Ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар конфронси байналмилалии парлумонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат дорад

Рӯзҳои 10-11 октябри соли равон дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии байнипарламентӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Ин конфронси байналмилалӣ ба густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳову муколамаи байнипарлумонӣ нигаронида шудааст.

Мақсади конфронс гузаронидани таҳлили муқоисавии таҷрибаи миллӣ ва байналмилалӣ дар самти татбиқи ислоҳоти конститутсионӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.

Ҳамзамон, муайян намудани хусусияти равандҳои глобалии рушди конститутсионии миллӣ ва ҷаҳонӣ ва омӯхтани таҷрибаи байналмилалии тарғиби арзишҳои конститутсионӣ дар ҷомеа пешбинӣ шудааст.

Пас аз анҷоми қисми ифтитоҳӣ кори Конфронси байналмилалии байнипарламентӣ таҳти унвони «30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар чор бахши алоҳида идома дода шуд.

Дар ин бахшҳо аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони ҳайатҳои парламентӣ, мақомоти судӣ, ҳокимияти иҷроияи марказӣ, муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ доир ба нақш ва аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи рушди босуботи давлатдории миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои занон дар ҷомеа ва аҳамияти Конститутсия дар рушду такомули ҷавонони мамлакати соҳибистиқлол маъруза ва табодули афкор намуданд.

Дар кори конфронси байналмилалӣ роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия ва Туркманистон иштирок намуданд.

Дар ҳошияи конфронс мулоқоти бисёрҷонибаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарони порлумон баргузор шуд.

Дар ин мулоқот раиси Сенат Танзила Норбоева қайд кард, ки равобити дӯстона миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон вусъат ёфта, аз ҷумла ҳамкориҳои байнипарлумонӣ боз ҳам рушд мекунад, хабар медиҳад Хидмати матбуоти Сенати Олӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: