ҲАФТАВОРИ ҚАБУЛИ ОММАВӢ ДАР ПОЙТАХТ

Ба шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки аз рӯйи ин ё он масъала муроҷиат карданианд, дари қабулхонаҳои халқӣ ҳамеша боз аст.

Ба шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки аз рӯйи ин ё он масъала муроҷиат карданианд, дари қабулхонаҳои халқӣ ҳамеша боз аст. Масалан, Қабулхонаи Президент нафақат дар Тошканд, балки дар ҳамаи вилоятҳои ҷумҳурӣ муроҷиатҳоро дар шаклҳои гуногун қабул ва дар муҳлате, ки қонунгузорӣ муайян кардааст, ба онҳо ҷавоб мегардонад.

Дар бораи манзили тамоми Қабулхонаҳои халқӣ, рақамҳои телефон, почтаи электронӣ, маълумотҳои геолокатсионӣ ва фаъолияти онҳо маълумотҳои заруриро бе душворӣ пайдо кардан мумкин. Ҷуз ин идораҳои болоӣ вазифадор карда шудаанд афтодани аризаҳоро мунтазир нашуда, дар ҷойҳо, хусусан, гӯшаҳои дурдаст қабулҳои сайёр ташкил намоянд. Хона ба хона даромада, шунидани арзу ниёзи мардум, ҳарҷониба омӯхтани мушкилоти аҳолӣ, расонидани кӯмаки саривақтӣ, баробари ин, додани маслиҳатҳои холис ба онҳое, ки ба раҳнамову маслиҳатгар ниёз доранд, вақтҳои охир расм шудааст. Ин ҳама нишонаест аз ба халқ хидмат намудани идораҳои масъул, тантанаи адолат, раъиятпарварии давлат ва ҳукумат. Бо мазмуни тоза пайдо кардани муносибат ба муроҷиатҳо шаҳрвандоне, ки як вақтҳо дучори ноадолатӣ шуда буданд, манфиат ва ҳуқуқҳояшонро барқарор месозанд. 
Дар рӯзҳои мо навъҳои тозаи ҳалли мушкилоти аҳолӣ тавассути қабул ва гӯш кардани муроҷиатҳо дар ҳаёт татбиқ мегардад. Мисолан, ҳафтавори қабулҳои оммавӣ. Чунин чорабинӣ охирин ҳафтаи моҳи ноябр дар Тошканд сурат гирифт. Дар доираи он роҳбарияти идораҳои болоӣ ба муроҷиаткунандагон рӯбарӯ мулоқот намуда ва бо шунидани арзу ниёзҳо аз пайи ҳалли масъалаҳое шуданд, ки онҳоро азият медод. Масъулон ва роҳбарони шуъбаҳои ҷудогонаи қабулхонаҳои халқӣ, Суди олӣ, Сарпрокуратура, вазоратҳои корҳои дохилӣ, дифоъ ва адлия, Департаменти мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодии назди Сарпрокуратура, Бюрои иҷрои маҷбурӣ, Агентии мубориза алайҳи коррупсия тӯли як ҳафта муроҷиатҳоро омӯхтанд ва қисме аз масъалаҳоеро, ки муддатҳо инҷониб баррасӣ намешуданд, дар ҷойи худ ҳал карданд.
Яке аз муроҷиаткунандагон Мирғанӣ Акбаров гуфт, ҳамчун ҳуқуқшинос солҳои зиёд дар Институти молия адои вазифа намуд, вале бинобар рост наомадани сояаш ба баъзе роҳбарон ӯро ноҳақ аз кор пеш карданд. Прокуратураи шаҳри Тошканд шикоятро оҷилӣ омӯхт. Исбот шуд, ки М.Акбаров воқеан ғайриқонунӣ аз вазифа сабукдӯш гардонда шудааст. Ба муроҷиаткунанда айни замон, маълум сохтанд нисбати онҳое, ки дар паси ин кор буданд, парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.
Фирӯз Ҳамроев аз соли 2014 дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ воқеъ дар вилояти Қашқадарё хидмат карда меояд. Падари ӯ Ӯктам дар муроҷиати худ бинобар дурии роҳ нороҳатии аҳли хонадони худро, ки дар Бекобод умр ба сар мебаранд, маълум намуд. Илтимос кард писараш ба яке аз қисмҳое, ки ба зодгоҳаш наздиктар аст, кӯчонда шавад. Муроҷиати Ӯ.Ҳамроев қонеъ гардонида ва ба вай маълум сохтанд Ф.Ҳамроев минбаъд дар яке аз қисмҳои ҳарбии воқеъ дар вилояти Тошканд хидматро давом хоҳад дод.
Истиқоматкунандаи шаҳри Чирчиқ Шаҳноза Қулфиддинова соли 2014 ба мусибат дучор ва шавҳараш Шерзод Умуров, ки рутбаи майорӣ дошт, аснои ба иҷро расондани вазифа ҳалок шудааст. Вай аз масъулони Вазорати дифоъ хоҳиш кард барои ба хидмати муддатноки ҳарбӣ фиристода шудани писараш Рустам, ки 17-сола шудааст, кӯмак расонанд. Муроҷиаткунандаро дилпур сохтанд, ки хоҳишаш, албатта, қонеъ гардонида мешавад.
Табиист, ки омӯхтани як навъ муроҷиатҳо вақт талаб мекунад. Назар ба таъкиди Улуғбек Иброҳимов (аз шаҳри Тошканд) роҳбарияти шуъбаи корҳои дохилӣ ӯро, ки як вақтҳо дар ҳамин сохтор кор мекард, ноҳақ сабукдӯш сохтааст. Идораи корҳои дохилии шаҳри Тошканд муроҷиатро таҳти назорат гирифт. Муроҷиати сокини пойтахт Темур Муродов низ дар ҳамин мазмун: вай чанд сол дар яке аз корхонаҳои сохтмон кор кардааст. Вале назар ба гуфти худаш, ғайриқонунӣ аз кор рондаанд. Барои омӯзиш ва ҳалли ин муроҷиат 5 рӯз муддат муайян карда шуд.
Соҳибкор Гулсара Умирова аз он норозист, корхонаи сохтмоние, ки роҳбарӣ мекунад, дар яке аз объектҳо воқеъ дар ноҳияи Мирободи пойтахт 130 миллион сӯмина корҳои сохтмонӣ-таъмириро ба иҷро расонда, вале ҳаққи коргаронашро рӯёнда наметавонад. Масъулони бюрои Иҷрои маҷбурӣ ваъда доданд, ин масъала ба зудӣ ҳаллу фасл мегардад.
Умуман, тӯли ҳафтаи қабули оммавӣ арзу доди ҷамъ 414 нафар муроҷиаткунанда шунида ва 431 масъала дида баромада шуд. Аз он 86 муроҷиат дар ҷои худ ҳал гардид. Оиди 95 муроҷиат маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуд. 250 муроҷиат бошад, бо аниқ гардонидани муддат ва масъулҳо ба назорат гирифта шуд.
Ҳафтавор нишон дод ариза ва шикоятҳои шаҳрвандон асосан ба идораҳои ҳифзи ҳуқуқ нигаронида шудаанд (ба Суди олӣ – 137-то, Сарпрокуратура – 9, Вазорати корҳои дохилӣ – 56). Ин фактор, айни замон, далел бар он ки «пасту боло»-шавии паллаҳои мизони адолат низ маҳз дар идораҳои ҳифзи ҳуқуқ зиёдтар ба назар расидааст.
М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: