ҲАЛЛИ МУАММОҲО ДАР ҚАБУЛИ САЙЁР

Маълум, ки тайи солҳои охир фаъолияти қабулхонаҳои халқ баҳри ҳал намудани муаммоҳои мардум нақши беандоза муҳим бозиданд.

Маълум, ки тайи солҳои охир фаъолияти қабулхонаҳои халқ баҳри ҳал намудани муаммоҳои мардум нақши беандоза муҳим бозиданд. Инчунин, барои саривақт ва дар ҷояш ҳал намудани мушкилоту муаммоҳои шаҳрвандон қабули сайёр низ натиҷабахш буда, ба ҳукумат ва идораҳои мутасаддӣ боварии мардумро рӯз то рӯз афзун мегардонад.
Ҳамин гуна қабули сайёр дар мавзеи Отчопари ноҳияи Тирмизи вилояти Сурхондарё бо иштироки намояндагони масъули вазорат ва идораҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин қабули сайёр мутасаддиёни он соҳаҳое ҷалб гардида буданд, ки аз тарафи аҳолӣ оиди соҳаҳои мазкур бештар муроҷиат шудаасту ба зудӣ ҳаллу фасл намудани онҳо ногузир мебошад.
Қабул аз тарафи муовини мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алишер Усмонов, ҳамчунин Суди олӣ, прокуратураи ҷумҳурӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, шуғл ва муносибатҳои меҳнат, маҳалла ва дастгирии оила, хизматрасонии манзиливу коммуналӣ, Бонки марказӣ, ташкилотҳои ҳудудии идораҳои барқу газ созмон ёфта, дар ҳалли як қатор масоили мубрами рӯз хизмат намуд.
Дар ҷараёни қабули сайёр бо 148 нафар шаҳрвандон бевосита мулоқот карда шуд ва 149 муроҷиати гуногуни онҳо қабул гардид. Аз ин муроҷиатҳо 59 тояш дар ҷояш мусбат ҳаллу фасл гардид. Ба 16 тои дигари муроҷиати шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат гирифт ва 74 муроҷиати боқимонда барои омӯхтан ва иҷро намудан ба мутасаддиён вобаста карда шуд. Инчунин, таъкид карда шуд, ки дар муддати кӯтоҳ бояд муаммоҳо ҳалли худро ёбанд.
Ҳамчунин, дар давоми қабули сайёр аз тарафи ҳокимияти ноҳия бо мақсади бо кор таъмин намудани занону духтарон ва беҳ намудани шароити зиндагии оилаҳои эҳтиёҷманд 8 дона мошини дӯзандагӣ, аз тарафи Иттифоқи касабаи ноҳия 1 дона мошини дӯзандагӣ, 14 дона печи таомпазӣ, 3 дона газплита ва аз тарафи прокуратураи ноҳия 1 дона аробаи ногиронӣ дода шуд.
Ҳамин тавр, мулоқот дар рӯҳи ошкорбаёнӣ гузашта дар чеҳраҳои мардум ҳисси қаноатмандӣ баръало ҳувайдо буд.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
вилояти Сурхондарё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: