ҲАЛОЛРО ҲИСОБУ ҲАРОМРО АЗОБ

Мубориза алайҳи ришват ва тамаъгарӣ, талаву тороҷсозии мулки давлатию ҷамъиятӣ ва дигар ҳолатҳои ногувори вобаста ба коррупсия дар мамлакатамон самараи худ мебахшад.

Мубориза алайҳи ришват ва тамаъгарӣ, талаву тороҷсозии мулки давлатию ҷамъиятӣ ва дигар ҳолатҳои ногувори вобаста ба коррупсия дар мамлакатамон самараи худ мебахшад. Бо вуҷуди ҳамин решакансозии ин заҳрпечак осон намекӯчад, «зоғи бадмур»-ро монад ин иллат, ки ба осонӣ ҷон таслим намекунад. 
Дар ҷамъомади байниидоравӣ оиди масъалаҳои коррупсионӣ, ки ба наздикӣ дар Сарпрокуратураи ҷумҳурӣ баргузор гардид, ҳамин нуктаҳо дигарбора зикр ёфтанд. Бо вуҷуди он ки ба мулки давлатию ҷамъиятӣ чашмалокардаҳо ба даст афтода ва ба ҷазо кашида мешаванд, тарки одат амри маҳол гуфтагӣ барин бандаҳои нафс ба аъмоли нораво давом медиҳанд. Аз карда пушаймонҳо дар толори суд тазарруъ мекунанд, дар чӣ аҳволи ногувор будани судшавандаҳоро телевизор намоиш медиҳад, вале на ҳар бадкирдор аз ин хулосаи дуруст мебарорад. Тааҷҷубовар боз он ки тамаъкорон одамони оддӣ не, балки дар курсии мансаб, давлат бовар карда, ба идораҳои бонуфуз ва масъулиятнок роҳбар таъин кардааст, вале аз вазифа сӯиистеъмол карда, барои қонеъ сохтани нафс аз пастигариҳо рӯй наметобанд.
Як вақтҳо ҳокимон ва кормандони ҳокимият маоши ночиз мегирифтанд. Дар шароити нав, баъди президент интихоб шудани роҳбари ҳозираи давлати мо дар навбати аввал маоши онҳо баланд гашт.  Ҷудо шудани штатҳои нав дар соҳа низ нишонаи баланд шудани эътибор ба онҳо. Вале баъзе шахсони риёкор аз боварӣ сӯиистеъмол сохта ва ба маошу мукофотпулиҳои арзандае, ки барояшон муайян шудааст, қаноат ҳосил нанамуда, бо ҳар роҳ хостаанд бо пули дуздӣ ва бедардимиён киса пур кунанд, аз ҳаром ҳазарсозиро ба гӯшаи хаёл наоваранд.
Аз маълумотҳое, ки додситони кулл расонид, бармеояд дар вилояти Бухоро қарорҳои ба қонун мухолиф вобаста ба истифодаи худсарона аз 21 ҳазору 493 гектар замин қабул карда шудаанд. Масалан, ҳокими ноҳияи Ҷондор бо қарори худ аз 16 марти соли 2020 ба хеши наздики ҷонишини худ 100 гектар майдони заминро барои парвариши чорво ҷудо карда дод, ҳол он ки вай чорвои кироӣ надошт. Вобаста ба ин қарори ғайриқонунӣ 22 нафар шахсони масъули ҳокимият ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Ҷонишини ҳокими ноҳияи Арнасой С. ба роҳбари ҷамъияти «Оққуш ҳалол парранда» Ҷ. 10 гектар майдон ҷудо сохт ва ба ивази ин 13 ҳазор доллари ИМА талаб намуд. Аснои гирифта истодани 2 ҳазор доллар ба даст афтид.
Ғайр аз ин ба ивази ҷудо карда додани майдон ҷонишини ҳокими ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд ҳангоми порагирӣ дар миқдори 3,5 ҳазор, ҷонишини ҳокими ноҳияи Бувайда бо гирифта истодани 20 ҳазор, раиси иттиҳодияи ширкатҳои хонаву ҷойи ноҳияи Мирзо Улуғбеки пойтахт дар вақти  гирифта истодани 35 ҳазор доллари амрикоӣ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Ба ҷои дастгирӣ чашми тамаъ дӯхтани шахси масъули ҳокимият ба соҳибкор аз рӯи инсоф аст?
Дар ҷалбсозии биноҳои холӣ ва истифодаи самаранокии онҳо низ қонуншиканиҳо ба чашм расиданд. Чунончи, А. ва М. ном шахсони муқаддам судшуда бо дастгирии мутахассиси ҳокимияти вилояти Андиҷон К. бинои диспансери мубориза алайҳи бемории сили ноҳияи Шаҳрихонро бо арзиши «нол» хариданд. Ҳеҷ гуна сокибкорӣ нанамуда, биноро вайрон ва масолеҳи сохтмонии онро ба 760 миллион сӯм фурӯхтанд.
Додситони кулл Н.Йӯлдошев дар сохтори таълими олӣ низ ҳанӯз пурра бартараф нашудани омилҳои ба коррупсия сабабшавандаро таъкид карда гузашт. Дар давоми 9 моҳе, ки гузашт, 70 нафар ходимони соҳа ҷиноятҳо марбут ба ҷараёни таълимро содир намудаанд. Дар сохтор ҳолатҳои коррупсионӣ бештар дар масъалаи даровардан ба мактабҳои олӣ дучор мешаванд. Дар ҷараёни нострификатсияи дипломҳо, айни замон, тамаъкориҳо рӯй додаанд. Ёвари роҳбари инспексияи давлатии назорати сифати таълими назди Девони Вазирон Ш. бо ҳамтабақҳои худ забон як карда, бо ваъдаи нострификатсияи дипломи хориҷии чаҳор шаҳрванд 6500 доллар талаб кардааст. Аснои гирифта истодани ришват ҷинояткорон ба даст афтоданд.
Дар баромади Сарпрокурор ҳамчунин аз коррупсия холӣ набудани вазоратҳои маданият, тандурустӣ, таълими халқ, технологияҳои иттилоотӣ ва рушди коммуникатсия таъкид карда шуд. Дар фаъолияти Кумитаи экология ва муҳофизати гирду атроф, айни замон, ҳолатҳои ногувор рух додаанд.
Масъулони Вазорати маданият бо баҳонаи таъминсозии театрҳо ва мактабҳои мусиқӣ бо мебелу асбобҳои мусиқӣ ва забоняккунӣ бо фирмаҳои шинос схемаи ҷиноӣ кашида, ҷамъ 12 миллиард сӯм пули буҷаро азхуд намудаанд. Алҳол дафтари аъмоли онҳо дар идораҳои тафтишотӣ варақгардон мегардад.
Нуфузи дар ҷомеа доштаи «формапӯшҳо», ки ҳимоятгарони қонун, назоратгарони низомҳои ҷамъиятианд, ба ҳамаамон маълум. Вазифаи нисбатан сермасъулият, ки ба дӯш доранд, бо маош ва манбаъҳои даромади қонунӣ таъминанд. Зиндагиашон хуб, вале ба ин қадар таъминот қаноат насохта, бархе намояндагони соҳа ба корҳои ношоиста даст кӯфтаанд. Навъе дар ҷамъомади зикршуда таъкид гашт, дар давоми 2 соли охир 318 нафар кормандони идораҳои ҳифзи ҳуқуқ бинобар корҳои ҷиноиашон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Мисолан, як гурӯҳ ходимони гумрук таҳти роҳбарии Ҷ. ном сардори посгоҳи гумрукии «Арк булоқ» ба ивази пора дар субъектҳои гуногун арзиши амволи импортшударо пасттар қайд карда, ба манфиати давлат наздик 9 млрд. сӯм зарар расондаанд.
Тафтиш рӯи кор омад ва хонаи Ҷ. кофтуков гашт. Дар натиҷа аз сейфи хонааш 311 ҳазор доллари амрикоӣ ёфт шуд, ки бидуни шубҳа пораҳои гирифтааш мебошад. Ҷуз ин маълум гашт Ҷ. ба маблағи бо роҳҳои ҷиноӣ ёфтааш дар ноҳияи Бӯстонлиқ 8 сотих замин харида ва бӯстонсаро созондааст, аз маҷмӯи «Тошкент сити» 2 манзили истиқоматӣ, як манзили ғайриистиқоматӣ харидааст, автомошини «Каптива» харид карданаш низ маълум шудааст. Алъон Ҷ. ва шарикони ҷиноияш дар толори суд ба пурсишҳо ҷавоб медиҳанд.
Тавре мушоҳида мешавад, қисме аз қонуншиканҳо шахсони муқаддам судшуда мебошанд. Давлат гуноҳи онҳоро бахшид, вале хулосаи дуруст набароварда ва ба роҳи дуруст надаромаданд. Эҳтимол бо найранг боз ба курсиҳои мансаб нишастанд, фиребкориҳо давом доданд. Масалан, И. асное чун директори бозори деҳқонии Сергелӣ фаъолият мебурд, барои сӯиистеъмол аз мансаб ва талаву тороҷи мулки ҷамъиятӣ соли 2016 бо ҳукми суд ба ҷазо кашида шуда буд. Феврали соли 2019 аз нав директори бозори зикршуда таъин гашт. Апрели соли 2019 чун директори бозори деҳқонии Янгиобод фаъолияташро давом дод ва аз ҳаром парҳез нанамуд. Бо кӯмаки «хайрхоҳон»-аш 2,7 млрд. сӯм даромади бозорро обу лой сохт. Аз додани 919 миллион сӯм андоз гардан тофт. Дар ҳудуди бозор 124-то сохтмонҳои ғайриқонунӣ барпо кард. 340 миллион сӯми талаву тороҷкардаашро барои харидани квартираи панҷҳуҷранок, 200 миллион сӯмро барои хариди автомобили «Траилблазер» сарф намуд. Вай бо «наҳанг»-ӣ дар бозори Янгиобод сер нашуд, бо роҳбарони болоӣ забон ёфта, шахсони ба худаш наздикро роҳбари бозорҳои Сергелӣ, Фарҳод ва Авиасозҳо таъин кунонд. Ба ин бозорҳо низ роҳбари норасмӣ шуда омад.
Муқаддам судшудаи дигар И. барои дуздиву фиреб ҳафт сол аз озодӣ маҳрум шуда буд. Вале чӣ шуду ӯ моҳи феврали соли 2019 сарҳисобдори Вазорати маданият таъин гашт. Бо шиносҳояш Ё. ва К. нақшаҳои ҷиноӣ кашид. Ба театр, хонаҳои маданият ва дигар ташкилотҳои тобеи вазорат бо баҳонаи дастрассозии ороишоти гримӣ 2,6 млрд. сӯм гузаронда дод. Фирмаҳои пулро қабулкарда, албатта, шарикҳои ҷиноӣ буданд. Чӣ кор карданд ин фирмаҳо? Аз бозори «Ӯрикзор» ба ивази 264 миллион сӯм маҳсулоти арзон ва бесифати косметикӣ хариданд. Дар бобати маҳсулоти гримӣ будани онҳо ҳуҷҷатҳои сохта омода намуда, ба вазорат супурданд. Табиист, ки нархи маҳсулот дар ҳуҷҷатҳо якчанд баробар баланд нишон дода шуд. Ҷамъ 2,3 миллиард сӯмина маблағи давлат обу лой гашт.
Ҳалолро ҳисобу ҳаромро азоб, гуфтаанд дар урфият. Сарпрокурор Н. Йӯлдошев баромади худ дар ҷамъомади байниидоравӣ марбут ба масъалаҳои ришват ва коррупсияро бо ҳамин нукта ҷамъбаст намуд. Хулоса бароварданро ба иштирокдорони ҳозиру ғоиби ҷамъомад вогузошт.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: