ҲАМ НАЗАРИЯ, ҲАМ АМАЛИЯ

Боғи табиати миллии Зарафшон, ки дар соҳили рӯди Зарафшон арзи вуҷуд дорад, ба гӯшаи зиндаи ҳайвоноту наботот табдил ёфтааст.

Мамнӯъгоҳ қариб 200 гектар майдонро ишғол карда, дар ин  гӯшаи нотакрору мафтункор ҷонварони дар «Китоби сурх» қайдшуда сол то сол  афзоиш меёбанд. Чанде пеш ба  ин  ҷо чор  ҷуфт оҳуи  бухорӣ оварда  буданд, ки ба рама табдил ёфтааст. 
Инчунин паррандаҳои нағмасаро, ҷайра, уқобу ҷуғз, дарахтони меваноку  сояафкан ва манзаравӣ  низ бисёранд .
–Боғи миллии Зарафшон  ба  майдони илмӣ-тадқиқотӣ  табдил ёфта, талабагони мактабҳои олӣ ва миёнаи вилояти Самарқанд  ташриф оварда, дониши назариро ба  амалӣ мепайванданд, – гуфт  корманди илмии  мамнӯъгоҳ Александра 
Заславская,– мо барои  бедор  кардани муҳаббати  онҳо ба  табиат  озмунҳои шавқангез  ташкил карда, ғолибонро аз  ҷиҳати маънавӣ  рағбатнок  мекунем. Мақсад  рушди  устувори  маданияти  экологӣ аст. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: