ҲАМА РӮЗГОРИ ТУ НАВРӮЗ БОД!

Наврӯз – аввали фасли баҳор чаҳ-чаҳи паррандагони хушхон, шукуфоии гулҳои рангоранг, бедории табиат, зебоии олам ва шодиёнаи мардумро пеши назар меорад.

Наврӯз ифодагари рамзи якдиливу дӯстии халқҳост. 
Мир Алишери Навоӣ дар девони форсӣ-тоҷикии худ дар ин хусус чунин фармудааст:
Омад баҳори дилкашу гулҳойи 
тар шукуфт, 
Дилҳо аз он нишот зи гул 
бештар шукуфт.
Мардуми машриқзамин Наврӯзу омадани баҳорро чун тараннумгари ҳаёти нав пешвоз мегиранд. Шоири ширинкалом Сайидои Насафӣ дар ин бора навиштааст: 
Фасли Наврӯз аст, меояд 
ҳавойи тозае,
Булбулу гулро шуда баргу 
навойи тозае.
«Наврӯзнома» яке аз асарҳои машҳури Умари Хайёми Нишопурист, ки дар он оиди ба вуҷуд омадани Наврӯз ва ҷашн гирифтани он чунин маълумот дода шудааст: «Наврӯз вобаста бо ивазшавии сол ба вуҷуд омада, рӯзи аввалини фасли баҳор,  ки пас аз ҳар як 365-у чаҳоряк шабонарӯз меояд». Дарҳақиқат, оғози Наврӯз пас аз як маротибаи пурра аз гирди Офтоб чарх  задани Замин ба амал меояд. Асириддини Ахсикатӣ дар ашъори худ чунин навиштааст:
Ҳазор мавсими Наврӯзу ҷашни 
фарвардин,
Зи муддати ту замон карда
 гардиши маҳу сол.
Дар замони қадим Ҷамшедшоҳ ин рӯзро дарк намуда, онро «рӯзи нав» номид. Пас, мардум ва подшоҳони дигар ба ӯ пайравӣ намуда, бо нияти то Наврӯзи оянда  пурнишоту шодон гузаштани рӯзгор онро ҷашн мегирифтанд.
Яке аз шоирони асрҳои XIV-XV Ҳусайни Хоразмӣ (1368-1434)  дар яке аз ғазалҳояш хусусияти рӯҳафзоӣ доштани Наврӯзро чунин ба қалам додааст:
Ид дар мавсими  Наврӯз 
басо рӯҳафзост,
Руҳи ҷонбахши раёҳини чаман 
роҳатзост.
Эрониён Наврӯзро бедоршавии табиат, гулгулшукуфоии боғу чаман, инчунин, айёми азнав бедоршавии шодию умед дар дили мардум мешумориданд. Аз рӯйи эътиқоди онҳо баробари табиат инсон низ либоси нав ба бар карда, бо рӯҳияву нигоҳи нав бояд ба атроф нигарад. Низомии Ганҷавӣ дар «Ҳафт пайкар» навиштааст:
Ҷома нав кун, ки фасли Наврӯз аст.
Бо фарорасии Наврӯз мардум кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки соли навро нисбат ба солҳои пеш хубтару пуробурангтар пешвоз гирад. Аз Офаридгор  дуо мекунад, ки ба онҳо соли нави пурбаракотро ато кунад:
Дида ва дил ҳар ду дар 
фармони дӯст,
Гардиши рӯзу шаб аз 
тадбири ӯст.
Эй, ки дигаргун кунӣ аҳволи мо, 
Ҳоли мо онгуна гардон, ки накӯст.
Дар қадим вобаста ба Наврӯз анъанаву урфу одатҳои зиёд мавҷуд буданд. Баъзеи он бо мурури замон аз байн рафту баъзеаш то ҳол нигоҳ дошта шудааст. Адиб Собири Тирмизӣ (1078-1147) дар яке аз ғазалҳояш арзишу аҳамияти Наврӯзро чунин эътироф намудааст:
Гар фахри рӯзгор ба Наврӯз 
хуррам аст,
Ин рӯзгор фахри ҳама рӯзгорҳост.
Ҷашни Наврӯз бо урфу одатҳои тоза кардани хонаву гирду атрофи он, сабзасабзонӣ, хариди маҳсулоти солинавӣ, оростани дасторхони «Ҳафт син», дидорбинии волидону хешутабору дӯсту рафиқ, хабар гирифтан аз ҳоли беморон, мушоираи  наврӯзӣ, оштӣ шудани нафароне, ки созиш надоштанд, дилхушиву истироҳат пешвоз гирифта мешуд. Сайфи Фарғонӣ зебоиҳои Наврӯзро чунин эътироф намудааст:
Баҳор омад ва гӯё, 
ки боди наврӯзӣ,
Фишонда мушк бар атрофи 
боғи пирӯзӣ.
Ҷашни Наврӯз рамзи хушнудии аҳли олам мебошад, ки бо умед, дӯстӣ, ишқ, меҳру муҳаббат, фаровонӣ, якдиливу осоиштагӣ бунёд мегардад.
Ба муносибати Наврӯзи оламафрӯз ба аҳли оилаатон хушиҳои олам ва хонаободӣ металабам, чуноне ки Фирдавсии бузург фармудааст:
Ҳама солу бахти ту пирӯз бод, 
Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод.

Ҳамид НАЙИРОБОДӢ.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ӯзбекистон.
      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: