ҲАЙАТИ ВАКИЛОНИ ВЕТНАМ БО ИҚТИДОРИ САРМОЯГУЗОРИИ ВИЛОЯТИ ҶИЗЗАХ ШИНОС ШУДАНД

Намояндагони ҳайати вакилони Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам 25 июл бобати шинос шудан бо имкониятҳои иқтисодии вилояти Ҷиззах, лоиҳаҳои бузурге, ки дар ин ҷо татбиқ мегарданд, ба як қатор корхонаҳо ташриф оварданд.

Фаъолият, ҷараёни технологӣ ва нерӯи содиротии корхонаҳои «Ҷиззах текстил» ва «Silk expert»-и шаҳри Ҷиззах, ҷамъияти масъулияташ маҳдуди  «Zomin asl ipak tolasi»-и ноҳияи Зомин, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазанд, мавриди таваҷҷӯҳи корчаллонони ветнамӣ гардид.
Дар минтақаи озоди иқтисодии «Ҷиззах» ба меҳмонон дар бораи имтиёз ва сабукиҳое, ки барои соҳибкорони хориҷӣ ва маҳаллӣ фароҳам оварда шудаанд, нақл карданд. Таъкид гардид, ки дар минтақаи иқтисодӣ муҳити мусоиди сармоявӣ фароҳам оварда шуда, барои татбиқи лоиҳаҳои бузург имкониятҳои васеъ мувҷуд мебошанд.
Намояндагони ҳайати вакилон ба маълумоти дар вохӯрӣ пешниҳодшуда таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки барои роҳандозии ҳамкории ба ҳамдигар муфид  мулоқот бо корчаллонон муҳим мебошад. 

Т. БЕКНАЗАРОВ, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: