«ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ҶАВОНОН – ВАЗИФАИ МО»

Имрӯз дар мамлакатамон ба ҷавонон, ки ояндаи Ватан мебошанд, эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.

 Бо ташаббуси сарвари давлат роҳи самарабахши сиёсати давлатии ҷавонон муайян гардида, нақш ва мавқеи иҷтимоии онҳо дар ҷамъият намоён гардид. «Кор бо ҷавонон, ки қариб нисфи аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд, минбаъд низ яке аз вазифаҳои асосии мо боқӣ мемонад», – таъкид намуд Президенти мамлакат Ш. Мирзиёев дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис.
Мо аз раиси шӯрои вилояти бухороии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон Ҳамза Рӯзиев хоҳиш намудем, ки дар бораи ҷараёни корҳо – иҷрои вазифаҳои пешистода ба ҷавонони вилоят маълумот диҳад. 
– Ҳоло вилояти Бухоро қариб 1,9 млн. нафар аҳолӣ дорад. Қариб нисфи онро ҷавонон ташкил мекунанд. Аз ҳамин беш аз 4440 нафарашон ҷавонони 14-30 сола мебошанд. Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон соли гузашта дар соҳаҳои гуногун тадбирҳои зиёд гузаронд, дар онҳо қариб 1,2 миллион нафар ҷавонон иштирок карданд, – ибтидо намуд вай ва идома дод, – муҳимтарин комёбиамон ба Мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» (ду нафар) ва медали «Ёшлар – келажак бунёдкори» (як нафар) сазовор шудани ҷавонони бухороӣ ва дар озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони ҷавон» соҳиби ҷои сеюм гардидани ҳамшаҳри боиқтидори мо Баҳриддин Рафиқов ба шумор меравад. Масъалаи бо шуғл фарогирии ҷавонон диққати моро бештар ба худ ҷалб мекунад. Дар давраи гузашта ба туфайли чорабиниҳои Иттифоқи ҷавонон беш аз 9520 нафар соҳиби кор шуданд. Бо мақсади бо кор таъмин кардани ҷавонон бо хатмкунандагони таълимгоҳҳои олӣ ва коллеҷҳо, инчунин бо ҷавононе, ки бо шуғл фаро гирифта нашудаанд, 147 маротиба ярмаркаҳои меҳнатии ҷойҳои холӣ баргузор гардид, ки дар онҳо бештар аз 30 ҳазор нафар ҷавонон иштирок карданд. Дар натиҷа ба қариб 5640 нафар ҷавонон барои соҳиби кор шудан роҳхат дода шуд. Бояд таъкид намуд, ки имрӯз дар вилоят ҷавононе, ки ҷои доимии кор надоранд, наздик ба 21650 нафаранд.
Бо мақсади шавқовар гузаронидани вақти холии ҷавонон, хусусан, ҷавонони бешуғлмонда, зиёд намудани майли онҳо ба варзиш, мусобиқаҳои варзишӣ ва ҳарбӣ-варзишӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо қариб 512 ҳазор нафар ҷавонон иштирок карданд.
Баробари ин, бо мақсади ба касбу ҳунар зиёд намудани шавқи ҷавонони бешуғлмонда дар марказҳои ҷавонони вилоят ҷамъ 60 маҳфил дар 20 намуд фаъолият дошта, 15-тои он дар бахши вилоятӣ, 45-тоаш дар шаҳру ноҳияҳо амал мекунанд.
Танҳо дар худи маркази ҷавонон маҳфилҳо фаъолият доранд. Он ҷо китобхона низ ба кор сар кард. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 45 маҳфил машғулият ҷараён дорад.
Ба ин маҳфилҳо наздик ба 7980 нафар ҷавонон ҷалб гардидаанд. Бо кафолати шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон 39 нафари ҷавонони ба ҷиноят дастзада озод гардиданд.  
Ташкилоти вилоятии ҷавонон дар давоми сол ба 5 оилаи ҷавон, ки муҳтоҷи манзил буданд, хона гирифта дод. Инчунин, 19 нафар ҷавонон соҳиби мошини дарздӯзӣ гардиданд. Ҳамин тариқа, ба 218 нафар барои гирифтани шиносномаи биометрӣ ва ба 134 нафар бобати қайди ҷои зист кӯмак расонда шуд. Ба 126 нафар ҷавонони имконияташон маҳдуд аробачаи маълулон дастрас гардонда шуд. Фарзандони 346 оилаи ҷавон бо дахолати ташкилот ба муассисаҳои таълими томактабӣ роҳ ёфтанд. 
Шуъбаи вилояти иттифоқи ҷавонон бобати дастгирии оилаҳои ҷавон, камхарҷ гузаронидани тӯю маъракаҳо низ корҳои назаррасро ба сомон расонд. Бевосита бо ташаббуси он таҳти шиори «Оилаи хушбахт барпо мекунем» дар вилоят маросимҳои намунавии тӯйи беш аз 100 нафар ҷавонон ба амал омад.
Бо мақсади тарбияи маънавии ҷавонон дар ҳудуди вилоят беш аз 185 дафъа намоиши кинофилму спектаклҳои тарғибкунандаи фазилатҳои инсонӣ аз қабили меҳру оқибат, ватандӯстӣ сурат гирифт. Дар онҳо беш аз 10580 нафар талабагони мактабҳо, қариб 9160 нафар ҷавонони ҷои кори муайян надошта ҷалб гардиданд.
Соли 2018 «Соли пешгирии қонуншиканиҳо дар байни ҷавонон» ном дошт. Аз ин рӯ, дар шуъбаҳои шаҳру ноҳиявии ташкилоти ҷавонон 125 дафъа вохӯриҳо таҳти унвони «Ҳоким ва ҷавонон» баргузор гардид.
Соли 2019 ба беш аз 380 нафар соҳибкори ҷавон додани 88 миллиард сӯм воми имтиёзнок ба нақша гирифта шудааст ва ин имконият медиҳад, ки қариб 2780 нафар ҷавонон соҳиби ҷойҳои нави корӣ шаванд.
Хулоса баҳри ҳалли масъалаҳо, ватандӯст шудани ҷавонон ва ба арзишҳои миллию умумиинсонӣ содиқ мондани онҳо азму кӯшиш менамоем.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик»,
вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: