ҲАФТАВОРИ КИТОБ БА ИДИ КИТОБХОНҲО ТАБДИЛ ЁФТ

Дар мамлакатамон Ҳафтавори китоб, ки аз ҷониби Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат мегирад, идома дорад.

Дар мамлакатамон Ҳафтавори китоб, ки аз ҷониби Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат мегирад, идома дорад.
Дар вилояти Ҷиззах таҳти шиори «Китоб – баҳри дониш» чунин ҳафтавор баргузор мегардад.
«Ҳафтавори китоб», ки дар доираи панҷ ташаббуси муҳим ба тарғиби китобхонӣ нигаронида шудааст, таҳти сарпарастии ҳокимияти вилоят ва маркази ахбор-китобхонаи ба номи Шароф Рашидов бо иштироки фаъолонаи шуъбаҳои маданият ва таълими халқ, идораҳои ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ, муассисаҳои таълими олӣ, шуъбаи вилоятии Иттиҳоди нависандагон ва ташкилотҳои дигар пурмазмун мегузарад.
Дар доираи ҳафтавор шоиру нависандагон, олимони адабиётшинос, санъаткорон, ки аз пойтахт омадаанд, иштирок мекунанд. Таҳти шиори «Ӯзбекистон – диёри китобхонҳо» дар маркази ахбор-китобхонаи вилояти Сурхондарё ба номи Собир Тирмизӣ низ ҳафтавори китоб доир мегардад. Иштирокдорон ба шароите, ки дар ин ҷо барои китобхонҳо офарида шудаанд, аз наздик шинос мешаванд.
Дар давоми ҳафтавор гузаронидани вохӯриҳои эҷодӣ, суҳбатҳои давра, тақдимоти китобҳо ва маҳфилҳои шеърхонӣ ба нақша даромадааст.
Суратгирҳо: Ҷ. ҚӮЗИМУРОДОВ, Т. БЕКНАЗАРОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: