ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ НЕРУИ БАРҚ МЕАФЗОЯД

Шабакаи электрикӣ яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷамъият ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ солҳои охир дар мамлакатамон ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии неруи барқ дар бахши иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ, оиди рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ислоҳоти васеъ ва пайгирона амалӣ гардида, заминаҳои ҳуқуқии рушди соҳаи энергетика фароҳам оварда шудаанд.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар ҷаҳон норасоии неруи барқ мушоҳида мешавад. Кишварҳо дар ҷустуҷӯйи роҳҳои гуногуни ҳалли мушкилот ҳастанд, хусусан Ӯзбекистон. Ин масъала дар маркази таваҷҷуҳи роҳбари давлатамон мебошад. Сарвари давлат зимни ҳар як сафари худ ба минтақаҳо масъулияти пайваста таъмин намудани захираҳои энергетикиро ба сифати вазифаи муҳимтарин ба миён мегузорад.
Дар айни замон беҳтарин роҳи ҳалли ин масъала энергияи муқобил ба ҳисоб меравад. Барои рушди ин бахш давлат пайваста баҳри фароҳам овардани имтиёзҳо барои мардум ва созмонҳо пай дар пай кор пеш мебарад. Муҳим он аст, ки имрӯз мардум хуб дарк мекунанд, ки барқарор намудани вазъият тавассути энергияи муқобил роҳи беҳтарин аст.
Имрӯз ҳиссаи энергияи «сабз» дар энергияи ҷаҳонӣ қариб 30 фоизро ташкил медиҳад ва дар баъзе давлатҳои Аврупо аз 80-90 фоиз гузаштааст. Дар Ӯзбекистон низ дар ин бобат фаъолона кор бурда мешавад. Аз ҷумла, неругоҳҳои электрикии офтобӣ дар вилоятҳои Навоӣ ва Самарқанд ба кор андохта шуд. Имсол 18-то ҳамин гуна неругоҳҳо барпо мешавад. Тавассути ин неруи барқие, ки ба хоҷагиҳо дода мешаванд, 50 фоиз зиёд мегардад. 
Чанде пеш Президент Шавкат Мирзиёев дар бораи чораҳои густариши неруи барқии азнавбарқароршаванда ҷаласа баргузор кард. Зикр гардид, ки дар иншоотҳои бахши иҷтимоӣ ва идораҳои давлатӣ панелҳои офтобии дорои қувваи 220 МВт, 1300 МВт аз ҷониби соҳибкорон ва 19 панели офтобӣ дар боми биноҳои бисёрошёнаи навбунёд насб карда мешавад. Дар ин самт вилоятҳои Андиҷон, Қашқадарё, Сурхондарё, Фарғона, Навоӣ ва Самарқанд ба кор шурӯъ карданд. Сарвари давлатамон оид ба ташкили дурусти кор дар маҳалҳо дастуру супоришҳо дод.
Дар маҷлис чораҳое, ки дар соҳаҳои дигари энергетика андешида мешавад, аз ҷумла таъмини устувори аҳолӣ бо гази табиӣ, ба ангишт гузаронидани иқтидорҳои истеҳсолӣ бо сарфи зиёди газ, вусъат додани ҷустуҷӯи геологӣ, рушди захираи ашёи карбогидриди мавҷуд ва инчунин масъалаҳои азхудкунии конҳо баррасӣ шуд. 
Хулоса, иҷрои вазифаҳои дар соҳа муайяншуда ба қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ ба ресурсҳои энергетикӣ ва боз ҳам зиёд кардани иқтидори истеҳсолии корхонаҳо хидмат мекунад.

Носирҷон АМИНОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.      
     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: