ёфт. Бо мақсади дастраси умум гардондан, ба авлоди оянда мерос гузоштани ин ганҷинаи гаронбаҳо бо ташаббуси сарвари давлат солҳои охир бисёр чораю тадбирҳо андешида шуданд. Ҳоло сайёҳӣ ба соҳаи стратегияи иқтисодии мамлакат табдил ёфтааст. Хусусан, Бухоро дар ин бобат мақоми махсус дорад. Аз ин рӯ, баҳри рушдёбии сайёҳӣ дар ин ҷо чорабиниҳои зарурӣ дида шуданд. То 1 октябри соли равон 2,2 миллион нафар сайёҳон ба диёрамон ташриф оварданд, ки ин нисбати соли гузашта се баробар зиёд аст.
Гуфтан ҷоиз аст, ки 21—23 феврали соли 2019 дар шаҳри Бухоро «Форуми сайёҳии зиёратии байналмилалӣ» баргузор гардид. Ин тадбир аз ҷониби экспертҳои байналхалқӣ ва ташкилоти UNWTO  ва ISESCO баҳои баланд гирифт. Минбаъд барои сайёҳон имкониятҳои қулай фароҳам оварда шуд. Дар натиҷа Ӯзбекистон дар ҳисоботи GMTI агар дар соли 2017 сазовори ҷойи 32 гашта бошад, соли 2022 ба ҷойи 9-ум баромад. Соли 2020 Бухорои шариф соҳиби унвони «Пойтахти маданияти ислом» гардид. Маркази таърихии шаҳри Бухоро ва 280 объекти мероси мадании он ҳамчун шомили рӯйихати Мероси мадании ҷаҳонии ЮНЕСКО ба муҳофизат гирифта шудааст.
Дар конференсия сардори Маркази рушди исломии Малайзия Муҳиддин Наҳиб Ҳасан, муовини раиси Идораи мусулмонони Ӯзбекистон Ҳомидҷон Ишматбеков, раиси Иттиҳоди мусулмонҳои Кореяи Ҷанубӣ Ким Дёнг Ёнг, ректори ДДБ Обидҷон Ҳамидов ва дигарон низ ба сухан баромаданд. Дар охири конференсия байни ҳокимияти вилояти Бухоро ва Маркази сайёҳии исломӣ (ITC), Вазорати сайёҳӣ, санъат ва маданияти Малайзия, Маркази сӯфиёни ҷаҳон (WSC), Шӯрои назорати  Институти байналхалқии дипломатияи Аморати Муттаҳидаи Араб, инчунин бо нависандаи ин мамлакат Носир Даҳерӣ оиди мустаҳкам намудани робитаҳои ҳамкории стратегӣ меморандумҳо таҳия шуданд.
Дар шафати маҷмаи Пойи Калони Бухоро дар доираи «Ҳафтаи сайёҳӣзиёратии байналхалқӣ» Маркази омӯзиши забони арабӣ ва санъати хаттотии ислом «Ал-Манар» низ кушода шуд. Дар тадбир дар бораи намояндагони барҷастаи мактаби хаттотии Бухоро, ки дар асри ХVI созмон ёфтааст, Миралии Ҳиравӣ, Мирубайди Бухороӣ, Мирҳусайни Кӯланкии Бухороӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон сухан рафт. Дар ин ҷо намоиши «Наққошии исломӣ ва хаттотӣ» низ сурат гирифт ва беш аз 50 намуди қадимии Қуръони карим диққати бинандагонро сӯйи худ кашид.
– Дар диёрамон ёдгории таърихие нест, ки дар он намунаҳои санъати хаттотӣ набошад, – мегӯяд ходими калони илмии Институти шарқшиносии ба номи А. Берунӣ, доктори фалсафа оид ба илми таърих, матншинос Комилҷон Раҳимов. –  Масалан, дар пойдевори «Чорманор» шеъри ба Бухоро бахшидаи Абдураҳмони Ҷомӣ оварда шудааст. 
Мегӯянд, ки ҳукмдори Бухоро Абдулазиз Муҳаммадхон (1645-1681) девони Ҳофизи Шерозиро, ки аз ҷониби хаттот Ҳоҷӣ Ёдгор нусхабардорӣ гаштааст, ба шоҳи Эрон Сулаймон Сафӣ чун туҳфа мефиристад. Шоҳи Эрон туҳфаро ба даст гирифта, «Ин хазина баробари туҳфа кардани чанд мамлакат аст» гуфтааст.  Дар «Мономарказ»-и шаҳри Бухоро «Форуми хатмкунандагони мадрасаи Мири Араб» баргузор гардид. Меҳмонон бо таърих ва фаъолияти имрӯзаи омӯзишгоҳ шинос шуданд. Шогирди собиқи ин мадраса, раиси Идораи мусулмонҳои Озарбойҷон Шайх-ул-ислом Оллоҳшукур Пошшозода ба мудири омӯзишгоҳи миёнаи махсус Ҷалолуддин Сабуров туҳфаи хотиравии худро супурд. Иштироккунандагони тадбир ба Маркази ҳунармандии «Баҳоуддин Нақшбанд»-и Акмал Муҳиддинов низ рафтанд. Онҳо бо нигористон, устохонаи кандакории чӯб, санъати кашидадӯзӣ барин равияҳои ҳунармандӣ шинос шуданд. Инчунин онҳо дар дарсҳои маҳорати пазандагони бухороӣ: «Оши софӣ», «Санбӯсаи сабз», «Кулчаи танӯрӣ» иштирок карданд.
Ҳамин тариқ, меҳмонони «Ҳафта», ки бештар аз даҳ мамлакати дунё ташриф овардаанд, бо ҷойҳои таърихӣ ва ҷолиби диққати шаҳри шариф шинос шуда, бо як олам таассурот баргаштанд.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: