Бар асари ҳодисаи нохуш дар майдони сохтмонӣ Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” се коргар ба ҳалокат расида, як нафари дигар ҷароҳат бардоштааст.
Дар ин бора аз Хадамоти давлатии назорат ва бехатарии меҳнат дар саноат ва саноати кӯҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи маълумоти мақомот, ин ҳодиса ду рӯз пеш, 12-уми ноябр рух додааст.
Ба иттилои ин идора, ҷонбохтагон кормандони ширкати “Ҳокруд” мебошанд, ки дар НБО “Роғун” фаъолият доштанд. Кормандони ҳалокшуда 39, 40 ва 51 сол доштаанд. Дар ҳоли ҳозир сабабҳои ҳодиса маълум нашудаанд.
Намояндагони Хадамоти давлатии назорат ва бехатарии меҳнат дар саноат ва саноати кӯҳи гуфтанд, ки гурӯҳи корӣ барои таҳқиқи ҳодиса таъсис ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир таҳқиқи ҳамаи ҳолатҳои марбут ба ҳодиса идома дорад. Хадамоти бехатарӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ барои аниқ кардани ҳамаи ҳолатҳои марбут ба ин фоҷиа фаъолият мекунанд.
“Мо номаи расмӣ дар бораи ҳодисаи рухдода гирифтем, баъд аз он гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд, ки ҳоло вазъиятро меомӯзад. Тафсилоти ҳодиса пас аз анҷоми тафтишот эълон хоҳад шуд”, - хабар доданд дар ин ниҳод.
Қайд кардан зарур аст, ки қаблан дар соли 2020 дар майдони сохтмонии НБО Роғун 15 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуда буд, ки дар натиҷа 3 коргар ба ҳалокат расида, 15 нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд.
Соли 2019 бошад, 33 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуда буд, ки дар натиҷа 20 нафар ба ҳалокат расида, 25 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Сохтмони НБО Роғун – лоиҳаи азимтарин на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа мебошад. Сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ ҳанӯз дар соли 1976 оғоз ёфта, то ҳол идома дорад.