Ҳайати мушоҳидони ИДМ: ИНТИХОБОТ КУЛЛАН МУВОФИҚИ РАВАНДҲОИ АЗ ҶОНИБИ УМУМ ЭЪТИРОФШУДА ГУЗАШТ

25 октябр дар маркази матбуоти Комиссияи марказии интихоботӣ (КМИ) бо иштироки ҳайати Ассамблеяи байнипорлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва мушоҳидон аз кишварҳои ИДМ нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

25 октябр дар маркази матбуоти Комиссияи марказии интихоботӣ (КМИ) бо иштироки ҳайати Ассамблеяи байнипорлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва мушоҳидон аз кишварҳои ИДМ нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Бинобар суханони роҳбари ҳайати мушоҳидони ИДМ Сергей Лебедев интихобот куллан мувофиқи Сарқонун ва Кодекси интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузашт. Рақобатнокӣ, рӯшодӣ ва шаффофияти ин воқеаи муҳими сиёсӣ, ҳамчунин мувофиқати он ба равандҳои интихоботи демократии аз ҷониби умум эътирофшуда махсус таъкид гардид.
Тавре ки қайд шуд, пас аз як рӯзи ба даст овардани даъват барои назорати интихобот дар Ӯзбекистон аъзои ҳайат мушоҳидаро бинобар ҷараёнҳои интихоботии мамлакат аз тариқи Интернет ва расонаҳои ахбори оммавӣ оғоз намуданд. Аъзои ҳайати мушоҳидони ИДМ ба тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафтанд ва бидуни шубҳа, ба хулосае расиданд, ки ҷараёни интихобот куллан ба меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқат карданд. Қитъаҳои интихоботӣ бо тамоми маводи иттилоотӣ, маълумот дар бораи номзадҳо таъмин буданд. Ин барои интихобкунандагон имкониятҳои иловагӣ фароҳам овард.
Паёмнигорон гаштаву баргашта фарқияти интихоботи имсоларо аз интихоботҳои пешина пурсон шуданд. Интихоботи ҳолоинаи президентӣ дар пояи Кодекси нави интихоботӣ гузашт, ки дар он як қатор дигаргуниҳо ворид шудаанд. Боз як навгонии муҳимро бояд қайд кард, руйхати дақиқи электронии интихобкунандагон таҳия гардид. 
Дар интихоботи гузаштаи нафақат Ӯзбекистон, балки кишварҳои дигар низ ба интихобкунандагон муайян кардани қитъаҳои интихоботӣ ва ҷойи он душвориҳои зиёд фароҳам меоварданд. Чунин камбудиҳо дар интихоботи кунунӣ аз байн бардошта шуданд. Ҳар як интихобкунанда ба қитъаи дахлдори интихоботӣ вобаста карда шуд. Дар ин маврид ҷиҳатҳои техникӣ низ сазовори эътибори махсус мебошанд, – гуфта мешавад дар хабар.

Нурулло НАСРИЕВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: