ҲАҶМИ СОДИРОТ МЕАФЗОЯД

Дар Маркази матбуоти миллии пойтахт бо ташаббуси Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзкимёсаноат» доир ба таҳлили иҷрои фармоишҳои Президенти кишвар дар бораи такмил додани фаъолияти сохтори ҷамъият ва баланд бардоштани самарабахшии кори он, ҳамчунин бозсозӣ кардани корхонаҳои соҳа, татбиқ намудани дастурҳои сармоявӣ, афзудани ҳаҷми истеҳсолот ва маҳсулоти маҳаллӣ, аз худ намудани маҳсулоти нав нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Дар он муовинони раиси идораи ҶС«Ӯзкимёсаноат» Ю.Холиёров, Ш.Набиев, мутахассисон ва ходимони он иштирок карданд. 
Тавре ки муовини раиси идораи ҷамъияти номбурда Ш.Набиев дар маърӯзаи худ таъкид намуд, алҳол дар таркиби ҶС «Ӯзкимёсаноат» 14 корхонаи истеҳсолкунанда ва 6 ширкати хидматрасонӣ фаъолият мебаранд. Дар онҳо беш аз 30 ҳазор нафар мутахассис ва ходимон кор мекунанд. Алҳол дар корхонаҳои мазкур зиёда аз 180 намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. 
Тӯли 4 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои ҷамъият 1,2 триллион сӯмина маҳсулот истеҳсол шуд. Беш аз 30 намуди онҳо ба зиёда аз 30 давлати хориҷӣ содир карда мешаванд. Ҳамчунин мувофиқи дастури дохилӣ тӯли солҳои 2017-2021 беш аз 40 лоиҳа дар амал татбиқ гардида, дар натиҷа боз 3 ҳазор нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд. 
Тавре ки таъкид шуд, мувофиқи барномаи рушди то соли 2021-уми корхонаҳои саноати кимё аз ҷониби идораи ҶС «Ӯзкимёсаноат» баробари амалӣ намудани корҳои васеъмиқёси истеҳсоли маҳсулоте, ки ҷойи воридотро ишғол мекунанд, сарфаи энергия, таъмин кардани барқарорӣ ва самарабахши нируҳои мавҷуда, ҳамчунин татбиқ сохтани лоиҳаҳои сармоявӣ корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Дар асоси таҳлилҳо таклифҳое, ки ба беҳтар намудани аҳволи молиявиву иқтисодии корхонаҳои соҳа нигаронида шудаанд, аз ҷониби ҳукумат дастгирӣ гардида, як қатор қарорҳо қабул мешаванд. 
Бинобар гуфти мутахассисони соҳа аз 10 январи соли равон маҳсулоти корхонаҳои ҶС «Ӯзкимёсаноат» аз реестри корхонаҳои бузург бароварда ва тартиби нархгузории онҳо бекор карда шуданд. Дар натиҷа корхонаҳо бо дарназардошти харҷи воқеии истеҳсолот ба ҳуқуқи мустақилона ташаккул додани нарх соҳиб шуданд. 
Дар охири нишаст мутахассисони ҷамъият бобати лоиҳаҳое, ки татбиқ мегарданд, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти ПВХ, содаи каустикӣ, метанол, амиак, карбомид, кислотаи азот ва ғайра маълумоти муфассал ва ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавоб доданд. 

М.МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: