ҲАҶМИ СОДИРОТ СОЛ АЗ СОЛ МЕАФЗОЯД

Дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ бо ташаббуси Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзкимёсаноат» доир ба корҳои дар соли ҷорӣ иҷрошуда ва вазифаҳои оянда нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси ҷамъият Акобир Тӯхтаев таъкид намуд, ки дар чаҳорчӯби қарорҳои роҳбари давлат дар бораи такмил додани фаъолияти сохтори ҷамъият ва баланд бардоштани самарабахшии кори он, ҳамчунин бозсозӣ кардани корхонаҳои соҳа, татбиқ намудани дастурҳои сармоявӣ, афзудани ҳаҷми истеҳсолот ва маҳсулоти маҳаллигардондашуда, азхуд намудани маҳсулоти нав як қатор корҳо амалӣ мегарданд. Алҳол дар таркиби ҶС «Ӯзкимёсаноат» 24 корхонаи истеҳсолкунанда ва 15 ширкати хидматрасонӣ фаъолият мебарад. Дар корхонаҳо беш аз 90 ҳазор нафар мутахассис ва ходимон кор мекунанд. Зиёда аз 270 намуд маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои ҷамъият 1,34 триллион сӯмина маҳсулот истеҳсол шуд. Беш аз 40 намуди онҳо ба зиёда аз 52 давлати хориҷӣ содир карда мешаванд. Ҳамчунин, мувофиқи дастури дохилӣ тӯли солҳои 2024-2026 беш аз 50 лоиҳа дар амал татбиқ гардида, дар натиҷа боз 10 ҳазор нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд. Тавре ки таъкид шуд, мувофиқи барномаи рушди соли 2025-уми корхонаҳои саноати кимё аз ҷониби идораи «Ӯзкимёсаноат» баробари амалӣ намудани корҳои васеъмиқёси истеҳсоли маҳсулоте, ки ҷойи воридотро ишғол мекунанд, сарфаи энергия, таъмин кардани барқарорӣ ва самарабахшии неруҳои мавҷуда, ҳамчунин татбиқ сохтани лоиҳаҳои сармоявӣ корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Дар асоси таҳлилҳо таклифҳое, ки ба беҳтар намудани аҳволи молиявиву иқтисодии корхонаҳои соҳа нигаронида шудаанд, аз ҷониби ҳукумат дастгирӣ гардида, як қатор қарорҳо қабул мешаванд. Бинобар гуфти мутахассисони соҳа аз соли ҷорӣ маҳсулоти корхонаҳои «Ӯзкимёсаноат» аз реестри корхонаҳои бузург бароварда ва тартиби нархгузории онҳо бекор карда шуданд. Дар натиҷа корхонаҳо бо дарназардошти харҷи воқеии истеҳсолот ба ҳуқуқи мустақилона ташаккул додани нарх соҳиб шуданд. Дар охири нишаст мутахассисони ҷамъият бобати лоиҳаҳое, ки татбиқ мегарданд, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти содаи каустикӣ, метанол, аммиак, карбамид, кислотаи азот ва ғайра маълумоти муфассал доданд. Далер Азизов, хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: