ҲАМА ШОД МЕГАШТ

То солҳои шӯравӣ мактаби замонавӣ вуҷуд надошт.

Талабагон дар масҷиду мадрасаҳо таълим мегирифтанд ва он ҷойҳо як макони муқаддас ба ҳисоб мерафт. Бинобар ҳамин,  ҳангоми аз ин гуна ҷойҳо гузаштан одамон даст ба дуо мебардоштанд. Ҳоло ҳам ин анъанаро баъзеҳо ба ҷо меоранд. Ин як намуди эҳтиром ба макони таълиму тарбия аст.
Ман то синфи ёздаҳ дар мактаби рақами 33-юми ноҳияи Самарқанд таҳсил гирифтаам. Ин мактаб таърихи бой дорад. Он солҳои тӯлонӣ ба номи нависандаи маъруфи рус Максим Горкий буд.
Агар ба таърихи ин мактаб назар афканем, он аз тарафи шахси маърифатпарвар,  донишманд Алихонбобо Акобиров бо ёрии шариконаш Султон Мавлонов ва Фатҳулло Амонуллоев дар ҳавлии калони Файзуллобойи равонакӣ барои  15 нафар талабагон (фарзандони деҳқонон) сохта шуда буд. Дар ин бора ҳатто рӯзномаи ҳамонвақтаи «Ленин байроғи»-и ноҳияи Комсомол (ҳоло ноҳияи Самарқанд) соли 1957  мақола ва суратҳо) чоп карда буд. Дар мақола бо номи  «Шахсони нурафканандаи маърифати қишлоқ» оварда шудааст: «Бори аввал дар маҳаллаи Равонак соли 1919 барои 15 нафар як синф ташкил гардид. Кушода шудани мактаби шӯравӣ дар байни рӯҳониёни қишлоқ сабаби ғавғоҳои калоне шуд. Онҳо бо дандону нохунҳои худ бар зидди кушодашавии мактаби советӣ зид баромаданд.
Алӣ Акобиров, Фатҳулло Амонуллоев барин шахсони маърифатпарвар афсонаи рӯҳониёнро фош карда партофтанд.  Онҳо фарзандони деҳқононро ба мактаб ҷалб карданд. Ин мактабе, ки дар даври ниҳоят вазнини муборизаи байни синфҳо ташкил карда шуд, бар зиддияти бойҳо нигоҳ накарда, васеъ гардид. Дар он шумораи хонандагони фарзандони деҳқонон зиёд шудан гирифт. Вале дар ҷалби духтарон душвориҳо пеш омаданд. Баъзе духтароне, ки ба остонаи мактаб қадам гузоштанд, аз тарафи рӯҳониён ваҳшиёна кушта шуданд. Дар соли 1924 дар мактаб танҳо ду нафар духтари маҳаллӣ мехонд.
Дар деҳа баробари мустаҳкам шудани ҳокимияти шӯравӣ шумораи хонандагони мактаб ҳам зиёд шуданд. Акнун ба онҳо ҳеҷ гуна афсона ва дӯғу пӯписаҳо таъсир намекард. Дар ҳоли ҳозир дар шӯрои қишлоқ 1 мактаби миёна ва 3 мактаби ҳафтсола мавҷуд. Шумораи хонандагони ин мактабҳо назар ба соли 1919 104 маротиба зиёд аст.  Дар мактабҳои қишлоқ баробари писарон 712 нафар духтарон ҳам таълим мегиранд...» 
Чи тавре ки олими барҷаста, профессор Холиқ Мирзозода ва насли калонсол иброз доштанд, ин мактабу клуби боҳашамати маҳалла  бо ташаббуси  Алихонбобо Акобиров ва бо ёрии якчанд нафар фаъолони деҳа сохта шудаанд.
 Алихонбобо Акобиров оила бунёд накард ва  зану фарзанд ҳам надошт. Вай дар ҳаёт муҷаррад гузашта бошад ҳам, корҳои некеро ба анҷом расонида, аз худ номи неке боқӣ гузошт. Вай якчанд таноб боғи падарашро фурӯхта, ба бунёду сохтмони ҳамин мактабу маҳалла сарф кард...
Мактаб якчанд шахсони намоёнро тарбия карда, ба воя расонидааст. Барои намуна якчанд нафари онҳоро мисол меорем:
Холиқ Мирзозода, – профессор, доктори фанҳои филологӣ, муаллифи чандин китоби дарсии мактабҳои миёна ва олӣ; Акбар Аҳтамов – профессор, доктори фанҳои фалсафа, мудири кафедраи Институти тиббии Самарқанд; Масъуд Аҳтамов – профессор; Файзулло Амонуллоев – профессор, доктори фанҳои биология; Дарвин Амонуллоев – профессор, падари оҳангсоз Дилором Амонуллоева; Мираббос Аминҷонов – профессор, мудири шуъбаи Институти тадқиқоти илмии қарокӯлпарварӣ; Гадойқул Тӯраев – афсари калони солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон; Раҳмон Раҳматзода – афсари солҳои ҷанг, сармуфаттиши Садорати корҳои дохилии вилоят; Раҳматулло Шарифзода – Аълочии маорифи халқи ҷумҳурӣ, журналист ва нависанда; Толибҷон Аҳтамов – профессор; Рустам Облоқулов – дотсент; Қурбонбой Шарифов – дотсент; Ҳабиб Шарофов – Агрономи хизматнишондодаи ҷумҳурӣ; Дамир Баҳромов – соҳибкори намоён, ҳомии имрӯзаи мактаб ва фаъоли маҳалла...
Имрӯзҳо сарварии ин таълимгоҳро омӯзгори пуртаҷриба Мамлакат Равшанова ба ӯҳда дорад. Бо ташаббуси ин роҳбари чашмикордон мактаб торафт ободу зебо мегардад. Дар мактаб толори калони замонавии варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, синфхонаҳои махсуси забони русӣ, логопед, компутер ва ғайраҳо сохта шудаанд. Дар ҳамаи ин кору муваффақиятҳо саҳми директори мактаб ва марди саховатпеша Дамирҷон Баҳромов калон аст.  
Аҳли деҳаҳои Равонак, Шӯрбоӣ ва Қӯлба пешниҳод доранд, ки мактаби рақами 33 ба номи Алихонбобо Акобиров гузошта шавад ва умед дорем, ки ин таклиф ба инобат гирифта мешавад.

Шодмон АМОНУЛЛОЕВ, 
деҳаи Равонаки
ноҳияи Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: