ҲАЙАТИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ «WTE Miami»

Ҳадаф тарғиби иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон, ҷалби сармоя ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошад. Ин ҳайат дар ҷараёни намоишгоҳ, ки дар ИМА баргузор гардид, мавзеъҳои гуногуни диққатҷалбкунандаи сайёҳӣ, фарҳангӣ ва анъанаҳои нодири кишварамонро ба намоиш гузошт.

Илова бар ин, дар доираи намоишгоҳ мулоқот бо шарикони хориҷӣ, табодули таҷриба бо туроператорҳои пешрафтаи ҷаҳон дар соҳаи сайёҳӣ низ ба вуқӯъ пайваст. Иштирок дар чунин намоишгоҳи густурда имкон медиҳад, ки Ӯзбекистонро ҳамчун як макони ҷолиб барои саёҳат ва сармоягузорӣ муаррифӣ кунем. Ҳайат инчунин дар мизи мудаввар ва семинарҳо бахшида ба тамоюлҳои муосири сайёҳӣ, ки ба таҳкими мавқеи Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ хизмат менамояд, иштирок кард. Раиси Кумитаи сайёҳӣ Умед Шодиев дар ҷаласаи «Нақши туризм дар рушди иқтисоди кишвар» ширкат ва суханронӣ кард. Вакилони соҳа аз мамолики хориҷӣ дар бораи ислоҳоте, ки дар самти туризм амалӣ мегарданд, ташкили минтақаҳои туризм дар деҳоти дурдасти кишвар ва амсоли он маълумот ба даст оварданд. Ҳамзамон дар намоишгоҳ туроператорҳо, намояндагони тарабхонаву меҳмонхонаҳо, ҳунармандони вилоятҳои Тошканд, Самарқанд ва Хоразм маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Ба гуфтаи намояндаи намоишгоҳи «WTE Miami», аз ин чорабинӣ намояндагони беш аз 60 кишвари ҷаҳон, инчунин беш аз 120 намояндаи ВАО дидан карданд. М. АҲРОРОВ, мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: