Камина муаллим Фахриро ҳанӯз аз давраҳои мактабхониам хуб мешинохтам.
Вале на ҳамчун омӯзгори варзида, балки як паҳлавони маъракаву тӯйҳои гузар. Дар ёд дорам, дар деҳа тӯйи суннатии ҳамдеҳаам барпо мешуд ва аз ҳар гӯшаву канор меҳмонону паҳлавонҳои зиёде ҳозир шуда буданд. Рости гап, солҳои пеш ҳар кас, ки тӯйи суннатӣ медод, ҳатман маъракаи гӯштингирӣ ташкил менамуд ва ин анъана солҳои охир каме коста шудааст...
...Анбӯҳи зиёди мардум. Паҳлавонҳои номӣ як-як баромада, гӯшаи табақчаеро, ки дар майдони гӯштингирӣ гузошта шуда буд, меқапиданду ба ҷойи худ мерафтанд. То ҳамин вақт ин намуди ташкили корро дар маъракаҳои гӯштингирӣ надида будам, бароям хеле ҷолиб метофт. Ғайричашмдошт аз байни издиҳом овози баланди нафаре шунида шуд, ки мегуфт: «Фахрӣ, ҳо Фахрӣ, ту ҳам баро, то кай бегонаҳо омада солимҳои калонро мебаранд! Баро гуфтам!» Ниҳоят аз гӯшаи маърака як ҷавони тануманди кӯтоҳқомат низ омада, як гӯшаи табақчаро қапиду ба гӯштингирӣ ҳозир буданашро изҳор кард. Ҳамин тавр навбат ба солими калони тӯй, яъне тана (гов) расид. Довар барои қувваозмоӣ ду нафарро номбар кард, ки яке аз онҳо Фахрӣ буд. Ва ниҳоят, вай рақиби худро зуд мот сохт магар, ки аз атроф садои «Ҳалол», «Шуд», «Бас», »Зад» пасопеш баланд шудан гирифт...
Фахриддин Йӯлдошев якуми январи соли 1964 дар деҳаи Синтаби ноҳияи Нурато дар оилаи ронанда ба дунё меояд. Маълумоти миёнаро дар мактаби рақами 38-уми деҳа гирифта, пас дар курси ронандагӣ таҳсил менамояд, баъд ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда, баъди хидмат ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи омӯзгории Самарқанд ба номи С.Айнӣ супорида, донишҷӯйи шуъбаи ғоибонаи факултети забон ва адабиёти тоҷик мегардад. Ва инак, имрӯз ба касби омӯзгорӣ машғул аст.
Ба наздикӣ бо мақсади зиёрати падару модар ва хешу табор ба деҳа рафта будам. Вале ҳанӯз ба манзил норасида, дар роҳ садои телефонам баланд шуд. Гӯшакро бардорам, Фахрӣ Йӯлдошев.
– Ало, лаббай.
– Домуллоҷон, шумо дар куҷо?
– Дар роҳам, ба деҳа меравам.
– Хеле хуб, айнан шумо даркор будед, ҳоло аз куҷо меоед?
– Аз Фориш гузаштам, муаллимҷон, чӣ гап?
– Бо шумо як масъалаи муҳимро бояд ҳал мекардем.
Ва ҳамин тавр ҳам шуд, ки мо то ба деҳаи худ нарасида, дар роҳ ба мактаби деҳаи Соби ҳамсоя, ки вай дар он ҷо буд, даромадем.
Матлаб аён шуд. Ҳам набера ва ҳам шогирди муаллим Фахрӣ ҳамон шабонарӯз ба имтиҳоноти олимпиадаи ҷумҳурӣ тайёрӣ медидааст ва маҳз барои санҷидани дониши вай ӯро ба мактаби ҳамсоя ба назди муаллими фанни забону адабиёти тоҷик Бахтиёр Холов оварда будааст. Се нафар шогирдро саволборон кардем. Маълум буд, ки набераи муаллим ба фанни забону адабиёт дилбастагӣ ва меҳри беандоза дорад, зеро дар вақти саволу ҷавоб ҳис кардам, ки қариб аз аксарияти шоирони адабиёти классику навин, ки дар китобҳои дарсӣ ҳастанд, ғазал мегӯяд ва ё лоақал рубоӣ ё порчаи шеъриро аз ёд медонад. Баъд аз он ки ягон саволам беҷавоб намонд, ҳисси кунҷкобиам баланд гирифту гуфтам, ки олимпиада натиҷаи саволу ҷавобро ҷамъбаст наменамояд ва ту бояд ҳатман дар иншонависӣ низ маҳорат дошта бошӣ.
Шогирд ҳамоно:
– Мана муаллимҷон, инҳо намунаи иншоҳои мананд, гуфта ду дафтарро ба сӯям дароз кард. Дафтарҳоро аз назар гузаронда истода, пеш аз ҳама ба ҳусни хат эътибор додам, ки хеле хушхат менамуд, сониян як-ду иншоро аз назар гузаронда, қобилияти эҷодӣ доштанашро низ фаҳм кардам.
Оре, баъзан заҳматҳои зиёди омӯзгорон зери парда мемонад, вале муаллим Фахрӣ аз натиҷаи хидматҳои худ розист. Вай солҳои тӯлонӣ шогирдони зиёдеро тарбия кардааст, ки дар соҳоти гуногуни зиндагӣ машғули кору вазифаҳо мебошанд. Омӯзгори тоифаи олӣ. Ҳоли ҳозир ҳам бо ғайрати дучанд аз пайи тарбияи шогирдон мебошад.
Муаллим Фахрӣ соҳиби 5 нафар фарзанд ва якчанд набера аст. Ба маънои том зиндагии хуррам дорад. Дар ҳамон вохӯрӣ номаълумакак савол додам, ки дар вақтҳои холӣ ба чӣ кор банд мешавад. Бо табассум: «Дар ман вақти холӣ ку? Кӯҳзодҷону Фаридунҷон ба ман вақти холӣ намедиҳанд», – гуфта ба наберагонаш ишора кард.
– Муаллимҷон, барои шогирдони болаёқат тарбия кардан бояд чӣ кор кард, ин аз муаллим вобаста аст, ё аз қобилияти худи шогирд?
– Э, ин худаш маълум. Омӯзгор бояд шабу рӯз кор кунад. Пеш аз ҳама симои муаллимии худро гум накунад. Агар муаллим аз таҳти дил кор барад, шогирд ҳатман аз пайи вай меравад. Дар ҷараёни корбарӣ як чизро хуб фаҳмида гирифтам, ки ҳаштод дар сади интихоби касби шогирдон ба муаллим вобаста аст. Муаллим мисле ки кордро қайроқ зада тез мекунанд, талабаро бояд сайқал диҳад. О, ман муаллимонеро медонам, ки худашон ба тарбия муҳтоҷанд. На рӯзнома мехонанд ва на китоби бадеӣ! Агар кор ин тавр ранг гирад, аз шогирдон гила кардан нодуруст аст.
Бале, муаллим Фахрӣ бо завқ ба саволҳои камина ҷавоб медоду аз заҳмати устодони гузаштаи худ ёдовар мешуд.
Ҳаёт якранг нест. Баъзан пасту баландиҳо дорад. Ба қавле, Худованд бандагони ба худаш наздикро бо имтиҳоноти сахту сангин месанҷад. Ва ин санҷишҳо аз одамизод сабру таҳаммул талаб мекунад. Муаллим Фахрӣ низ аз санҷишҳои сахти Худованд бенасиб намонд. Як нафар писари ягонаи худро дар ҷавониаш ба хок супурд. Фикратҷони сисола солҳои дароз ба бемории серрози ҷигар гирифтор шуда буд. Бо вуҷуди он, вай дар мактаби деҳа ба ҳайси муаллими забон ва адабиёти тоҷик ва дертар дар вазифаи ҷонишини директор кор кард. Ин дарди бедаво ба ҷону тани вай зӯр овард ва ниҳоят риштаи умраш дар айни навҷавонӣ канда шуд... Аз ӯ ду писари дӯстрӯ – Кӯҳзодҷону Фаридунҷон ба ёдгор монданд ва муаллим онҳоро ба тарбияи худ гирифт.
Ба қарибӣ вай ба синни нафақа расид. Вале ҳанӯз ҳам бо ғайрати дучанд вазифаи худро иҷро мекунад. Худи ҳамин сол шогирдаш, ки дар боло ёдовар шудем, бинобар ғолиби озмуни вилоятӣ шудан, вайро ба изофапулии Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ пешниҳод карданд. Дар ҳамин синну сол боз имтиҳон супорида, аз он бомуваффақият гузашт.
Ҳикмат СУЛТОНЗОДА,
устоди ДДОЧ.