Он қатилуллоҳ фӣ сабилаллоҳ, он шери бешаи таҳқиқ, он шуҷоъи сафдари сиддиқ, он ғарқаи дарёи маввоҷ Ҳусайн бинни Мансури Ҳаллоҷ (раҳимаҳуллоҳу алайҳ) кори ӯ коре аҷаб буд ва воқеоти ғароиб, ки хос ӯро буд, ки ҳам дар ғояти сӯзу иштиёқ буд ва ҳам дар шиддати лаҳби (шарар) фироқ масту беқарору шӯридаи рӯзгор буд ва ошиқи содиқу покбоз ва ҷидду ҷаҳде азим дошт ва риёзатеву каромате аҷиб ва олиҳиммату азимқадр буд.
Ва ӯро тасониф бисёр аст ва алфозе мушкил дар ҳақоиқу асрор ва маорифу маонӣ. Баъзе ӯро ба сеҳр нисбат карданд ва баъзе асҳоби зоҳир ӯро ба куфр мансуб карданд ва баъзе гӯянд: Аз асҳоби ҳулул бувад. Ва баъзе гӯянд: тавалло ба иттиҳод дошт. Аммо ҳар кӣ бӯйи тавҳид ба ӯ расида бошад, ҳаргиз ӯро хаёли ҳулул ва иттиҳод натавонад афтод ва ҳар кӣ ин сухан бигӯяд, сараш аз тавҳид хабар надорад.
Ва пайваста дар риёзату ибодат буду дар баёни маърифату тавҳид. Дар зиййи (ҳайат, таҳти шиори) аҳли салоҳ ва шаръу суннат буд, ки ин сухан аз вай пайдо шуд...
...Ва ӯро Ҳаллоҷ аз он гуфтанд, ки як бор ба анбори пунба баргузашт. Ишорате кард, дарҳол дона аз пунба берун омад ва халқ мутаҳаййир шуданд.
Нақл аст, ки як рӯз дар бодия Иброҳими Хаввосро гуфт: Дар чӣ корӣ? Гуфт: Дар мақоми таваккул қадам дуруст мекунам. Гуфт: Ҳамаи умр дар иморати шикам кардӣ, кай дар тавҳид фонӣ хоҳӣ шудан? Яъне асли таваккул дар нохӯрдан аст ва ту дар ҳамаи умр дар таваккули шикам хоҳӣ буд. Фано дар тавҳид кай хоҳад буд? Нақл аст, ки рӯзе Шиблиро гуфт: Ё Бобакр, даст барнеҳ, ки мо қасди коре азим кардем ва саргаштаи коре шудаем, чунон коре, ки худро куштан дар пеш дорем.
Чун халқ дар кори ӯ мутаҳаййир шуданд, мункири (инкоркунанда) беқиёс ва муқирри (иқрору эътирофкунанда) бешумор падид омаданд ва корҳои аҷоиб аз ӯ бидиданд. Забон дароз карданд ва сухани ӯ ба халифа расониданду ҷумла бар қатли ӯ иттифоқ карданд, аз он ки мегуфт: «Аналҳаққ». Гуфтанд: Бигӯ «Ҳувалҳаққ». Гуфт: Бале, ҳама ӯст. Шумо мегӯед, ки гум шудааст, бале, ки Ҳусайн гум шудааст. Баҳри муҳит гум нашавад ва кам нагардад.
Нақл аст, ки дарвеше дар он миён аз вай пурсид, ки: Ишқ чист? Гуфт: Имрӯз биниву фардову пасфардо. Он рӯзаш бикуштанд ва дигар рӯз бисӯхтанд ва сеюм рӯзаш ба бод бардоданд, яъне ишқ ин аст.
Пас дар роҳ, ки мерафт, мехиромид, дастандозон ва айёрвор мерафт бо сенздаҳ банди гарон. Гуфтанд: Ин хиромидан аз чист? Гуфт: Зеро ки ба наҳргоҳ меравам. Ва наъра мезад. Чун ба зери тоқаш бурданд, пой бар нардбон ниҳод. Гуфтанд: Ҳол чист? Гуфт: Меъроҷи мардон сари дор аст. Пас бар сари дор шуд. Ҷамоати муридон гуфтанд: Чӣ гӯӣ дар мо, ки муридем ва онҳо, ки мункиронанду туро санг хоҳанд зад? Гуфт: Эшонро ду савоб аст ва шуморо яке. Аз он ки шуморо ба ман ҳуснуззанне беш нест ва эшон аз қуввати тавҳид ба салобати шариат меҷунбанд ва тавҳид дар шаръ бувад ва ҳуснуззанн дар фаръ.
Пас дасташ ҷудо карданд. Хандае бизад. Гуфтанд: Ханда чист? Гуфт: Даст аз одами баста ҷудо кардан осон аст. Мард он аст, ки дасти сифот, ки кулоҳи ҳиммат аз тораки арш дармекашад, қатъ кунад. Пас пойҳояш бибуриданд. Табассуме карду гуфт: бад-ин пой сафари хокӣ мекардам. Қадаме дигар дорам, ки ҳам акнун сафари ҳарду олам кунад. Агар тавонед он қадам бибуред.
Пас ду дасти буридаи хунолуд бар рӯй дармолид ва соидро хунолуд кард. Гуфтанд: Чаро кардӣ? Гуфт: Хуни бисёр аз ман рафт, донам, ки рӯям зард шуда бошад, шумо пиндоред, ки зардии ман аз тарс аст, хун дар рӯй молидам, то дар чашми шумо сурхрӯй бошам, ки гулгунаи мардон хуни эшон аст. Гуфтанд: Агар рӯйро ба хун сурх кардӣ, соидро боре чаро олудӣ? Гуфт: Вузӯъ месозам. Гуфтанд: Чӣ вузӯъ? Гуфт: Дар ишқ ду ракаат аст, ки вузӯи он дуруст наёяд, илло ба хун. Пас чашмҳош барканданд. Қиёмате аз халқ бархост ва баъзе мегиристанду баъзе санг меандохтанд. Пас хостанд, то забонаш бибуранд, гуфт: Чандоне сабр кунед, ки сухане бигӯям. Рӯй сӯйи осмон карду гуфт: Илоҳо, бар ин ранҷ, ки аз баҳри ту медоранд, маҳрумашон магардон ва аз ин давлаташон бенасиб макун!..
Аз «Тазкират-ул-авлиё»-и Аттор,
таҳияи ФАРРУХРӮЗ.