ҲАЙАТИ КУРИЁИ ҶАНУБӢ ДАР ВИЛОЯТИ СИРДАРЁ

Дар минтақаи иқтисодии озоди вилояти Сирдарё созмони комплекси серсоҳаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки сохтани онро ширкати «NCGINEERING CO LTD» ба ӯҳда гирифтааст.

Бунёд намудани корхонаи истеҳсоли доруву дармон ва асбобҳои замонавии тиббӣ қисми таркибии корхонаро ташкил мекунад.
Ба ҳамин муносибат 15 ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи ҳокимияти вилояти Сирдарё вохӯрӣ бо ҳайати Куриёи Ҷанубӣ баргузор гардид, ки ба он президенти ширкати «Энсижи  Инжиниринг» Жанг Ил Квэон ва роҳбари ширкати «Корея Хелал Асосейшн» Чунг Йихо сарвар буданд. Дар ҷамъомад инчунин, вакилони ҳокимият, роҳбарони садоратҳои дахлдор ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок доштанд.
Ҷамъомадро ҷонишини аввали ҳокими вилоят Отабек Абдуғаниев бо шиноскунии меҳмонон ва сухани муқаддимавӣ кушод. Сипас, президенти ширкати «Энсижи Инжиниринг» Жанг Ил Квэон меҳмононро муаррифӣ намуд. Роҳбари ширкати «Корея Хелал Асосейшн» Чунг Йихо дар баромади худ аз хусуси асбобҳои тиббии замонавӣ, ки барои табобати касалии саратон пешбинӣ шудааст ва бартарии он аз дигар воситаҳо маълумоти муфассал дод. Дар охири вохӯрӣ меҳмонон ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавоб доданд.                                  Пас аз вохӯрӣ ҳайат ба Маркази онкологии вилоят ташриф фармуданд. Дар ин ҷо онҳо муддати се рӯз бо муолиҷаи беморон машғул мешаванд, бо мутахассисони соҳаи онкология  семинарҳои хониш мегузаронанд.        
Тӯхтамиши БОҚӢ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: