ҲАҶМИ СОДИРОТ ЗИЁД, ҶУҒРОФИЯАШ ВАСЕЪ МЕГАРДАД

Сарфи назар аз вазъи мавҷудаи вобаста ба карантин нақшаи содирот дар вилояти Тошканд бомуваффақият иҷро шуд.

Сарфи назар аз вазъи мавҷудаи вобаста ба карантин нақшаи содирот дар вилояти Тошканд бомуваффақият иҷро шуд. Аз ҷумла, дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ ба маблағи зиёда аз 180 миллион доллар маҳсулот содир карда шуда, нақшаи муқарраршуда барзиёд иҷро гардид.
Ҳамин тавр, дар моҳҳои январ-майи соли равон дар вилоят нақшаи содир намудани маҳсулот ба маблағи 176,6 миллион доллар муқаррар шуда буд, ки то имрӯз маҳсулоти арзишаш 180,4 миллион доллар содир карда шудааст.
Мувофиқи маълумот интизор меравад, ки дар охири ин моҳ нишондиҳандаи содироти вилоят ба 110 фоиз хоҳад расид.
Агар соли гузашта аз ҷониби корхонаҳои содиротии вилоят 514 намуди маҳсулот содир карда шуда бошад, пас имсол шумораи намудҳои маҳсулот ба 582 расида, номгӯйи онҳо, аз ҷумла, бо спирти этилӣ, ашёи рӯзгор, айнакҳои гуногун, қолинҳо, пойафзори занона ва мардона, масолеҳи сохтмонӣ ва газоблокҳо пур карда шуданд.
Дар содирот афзоиши ҳиссаи маҳсулоти тайёр нисбат ба ашёи хом ба даст омадааст. Ҳамин тариқ, нисбат ба соли гузашта содироти ашёи хом 4 фоиз кам шуда, содироти маҳсулоти нимтайёр 2 фоиз ва маҳсулоти тайёр 5 фоиз зиёд шудааст. Ғайр аз он, содироти сабзавот қариб ба 17 фоиз афзудааст.
Агар дар соли 2019 ҷуғрофияи содироти вилоят аз 58 минтақа иборат бошад, пас имсол ба шумораи онҳо 4 кишвар – Португалия, Руминия, Аргентина ва Маҷористон  ҳамроҳ шуданд.
Соли равон бо мақсади рушди содирот дар вилоят беш аз 90 корхонаи нав ба ин кор ҷалб карда шуда шумораи умумии корхонаҳои содиротӣ ба 576 расид.

А.  ХУДОЙҚУЛОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: