Ҳайати саноати дорусозии Полша дар Ӯзбекистон қарор дорад

24-25 июл ҳайати вакилони Иттиҳодияи саноати фарматсевтии Полша бо сардории президент Кшиштоф Копетс дар Ӯзбекистон қарор дорад.

Ба ҳайат намояндагони ширкатҳои бонуфузи фармасевтии Polpharma Group» ва «Адамед» шомил буданд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

Дар ҷараёни сафар ҳайат бо роҳбарии Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдо, Агентии рушди шабакаи дорухонаҳо, Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази бехатарии маҳсулоти дорусозӣ» ва кластери «Ташкент Фарма Парк» мулоқотҳо баргузор мекунад.

Дар рафти мулоқот имконияти татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти дорусозӣ дар Ӯзбекистон якҷоя бо "Polpharma Group" ва «Адамед», инчунин масъалаи дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифтани дорувории дар Полша истеҳсолшуда баррасӣ мешаванд.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: