Ҳайати Ӯзбекистон дар маросими видоъ бинобар даргузашти Президенти Эрон дар Теҳрон ширкат дошт

  • Ҳайати Ӯзбекистон дар маросими видоъ бинобар даргузашти Президенти Эрон дар Теҳрон ширкат дошт
  • Ҳайати Ӯзбекистон дар маросими видоъ бинобар даргузашти Президенти Эрон дар Теҳрон ширкат дошт
  • Ҳайати Ӯзбекистон дар маросими видоъ бинобар даргузашти Президенти Эрон дар Теҳрон ширкат дошт

Вазири умури хориҷии Ӯзбекистон дар таркиби ҳайати Ӯзбекистон рӯзи гузашта барои ширкат дар маросими видоъ бинобар даргузашти Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ, вазири умури хориҷа Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ва дигар мақомоти баландпояи Эрон ба Теҳрон рафт.

"Мо ҳамроҳ бо раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Нурдинҷон Исмоилов барои ширкат дар маросими видоъ бинобар даргузашти Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ, вазири умури хориҷаи Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ва дигар мақомоти баландпояи ин кишвар ба Теҳрон омадем", - дар телеграмм канали худ навиштааст, сарвари ВКХ Ӯзбекитон.

"Мо аз номи Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо мардуми Эрон ҳамраъйӣ ва таслияти амиқи худро баён кардем".

Ёдовар мешавем, ки Президент Шавкат Мирзиёев 21 май ба Сафорати Эрон дар Тошканд ташриф оварда, ба мардуми дӯсти Эрон дар робита ба даргузашти фоҷиавии Президент Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳони ӯ бар асари суқути чархбол дар шимоли кишвар изҳори ҳамдардии амиқ кард, хабар медиҳад агентии АИ "Дунё".

Сарвари давлатамон дар китоби таслият дар Сафорати Тоҷикистон бо суханони ҳамдардии самимӣ ёддошт гузошт.

Президенти Ӯзбекистон ба Пешвои олии динии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ барқияи таслият фиристод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: