Ҳарчанд ки зодгоҳи шоир Рӯдакӣ Бухоро нест, вай ба Бухоро омад ва ба камол расид.
Ҳарчанд ки зодгоҳи шоир Рӯдакӣ Бухоро нест, вай ба Бухоро омад ва ба камол расид. Ҳамчун шоири тавонотарин ва сарвари шоирон – сардафтари адабиёти классикии форс-тоҷик шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Мақолаи адабиётшинос С. Олим «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ...»-ро аз рӯзномаи «Овози тоҷик» (22.07.20, №49) хонда хеле хурсанд шудам. Ҷӯйи Мӯлиёнро, ки дар самти ғарбӣ-шимолии шаҳр воқеъ аст, хуб медонам. Дар ин ҷо замоне Рӯдакии бузург гашту гузор карда, шеърҳои дилкаш офаридааст. Он манзарае, ки адабиётшинос дар мақолааш овардааст, бароям шинос аст. Ҳар касе, ки филми бадеии «Қисмати шоир»-ро (он ба ҳаёт ва фаъолияти Рӯдакӣ бахшида шудааст) дидааст, инро хуб медонад. Дар филм Наср бинни Аҳмади Сомониро бо «сеҳр»-и овоз ва иқтидори сухани мавзун ба по хезонда, аз Бодғис сӯйи Бухоро овардани шоир хеле моҳирона тасвир ёфтааст. Дар кинофестивали байналхалқӣ сазовори мукофоти олӣ – «Уқоби тиллоӣ» гаштани ин маҳсулоти «Тоҷикфилм» низ бароямон маълум. Рӯдакӣ шоири сатҳи ҷаҳонист. Меҳмонони аз дуру наздик ба шаҳри шариф оянда ӯро хуб медонанд. Беҳуда нест, ки С. Олим ин нуктаро дар мақолааш ба воситаи мулоқот бо меҳмони мағрибӣ хеле табиӣ овардааст. Шеъри Рӯдакӣ бо матлаъи: Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме... дили ҳар як бухороиро ба ҷӯш оварда, ба он нисбати шаҳри шариф эҳсоси ифтихор меангезад. Ба далели равонию соддагии ифода, ҷозибанокии шеър мо, аллакай, солҳои талабагӣ онро азёд карда будем. Мутаассифона, ҳоло дар вилоят аз байн рафтани мактабҳои тоҷикӣ имконият намедиҳад, ки имрӯз насли наврас аз мероси гаронбаҳои маънавии гузаштагони худ, бевосита, ба забони модарӣ баҳраманд шаванд. Ҷавонони имрӯза ақаллан бо тарҷума бошад ҳам аз ҳаёт ва эҷодиёти онҳо огоҳ мешуданд, хуб мешуд. Мардум мегӯяд: «Аввал хеш, баъд дарвеш». Ҳоло замони қадршиносии аҷдоди бузургамон фаро расидааст. Солҳои охир ном ва мероси гаронбаҳои маънавии мутафаккирҳои зиёдамон аз нав «зинда» гардид. Номи онҳо кӯчаву хиёбонҳои шаҳри кӯҳнаро зеб медиҳанд. Афсӯс, ки байни онҳо номи «Одам-уш-шуаро» – сарвари шоирон Рӯдакӣ аз назарҳо дур мондааст. Ҳол он ки Устод Рӯдакӣ шоистаи ҳайкал аст. Охир, Бухорои шарифро Имом Бухорӣ, Рӯдакӣ, Ибни Сино, Баҳоуддини Нақшбанд барин родмардон ба ҳафт иқлим шӯҳратманд гардондаанд.
Ҳайдар ҲАМИДОВ, таърихшинос.
БУХОРО.