Ҳайати парлумонии кишвари мо таҳти сарварии муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.
Ҳайати парлумонии кишвари мо таҳти сарварии муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.
Ин сафар тибқи созишномаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ки моҳи октябри соли 2019 дар Тошканд байни Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, ташкил карда шудааст.
Дар доираи сафар 21 сентябр мулоқоти кории гурӯҳҳои ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ қайд карда шуд, ки ба туфайли иродаи сиёсӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои дӯстонаи байни кишварҳои мо ба сатҳи сифатан нав — сатҳи шарикии стратегӣ расиданд.
Халқҳои ӯзбек ва тоҷикро риштаҳои анъанавии дӯстӣ ва ҳамсоягии нек, дин ва фарҳанг, асосҳои маънавият ба ҳам мепайвандад. Имрӯзҳо муносибатҳои дӯстонаи мутақобила на танҳо дар сатҳи сарони давлатҳо, балки дар тамоми самтҳои шарикии дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бо суръати тез рушд мекунанд.
Роҳбари ҳайати парлумони Ӯзбекистон қайд кард, ки кишварҳои мо ба сатҳи нави рушд расиданд, барои густариши босуръати муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягӣ шароити оптималӣ мавҷуданд. Ҷанбаҳои асосии ин марҳила бо ҳуҷҷатҳои барномавии стратегӣ, ки сарони давлатҳои мо қабул кардаанд, муайян карда мешаванд.
Аз ҷумла, дар Стратегияи рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 оид ба таъмини ҷой гирифтани кишварҳои мо аз сафи давлатҳои рушдёбандаи ҷаҳон вазифаҳо муайян шудаанд. Ин стратегияҳо бо назардошти хусусиятҳои миллӣ аз зарурати ноил шудан ба ҳадафҳо дар асоси рушди устувор ва самарабахши иқтисоди инноватсионӣ сарчашма мегиранд. Ҳамзамон, дар ҳуҷҷатҳои барномавии стратегии мамлакати мо чунин ҳадафҳои афзалиятнок, аз қабили таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, ба минтақае табдил додани Осиёи Марказӣ, ки бехатарӣ, субот ва ҳамсоягии нек ҳукум мефармоянд, инъикос ёфтаанд.
Тавре ки дар ҷамъомад таъкид гардид, кишварҳои мо ҳоло бо роҳи устувори рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии халқҳоямон, таъмини кафолатҳои боэътимоди ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон пайваста пеш мераванд.
Дар мулоқот самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд. Оид ба қабули «харитаи роҳ» мубодилаи афкор сурат гирифт, ки масъалаҳои ташкили гурӯҳи муштараки коршиносон, ҳамоҳангсозии мутақобилаи омӯзиши парлумонӣ ва омӯзиши мушкилоти қонунгузориро пешбинӣ мекунад.
ӮзА.