Дар мактабҳои ҷумҳуриамон афроде фаъолият мекунанд, ки баробари касби омӯзгорӣ қалам ба даст гирифта лавҳаю мақолаҳо ҳам менависанд.
Тавассути навиштаҳои худ ҳар лаҳзаи ҳаёти рӯзгори ҳамзамононро инъикос менамоянд. Раҳимшоҳ Шарифзода – сокини хоҷагии Янгидалаи ноҳияи Мирзочӯли вилояти Ҷиззах яке аз онҳост.
Ӯ аз бозе, ки Донишкадаи давлатии забон ва адабиёти руси Тоҷикистонро хатм карда омад, (ба ин ҳам қариб чил сол шуд) дар мактабҳои ноҳия аз фанни забону адабиёти рус дарс медиҳад. Баробари ин, ба рӯзномаҳои гуногуни вилоятиву ҷумҳурӣ, билхосса «Овози тоҷик», баъдтар «Ховар» муттасил мақолаву хабар менависад. Азбаски дар кори суратгирӣ низ маҳорату таҷриба ҳосил намудааст, навиштаҳояшро бо суратҳо мефиристад. Дар хонааш бастаи «Овози тоҷик» ва «Ховар»-ро нигоҳ медорад. Меҳнати чандинсолаи дар роҳи таълими халқ ба сомон расондааш якчанд сол пеш аз ин бо нишони сарисинагии Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдир гардидааст. Дар мактабе, ки ӯ фаъолият мекунад, синфхонаҳои алоҳидаро бо плакату асбобҳои аёнии фаннӣ зеб додааст.
– Ҳадаф аз ин дар дили хонандагон ҷо намудани асрори фанни таълим мебошад, – мегӯяд ӯ. – Зеро хонанда донишҳои назариро бо амалӣ мустаҳкам менамояд.
Раҳимшоҳи Шарифзода чандест, ки ба тарҷумаи асарҳои хурд-хурди нависандагони ҷаҳонӣ даст задааст. Якчандтои он то ҳозир рӯи чопро дидаанд. Ба камол расидан дар муҳити оилаи бомаърифат (оилаи Шарифовҳо ҳама соҳиби маърифатанд. Бародараш Қироншоҳи Шарифзода яке аз қаламкашон ва рӯзноманигорони варзидаи Ҷумҳурии бародарии Тоҷикистон мебошад) ба Раҳимшоҳ даст додааст, ки мудом мутолиа кунад, чакидаҳои қаламашро ба нашр расонад. Одамони барӯманди зодгоҳаш – Порашт, табиати зебои он ҳамеша ба ӯ рӯҳу илҳом мебахшанд.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.