Ҳайати Ӯзбекистон дар Бозиҳои VI БРИКС 114 медал ба даст овард

Дар Қазон (Федератсияи Русия) Бозиҳои VI-уми БРИКС анҷом ёфт.

Мусобиқа аз 13 то 24 июн баргузор шуд. Дар онҳо намояндагони 90 команда иштирок доштанд. Ӯзбекистонро дар ин мусобиқа 249 варзишгар дар 23 намуди варзиш намояндагӣ карданд.

Бинобар натиҷаҳои бозиҳои БРИКС ҳайати Ӯзбекистон 114 медал (17 тилло, 39 нуқра ва 58 биринҷӣ) ба даст оварда, дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз Русия, Беларус ва Чин мақоми чаҳорумро касб кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: