ҲАҶМИ МАҲСУЛОТ МЕАФЗОЯД

Имрӯз мушкили шуғли аҳолӣ аз ҳарвақта муҳимтар аст.

Имрӯз мушкили шуғли аҳолӣ аз ҳарвақта муҳимтар аст. Имтиёз ва афзалиятҳои соҳибкорон низ як мақсад — афзоиши ҷойҳои кориро пайгирӣ мекунанд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азия металл гарант», ки дар шаҳри Қаршӣ фаъолият мекунад, ба коркарди металл махсусонида шудааст.
Ин ҷамъият, ки соли 2008 ба ҳайси як корхонаи муштараки Ӯзбекистон ва Чин таъсис ёфтааст, тайи солҳои охир ба мушкилоти зиёде дучор омадааст. Масалан, як замон корхона  бинои худро надошт. Ғайр аз ин, бо сабаби технологияҳои кӯҳна он наметавонист бо маҳсулоти худ дар бозор рақобат кунад. Ва, бо вуҷуди ин, ба шарофати саъю кӯшиши устувори муассисони ҷомеа, соҳибкоронро дастгирӣ намудани давлат ва имтиёзу имкониятҳои фароҳам овардашуда   «Азия металл гарант» ба яке аз корхонаҳои пешомадноки саноатии минтақа табдил ёфтааст. Имрӯз он садҳо нафарро бо кори доимӣ таъмин менамояд.
— Пас аз он ки соҳибкорони чинӣ лоиҳаро тарк карданд, моро лозим омад корро худамон идома диҳем, — мегӯяд директори ҷамъият Азиз Ҳалимов. — Албатта, дар аввал душвор буд. Он замон мо мушкилоти ҷойро доштем.  Биное, ки мо ишғол карда будем, ба як корхонаи истеҳсоли плитаҳои бетонӣ тааллуқ дошт, пас онро ба ихтиёри корхонаи муштараки мо доданд ва мо дар асоси иҷора кор мекардем. Бо назардошти ин, имкони модернизатсияи истеҳсолот, навсозии технологияҳо, тавсеаи фаъолият вуҷуд надошт. Дақиқтараш, барои татбиқи  ҳамаи ин лозим меомад миллиардҳо сармоягузорӣ карда шавад. Мо таваккал карда ва ба биное, ки ба мо тааллуқ надорад, сармоягузорӣ карда наметавонистем. Ва аз ин рӯ мо барои ба даст овардани бино ба андешидани чораҳо шурӯъ кардем. 
Ин ба ширкат имкон дод, ки самараи иқтисодии худро боз ҳам беҳтар созад. Иқтидори шабонарӯзии истеҳсолӣ ба 200-250 тонна расид.
Афзоиши назарраси фоида барои ҷорӣ намудани лоиҳаҳои нав шароит фароҳам меорад. Дар айни замон дар  корхона 7 намуди арматураи диаметрашон гуногун ва 3 намуди симҳои диаметрашон  ҳархеда истеҳсол карда мешавад. Ба қарибӣ  истеҳсоли мехҳои андозаашон гуногун ба роҳ монда шуд. Дар оянда  ба роҳ мондани истеҳсоли винтҳои худгард ба нақша гирифта шудааст.  Умуман, нақшаҳо хеле зиёданд. Ба маҳсулот талабот дар ташкилотҳои сохтмонӣ ва истеҳсолкунандагони маҳаллӣ зиёд аст. Ин кормандони ширкатро дар татбиқи лоиҳаҳои нав ва ноил шудан ба фатҳи  қуллаҳои баланд илҳом мебахшад.

Улмас БАРОТОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: