ҲАМ САЁҲАТ ҲАМ ТАҶРИБАОМӮЗӢ

Дар Самарқанд мактаби тобистонаи экологҳо бо иштироки талабагони хориҷӣ оғоз ёфт.

Бо  ҳамин муносибат аз мактабҳои олии Русия ва Қароқалпоқистон низ   як гурӯҳ  донишҷӯён  ба шаҳри  бостонӣ  ташриф фармуданд.
– Меҳмонони хориҷӣ дар донишгоҳи мо таваққуф намуда, бо ҳамсолони худ барои  эҳёи  табиат корҳои фоидабахши илмӣ мебаранд, – гуфт ноиби ректори  Донишгоҳи давлатии Самарқанд оид ба ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ, профессор Акмал  Аҳадов, – онҳо бештар дар  мамнӯъгоҳи миллии  Зарафшон ва доманакӯҳҳои деҳаҳои Ургут, Оҳалик, Оқсой ва  ғайра бо набототу  ҳайвонот шинос мешаванд. Барои онҳо олимону мутахассисони соҳаи мазкур дарси маҳорат мегузаранд, ки аз он таҷрибаи  кофӣ хоҳанд гирифт.
– Аз Донишгоҳи давлатии дӯстии халқҳои Маскав 13 нафар ба  маркази  фарҳангии давлатҳои ҳамдӯстӣ – Самарқанди кӯҳан омада, як олам таассурот гирифтанд, – иброз дошт ҷонишини директори донишгоҳ оид ба ҳамкории байналхалқӣ Анна Попкова, – мо дар Самарқанд  на танҳо  мубодилаи  афкор намудем, инчунин бо ёдгориҳои таърихии Самарқанд шинос шудем.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик « 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: