ҲАМА ТОЛИБИ ВАРЗИШ

Хоҳу нохоҳ ҳама инсонҳо ба тарбияи ҷисмонӣ ва бадани худ майл дорад, аммо он қариб ҳамеша бенизом ва бе мусобиқа мебошад.

Табиист, ки варзиши тану ақл пеш аз ҳама барои худ ва нафъи саломатӣ иҷро карда мешавад.
Яке аз вазифаҳои асосии иттифоқи касабаи коргарон низ ба тарбияи умумии ҷисмонӣ, тарзи ҳаёти солим ва зиндагии бомувозинат бо табиату муҳит ҷалб намудан мебошад. Дар арафаи ҷашни истиқлолият, ки он дар меҳвари шиори «Дар Ӯзбекистони Нав халқ азиз, инсон азиз» таҷлил мегардад, Кумитаи муттаҳидаи иттифоқҳои касабаи ходимони соҳаҳои соҳибкорӣ, тиҷорат ва хидматрасонии шаҳри Тошканд ташаббусе зоҳир намуда, раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ва фаъолони онҳоро дар яке аз осоишгоҳҳои ноҳияи Бӯстонлиқ зери унвони «Саломатӣ – 2022» ба мусобиқа аз рӯйи намудҳои тенниси рӯйи миз, шашкаву шоҳмот, дартс, арғамчинкашӣ ва ҷаҳишҳои гуногуни атлетикаи сабук сафарбар намуд. Дар ҳар намуди он ғолибон тақдир гардиданд ва ҳамаи ин бо риояи расмҳои маросими мусобиқот ба амал омад, ки бино ба суханони раиси иттифоқи касабаи муттаҳидаи мазкур Дилфуза Исмоилова «раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи корхонаву ҷамоаҳо на фақат бо ташкилдиҳӣ ва баргузорнамоӣ машғул гарданд, балки худашон низ бевосита дар чунин озмоишҳо ширкат намоянд ва худро озмоиш кунанд».
Ин маҳфил фақат аз қувваозмоии варзишӣ иборат набуд, чунки дар доираи он семинаре низ ба вуқӯъ пайваст, ки дар бобати ташкили кору фаъолияти иттифоқи касаба, тағироту тасҳеҳот дар тартиби кори он, муҳофизати меҳнат ва нақши иттифоқи касаба дар ҷиҳати ҳимояи коргарон ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо баҳс ба амал овард.
Ба чунин саволу баҳсҳо мутахассисон ва ҳуқуқдонҳои иттифоқи касаба равшанӣ андохтанд, то ки роҳбарони ташкилотҳои соҳаи иттиҳоди касаба дар фаъолияти худ онҳоро корбаст намоянд.

Т. ИКРОМОВ,
раиси иттифоқи касабаи «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: