ҲАЙАТИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР АНҶУМАНИ СУЛҲИ ПАРИЖ ИШТИРОК КАРД

Ҳайат бо сарварии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Дилшод Аҳатов ба Фаронса сафар кард.

Дар доираи сафар намояндагони Ӯзбекистон дар Анҷумани сулҳи Париж иштирок карданд. Ин чорабинӣ ба фароҳам овардани соҳати мустаҳкам барои баррасии мушкилоти мураккаби ҷаҳонӣ ва ҳифзи равандҳои бисёрҷанбагӣ нигаронда шудааст. Дар анҷуман беш аз 6 ҳазор вакилони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллӣ, аз ҷумла 27 нафар сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, президентҳои Латвия, Мали, Сербия, Тоҷикистон, Эстония, сарвазирони кишварҳои Австрия, Андорра, Белгия, Тунис, вазирони корҳои хориҷии Олмон, Ҳиндустон, Нидерландия, Русия, Шведсия, ҳамчунин роҳбарони ташкилотҳои СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, КБСС, СБМ, СУС ва БРТЕ ҷамъ омаданд.
Президенти Фаронса Э. Макрон дар баромади худ таъкид сохт, ки Анҷумани сулҳи Париж бар муқобили хурӯҷҳои мураккабу мунтазам дар роҳи ташаккул додани тартиби кунунии байналхалқӣ ва пешбурди ҷаҳони гуногунранг нақши сафарбариро иҷро мекунад. 
Сарвари Фаронса таҷрибаи бомуваффақияти рушди ҳамкориҳои  тарафайнро дар як қатор минтақаҳои Осиё, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ хотиррасон кард. 
Дар доираи анҷуман маросими барои бунёди китобхонаи «Ла-Вилетт», ки дар назди Анҷумани Париж таъсис меёбад, аз ҷониби сарони ҳайатҳо додани китоб дар мавзӯи саъю кӯшишҳои кишварҳои иштирокдор дар истиқрори сулҳ баргузор шуд. Ҳайати Ӯзбекистон маҷмӯаи «Барои сулҳ, эътидол ва пешрафт», ки ба натиҷаҳои Конфронси байналхалқии дараҷаи олӣ оид ба Афғонистон, ки моҳи марти соли 2018-ум дар Тошканд баргузор шуд, бахшида шудааст, пешниҳод кард.
Аъзои ҳайати Ӯзбекистон ҳамчунин бо сенатори Фаронса, раиси гурӯҳи байнипарлумонии «Фаронса-Осиёи Марказӣ»-и Сенат Натали Гуле, депутати Маҷлиси миллӣ, муовини раиси гурӯҳи байнипарлумонии «Фаронса — Осиёи Марказӣ» Пер Кабарэ ва президенти Академияи тиббии Париж Эммануэл Кабани мулоқот карданд.
Дар ҷараёни гуфтушунид пешомадҳои рушди минбаъдаи робитаҳои байнипарлумонии ӯзбекистониву фаронсавӣ, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва мубодилаҳои фарҳангиву инсонпарварӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои нигаҳдории тандурустӣ ва таълим муҳокима гардиданд. 
Дар доираи вохӯриҳо намояндагони Фаронса изҳор доштанд, ки тайёранд дар интихоботи парлумонии Ӯзбекистон моҳи декабри соли 2019 ҳамчун мушоҳидон аз Ҷумҳурии Фаронса иштирок кунанд.

ОИ «Дунё», 
шаҳри ПАРИЖ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: