Аввали моҳи августи соли 1982 ман бинобар даъвати шахсан сармуҳаррири рӯзнома барои кор ба идораи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» омадам.
Маро аввал ба сабаби он ки мудири шуъбаи хоҷагии қишлоқи нашрия Авнер Исҳоқбоев дар рухсатӣ буд, ба кори ин шуъба масъул карданд. Кори ман дар ин ҷо хеле тӯл кашид. Зеро Авнер Гавриелович, ки марди солдида будааст, баъди адои фурсати рухсатиаш, боз беш аз як моҳ табобат гирифту охирҳои моҳи сентябр ба кор баргашт. Вай марди зардинаи миёнақад,нозукандом, чашмкабуди мӯйи сараш рехтаи яҳудитабор буд ва он замон тақрибан 60-62 сол дошт.
– Хӯш-ш, писар, гап занед-чӣ, шумо аз куҷо, куҷоя тамом кардед, то ин дам дар куҷо кор мекардед ва умуман ба чӣ ихтисос доред?, – пайи ҳам савол дод Авнер Гавриелович бо овози хираву гирифта, пас аз шиносоии муқаррарӣ.
Ба ӯ мухтасари «шарҳи ҳол»-и худро гуфтам.
– Мутахассиси забону адабиёти тоҷик бошед, дар шуъбаи мо чӣ кор мекунед?, – ин дафъа саволи ғайричашм-дошт дод ӯ.
– Надонам, маро дар ҳамин ҷо кор карда истед, масъули шуъба дар рухсатианд, ҳамин ки ба кор баргаштанд, шуморо ба ягон шуъбаи дигар мегузаронем, гуфтанд. Ман то дараҷае, ки аз дастам омад, мактубу хабар-ҳои ба шуъба расидаро кор карда додам. Он тарафашро роҳбар медонанд, – муфассал ҷавоб гуфтам ба саволи мудир.
– Шумо хафа нашавед, писар, ман ҳамту пурсидам, – ин бор рӯйравӣ кард ӯ. – Ҳозир рӯзномаҳои ду моҳи охир, хабару мақолаҳои тайи ин муддат аз шуъбаи мо эълоншударо дида баромада, баъд ба кори «аз дасти шумо омада» баҳо медиҳему ҳар ду бе дахолати роҳбар ба як қарор меоем, чӣ гуфтед? – аз зери айнак чашмони осмонирангашро рост ба ман дӯхта, аз ҷо бар шуд вай ва дӯхтаи рӯзномаҳоро рӯйи мизаш гузошт.
Ман чизе нагуфта саргарми кори худ шудам. Тақрибан баъд аз соате Авнер Гавриелович бастаи рӯзномаҳоро пӯшида, ба ҷояш монд ва ин карат бо садои мутантан: – Шумо анча дуруст-ку, писар. Пештар ҳам менавиштед? Хоҷагии қишлоқа мефаҳмидаед, ин «навик»-ҳо аз куҷо? – гӯён дубора ба ман рӯ овард ӯ.
– Не, ман хабару мақола наменавиштам, вале ба қарибӣ дар «Ҳақиқати Ӯзбекистон» як очеркам баромада буд. Дар деҳа калон шуда ба воя расидем, хоҷагии қишлоқа ҳамеш дар қишлоқ. Нурато аз ноҳияҳои чорвопарварии ҷумҳуриамон. Мардуми мо ҳама чорводор. Вале, мебахшед, «навик»-атона нафаҳмидам...
– Мудир баланд хандиду: – Ин калимаи русӣ, мо, яҳудиҳо баъзан аз ин забон сӯиистифода мекунем, яъне таҷриба, малака гуфтанӣ будам.
Бо ҳамин марҳилаи аввалини шиносоии мо бо мудири шуъба анҷом ёфт ва мо ҳар ду хомӯшона, ба таъбири ӯ, гӯё «ба як қарор омадем».
Дере нагузашта корманди идора Юсуфалӣ Мирзоев, ки аслан аз понғозиёни ноҳияи Ашти Тоҷикистони муқими Тошканд буду вазифаи мудири шуъбаи шӯроҳоро иҷро мекард, ба сифати тарҷумон ба Эрон рафт ва ман ба кори шуъбаи мазкур вобаста гардидам.
Ҳамин тариқ, муддате аз як шуъба ба шуъбаи дигар гузашта, тарзи корро дар таҳририяти рӯзнома меомӯхтам ва ба қавли Авнер Гавриелович, навикам – малакаам меафзуд. Бо ходимони хурду бузурги идора бештару беҳтар шинос ва бо баъзеи онҳо ошно мешудам. Дар ин байн, албатта навиштаҳои аввалин – мақолаҳои кучаку бузургам саҳифаҳои рӯзномаро «оро» медоданд. Аҳёнан дубайтиву рубоӣ ва шеъру ғазалҳоям низ чоп мешуданд. Дар тас-ҳеҳи хабару лавҳа ва мақолаҳои калонҳаҷм иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи мактабу маориф, ҳамдиёр ва ҳаммактабам Бекназар Тӯйназаров, ки фикр мекунам, аз ҷумлаи журналистони кутоҳсухан, вале хушнависи рӯзнома ба шумор мерафту ҳикояҳои хуб ҳам менавишт, дар таҳрири навиштаҳои назмӣ бошад, мудири шуъбаи адабиёт, шоир ва тар-ҷумон Ҷонибек Қувноқов, ки аз соҳибтаҷрибагони идора маҳсуб меёфту низ ҳамдиёру ҳаммактаби ман буд, аз наздик кумак мекарданд, камбудиву нуқсонҳояшонро ислоҳ, хубиву бартариҳояшонро таъкид менамуданд.
Боре, баъди ду-се моҳи ба кор омадан чанд шеърам дар рӯзнома чоп шуд, ки яке аз онҳо «Шатранҷ» ном дошт. Субҳи рӯзи дигари пас аз чоп шудани шеърҳо ман чун ҳарвақта бармаҳал ба идора омада, акнун дари дафтари худро мекушодам, ки котибаи таҳририят, духтари рустабор – Марина аз қабулгоҳ баромада, хабар дод, ки маро ҷонишини сармуҳаррир Муҳсин Умаров назди худ мехонад. Ман, албатта, бо ҷонишин дар ин муддати на чандон тӯлонии кор дар рӯзнома чандин бор ҳамсуҳбат шуда будам, вале ин гуфтугузорҳо ҳама сарироҳӣ ва аксар аз салому алейку ҳолпурсӣ иборат буданд. Ин дафъаи нахустин буд, ки ӯ маро ба ҳузураш даъват мекард ва барилова боз аз ҳамкорони нав шунида будам, ки мавсуф ходими бағоят донишманду пурдон ва сахтгиру серталаб аст. Аз ин рӯ бо қадре ҳарос ва коғазу қалам ба ҳузураш шитофтам. Рухсат пурсида, бо арзи салом наздаш даромадам. Ӯ аз ҷо хеста, даст дароз кард ва барои нишастан ҷой нишон дод.
– Не, ман, бемалол.., – ин буд аввалин суханоне, ки ман ба забон овардам.
– Шинед, шинед, ман бо шумо аз наздик шинос шуданӣ. Дар шумораи дирӯзаи рӯзномаамон шеърҳоятон чоп шудаанд. Онҳо ба ман маъқул, ба хусус шеърҳои «Шубон» ва «Шатранҷ». Хулосаҳои хуб доранд ин шеърҳо.
Марди шубон надорад осоиш,
Марди шубон зи хоб носер аст.
Меҳнати ӯ меҳнати шоир,
Қисмати ӯ қисмати шеър аст.
***
Рӯйи шатранҷ саҳнаи пайкор,
Саҳни разм аст, саҳни користон.
Қимати марг ҳар кӣ медонад,
Ӯ зафар мекунад дар ин майдон.
«Шубон»-аш маълум, хабар дорам, ки шумо аз Нурато. Нурато бошад, аз шаҳрҳои куҳани тоҷикнишини ҷумҳурии мо, ватани чорводорону чорвопарварон. Аз ин рӯ хулосаи бисёр хуби ин шеър чандон тааҷҷубовар нест, зеро ба таъбири устод Мирзо Турсунзода «Кӯҳро кӯҳгард донад хуб», ҳарчанд ин низ маҳорати ифода карда тавонистан ва диди шоиронаро тақозо дорад, вале хулосаи мантиқии шеъри дуюм ҳайратовар аст. Шумо шатранҷ бохта метавонед?
– Ташаккур, устод, лутф кардед. Бале, метавонам, вале таърифӣ не. Ҳамту бозӣ карда метавонаму бас. Аз шатранҷдонии шумо огоҳам ва ростӣ, то навиштаҳои шуморо хондан аз сад яки онҳо-ро намедонистаму ҳоло ҳам ба қадри бояду шояд намедонам.
– Чӣ хел? Кадом навиштаҳо?
– Як замон дар рӯзнома силсилаи мақолаҳоятон таҳти рукни «Дарси шоҳмот» чоп шуда буданд, мо – шоҳмотбозони деҳотӣ онҳоро хонда, аз таърих, қонуну қоида, тартибу рисолати ин бозӣ, чӣ будани «дебют – ибтидои бозӣ, эндшпил – интиҳои мусобиқа, гамбит – муфтқурбонкунии пиёда ба мақсади зуд ба ҳуҷум гузаштан, сейтнот – норасоии фурсат барои гашт, ферзовий гамбит – фарзинбанд» ва ғайра хабардор шуда будем...
– Ҳа-а, ин кай буду... Дар Нурато «Ҳақиқати Ӯзбекистон» мехонанд?
– Дар маркази Нурато не, ҳарчанд аксари аҳолӣ ба тоҷикӣ гуфтугӯ мекунанд, дар деҳаҳои тоҷикнишини он, ки мактабҳои тоҷикӣ доранд, мехонанд, аксарият обунаанд, ҳатто маҷаллаву рӯзномаҳои Тоҷикистонро ҳам мегиранд...
– Чаро дар марказаш не?
– Чунки мактабҳои тоҷикӣ нестанд. Забонашон омиёна аст. Зеро дар ин шаҳр, ба андешаи ман, солҳои зиёд, балки тӯли асрҳо мадрасаву макотиб ба забони мо набудааст.
– Ин андешаи дуруст аст! – гуфт вай бо қатъият ва муддате хомӯш монд. Аз он кайфияте, ки дар оғози суҳбат дошт, гӯё асаре намонда буд. Сипас:
– Хайр, ин мавзуи суҳбати дигар. Мо ҳоло дар бораи шеъру шоҳмот гуфтугӯ доштем. Аз кай боз шеър мегӯед? Устодатон кӣ буд? Мебинам, ки аз арӯз огоҳии хуб доред. Онро аз куҷо ва аз кӣ омӯхтаед?
– Ҳанӯз солҳои мактабхонӣ шеърҳои бачагона менавиштам. Боре устодам, муаллими забон ва адабиёти мактабамон Саломатулло Олибоев чандтои онҳоро ба маҷаллаи «Машъал» фиристоданд. Дутояш чоп шуд ва боз ба мазмуни бештар хонеду бисёртар нависед, мактуб ҳам омад. Аз ҳамон давр ин ҷониб кам-кам менависам. Арӯзро айёми донишҷӯйӣ дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ аз муаллими забони тоҷикӣ Хуршед Қамариддинов, устод шоир Салим Кенҷа, ки аз педагогика дарс мегуфтанд ва асосан аз доктори илмҳои филологӣ, профессор Холиқ Мирзозода, ки аз Душанбе омада ба мо сабақ медоданд, омӯхтам. Онҳо низ ҳар ду шеър менавиштанд.
– Хуршед Қамар менависад, медонам. Баъзан рубоиҳояш дар рӯзнома чоп мешаванд, вале аз шеърнависии Холиқ Мирзозода огоҳӣ надоштам, бори аввал мешунавам.
– Бале, инро кам касон медонанд, чунки, худи муаллим мегуфтанд, ки ягон дафъа шеърашонро дар матбуоти даврӣ эълон накардаанд. Вале чандтои онҳоро, «гапи байни худамон», гӯён, ба ман хонда дода буданд. Эшон аз арӯз вуқуфияти комил доштанд, ҳатто ғалатҳои вазнии ашъори шоирони маълуму маъруфи муосири моро низ, боз бо ҳамон шарти болоӣ нишон медоданд.
– Ин нуктагирии профессор ҷон дорад, эшон, ба қавле хоки дари мадрасаро лесида, савод баровардаанд, дар мадрасаҳои куҳна бошад, илми шеъру илми арӯз махсус омӯзонида мешуд. Аз ин ҷост, ки дар шеъри шоирони классикии мо, ҳатто аз нуқтаи назари имрӯз, шуарои «сусттарин» ҳам, ноҷӯрии вазну таносуби сухан ва боз ҳазору як иллати дигарро, ки дар шеъри кунунӣ фаровон аст, ба пурбин ҳам, – ӯ ба пурбини рӯйи мизаш ишора кард, – ҷуста намеёбед.Шумо хабар доред ё не, камина низ баъзан шеър мегӯям...
– Хабар дорам, баъди ба кор омадан донистам, ки «Фаррух» тахаллуси шумо будааст, чанд ҳикояатонро ҳам хондаам.
– Хайр, он навиштаҳо ба фикри шумо чӣ хел?
– Хубанд, ба хусус ҳикояҳо. Маълум, ки маҳорати ғании худовандӣ ва тавону таҷрибаи хубу хотирмон гуфта тавонистан доред, аз ҳама муҳимаш забони ҳикояҳо равону суфта ва бидуни сакта аст. Баъдан, мушоҳида кардам, ки дар шеъри шумо ҳам арӯз қоим буда, ноҷӯрии вазн анқариб ба назар намерасад. Боз...
– Ташаккур, ман ҳамин тур барои қонеъ сохтани нафси табъи худ менависам. Ба ин навиштаҳо чандон эътибор надиҳед, онҳо кирои таърифу тавсиф нестанд, шумо адабиёти классикиамонро бештар хонеду аз бар кунед. Ба мутоилаву омӯзиши адабиёти классикии хориҷӣ, аз ҷумла русӣ бояд зиёдтар машғул шуд. Дарвоқеъ, оё забони русиро медонед?
– Медонам, вале озоду бехалал гап зада наметавонам. Забони ӯзбекиро ҳам айнан ҳамин хел. Зеро ҳеҷ гоҳ зарурати муошират бо мардуми рустабору ӯзбекзабон надоштам. Бисёр касон забони муоширати русиро дар хидмати ҳарбӣ ёд мегиранд. Мутаассифона, ман ба аскарӣ ҷалб нашудаам. Дар он замон, ки мо донишкадаро хатм кардем, омӯгорони деҳотро ба хидмати ҳарбӣ даъват намекарданд, аз ин лиҳоз аз омӯхтани ҳусни гуфтори русӣ бебаҳра мондем.
– Пас чаро медонам, гуфтед.
– Аввалан, русиро дар мактабҳо меомӯзонанд, дар донишкада низ, баъдан, барои он ки ин забонро хубтар донам, ба худомӯзӣ машғул шудам. Тавре ки шумо навакак ба таъкид гуфтед, адабиёти классикии хориҷӣ ва русро, аксаран ба ҳамин забон мехондам ва барои он ки дар хотир монаду ба ин баҳона навиштанро низ ба ин забон ёд гирам, хулосаи асари хондаамро бо забони русӣ, ба таври худ менавиштам – конспект мекардам. Он навиштаҳоро ба муаллими забони русиамон дар донишкада нишон медодам, то камбудиҳояшонро ислоҳ кунад. Ӯ не нагуфта, ин корро аз таҳти дилу майли тамом адо менамуд ва ҳар дафъа бардурӯғ таъриф ҳам мекард, ки «хулосаи навро аз пештарааш беҳтару камхатотар навиштаам». Ҳоло ҳам тариқу тартиби мутолиаам бо забони русӣ ба ҳамин ранг аст...
– Хеле хуб, аммо муоширатро ҳам ёд гирифтан даркор, ҳарчанд худи ман низ ба ин забон чандон муоширати таърифӣ надорам, – хоксорӣ кард устод.
Ҳамин тариқ мо бо ҷонишини сармуҳаррир дуру дароз суҳбат кардем, ба бисёр соҳа ва масъалаҳо дахл намуда, сипас, фикр мекунам, ҳар ду аз ин мулоқот ба дараҷае қонеъ аз пайи кори худ шудем.
Солҳои мактабхонӣ ва асосан айёми таҳсил дар донишкада, ҳангоми омӯхтани ҳаёт ва фаъолияти бузургони илму адаби форсу тоҷик ва ғайра аз забони устодон калимаи «энсиклопедист»-ро бисёр шунидаем. Масалан, мегуфтанд, ки классикони мо Абӯалӣ Сино, Умари Хайём, Носири Хусрав, Аҳмади Дониш ё бигирем, наздиктарини онҳо устод Садриддин Айнӣ энсиклопедист буданд, яъне ҳамадон – донишманди фарогири илми соҳаҳои зиёд ба шумор мерафтанд.
Ростӣ, ман то замони барои кор ба рӯзнома омадан бо нафаре, ки аз бисёр соҳаҳои илму дониш, санъату адабиёт ва ғайра ба хубӣ огоҳ бошад, рӯ ба рӯ нашуда будам. Муҳсин Умарзода, ба назари ман, аз ҷумлаи ин қабил энсиклопедистон – ҳамадонҳо буд. Ӯ ҳам нависандаву шоир, ҳам публисисту тарҷумони беназир, ҳам санъатшиносу рассоми моҳир, ҳам журналисти соҳир-қалам, ҳам донандаи хуби таърихи миллат ва забони модарӣ, хабардори варзиш, билхоса шатранҷ ...маҳсуб меёфт. Аз ин ҳикояву ашъор, мақолаву тарҷумаҳо, хосатан силсилаи навиштаҳояш дар бораи забон ва бузургони илму фарҳанги тоҷик, ки мутаассифона, дар сурати китоб интишор нашуданд, шаҳодат медиҳанд.
Ҳикоя мекарданд, ки боре чемпиони ҷаҳони вақт оид ба шоҳмот Анатолий Карпов дар Тошканд сеанс, яъне сабқати яквақтаи шоҳмот дар чандин тахтаи шатранҷро бо якчанд шоҳмотбози машҳури тошкандӣ баргузор намуда, тамоми рақибонашро мағлуб ва танҳо бо Умарзода якранг карда будааст.
Дафъае пагоҳӣ ба кор омада, чун одат барои бо онҳое, ки пештар аз ман омадаанд, салому алейк кардан ба дафтари сармуҳаррир Шавкат Ниёзов, ки дараш боз буд, даромадам ва бо муаллим ҳолпурсӣ намудам. Сипас аз котиба, ки дар байни хонаҳои кории сармуҳарриру ҷонишини ӯ менишаст, пурсидам, ки оё Умарзода омадааст.
– Он здесь, музыку слушает, – кӯтоҳакак ҷавоб дод котиба.
Дар ҳақиқат, аз хонаи муовин садои маҳину муассири мусиқӣ ба гӯш мерасид. Дарро кӯфта, баъди шунидани овози: даромадан гиред – ба хона ворид шудам ва салом додам. Устод аз радиои калони қартагардонии сохти Шӯравӣ, ки танҳо дар дафтари кории ӯ буд, бо сари хаму чашмони нимпӯш мусиқӣ мешунид. Вай ҳолати худро дигар накарда, ба саломи ман алейк гуфту ишора намуд, ки шинам. Ман ноилоҷ амонатакак нишастам. Мусиқӣ хеле давом кард. Умарзода радиоро хомӯш намуда, қартаро аз он гирифту ба қуттиаш андохт ва оҳиста ба курсиаш чӯкид. Дафъатан дидам, ки чашмонаш пуробанд.
– Устод, ба шумо чӣ шуд?, – пурсидам бо тааҷҷуб.
– Ҳеҷ чиз нашудааст. Тан-ҳо камакак мутаассир шудам. Ин симфонияи 5-уми Бетховен буд.
– Шумо Бетховенро мефаҳмед?
– Камтар, – гуфт ӯ камтарона ва ҷавобан суол кард.
– Шумо-чӣ?
– Мутаассифона, ман аз дарки ин неъмат – мусиқаи классикии аврупоӣ, ки ҳоло дар ҷумҳурии мо низ шунавандагону ҳаводорони зиёд дорад, бебаҳраам.
– Афсӯс! Умуман, аз классикони машҳури мусиқии Ғарб хабар доред? Киҳоро медонед, киҳоро шунидаед?,– пайи ҳам пурсид вай.
Ман чанд нафар оҳангсозони маъруфи аврупоиву рус, аз ҷумла Мотсарт, Бах, Шопен, Шуберт , Ҷузеппе Верди, Глинка, Чайковский, Шостакович, Александров, Прокофевро номбар кардам ва илова намудам, ки фақат номҳояшонро медонаму бас. Аз осорашон огоҳии кам дорам, аз баъзеи онҳо умуман чизе намедонам.
– Ин қадар номҳоро медонед, худи ҳамин гапи калон, – завқ кард устод. – Лекин донистан хуб, балки зарур, алалхусус барои эҷодкор, – таъкид намуд ӯ.
Баъди ин воқеа ман боз як паҳлӯйи нодири истеъдоди ӯро барои худ кашф ва пайи фаҳмидану дарк кардани осори, ба таъбири устод «классикони мусиқии Ғарб» саъй намудам.
Тӯли солҳои кори якҷоя мо бо Муҳсин Умарзода дӯстони хеле қарин шудем. Ӯ навиштаҳои адабиву бадеии худро ҳатман ба ман супурда хоҳиш мекард, ки онҳоро аз назари танқидӣ хонда бароям ва агар зарур донам, сахтакак таҳриру тас-ҳеҳ кунам. Ман, албатта, чунин мекардам, бо диққат мехондам,саъй менамудам, ки ягон чиз ё андешаи таҳрирталаб пайдо кунам, вале ягон ҷумла ё ақаллан ибораву калимаро дигар карда наметавонистам. Ин илоҷ надошт. Зеро устод ба ғоят пухта ва мукаммал менавишт...
Рӯзе боз котиба хабар дод, ки ҷонишин маро мепурсад. Чун одат коғазу қалам гирифта, бо рухсат назди устод даромадам. Рӯйи мизи кории ӯ панҷ ҷилди оҳорашон нарехтаи осори мунтахаби Абдураҳмони Ҷомӣ меистод, ки соли 1964 ба муносибати 550-умин солгарди шоир аз тариқи нашриёти «Ирфон» (Душанбе) чоп шуда буд.
– Ин китобҳо аз ман ба шумо туҳфа, – гуфт ӯ баъди салому алейки муқаррарӣ. — Гиред ва бовар кунед, ки камина бори аввал бо хости дили худ ба нафаре бо беҳтарин орзуҳо ва соядасти муфассал китоб, боз осори шоири бузурги тоҷикро, оре, Ҷомӣ куллан шоири мост, ҳадя мекунам. Шумо ба ин армуғон сазоворед. Саломат ва комгору комёр бошед, – гуфт устод ва барои табрику таҳният даст дароз кард.
Мани аз ин туҳфаи ногаҳониву ғайричашмдошт осемасар, якзайл:—Ташаккур, устод! Бениҳоят миннатдорам! Маро бисёр хурсанд кардед! – мегуфтам дасти ӯро самимона фишурда. Дар дохили муқоваи зебои ҷилди якуми осори мунтахаби шоири бузург, воқеан, ба таъбири устод «соядасти муфассал»-и эшон сабт буд.
Устод Муҳсин Умарзода, ин ҷоннисори камназиру ҳамадони миллат ва «Овози тоҷик», ки 10 июли соли 1930 дар деҳаи Учқӯрғони вилояти Ӯши Қирғизистон таваллуд шуда, баъди хатми факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна ба забони ӯзбекӣ (соли 1954) дар Тошканд монда, солиёни дароз дар рӯзномаи мазкур кор кард ва ба дараҷаи ҷонишини сармуҳаррири «Овози тоҷик», муҳимаш донишманди камназири забон ва адабиёти тоҷик расид, соли 2013 дар як рӯз бо ҳамсараш аз олам даргузашт.
Оре, аз як хонаи бекасу бесоҳибмонда дар асру пешини як рӯз (шояд ин ҳам аз ҷумлаи ҳодисаҳои нохуш ва бисёр камвоқеи ҳаёти оилавӣ бошад) ду маитро бароварданд...
Аз устод дар ёди дӯстону шогирдони содиқу вафодораш хотираҳои нек ва аз навиштаҳои хубу сараву хонданиаш, мутаассифона, танҳо дар саҳифаҳои рӯзномае, ки дӯсташ медошту барои он беш аз чиҳил соли умри гаронмояи худро бахшид, ҳамчунин дар ду китоб яке «Дарси хештаншиносӣ», ки дар Душанбе соли 1989 аз тариқи нашриёти «Ирфон ва дигаре «Тоҷик – Тоҷдор, Тоҷвар», ки соли 1990 дар нашриёти «Адиб» чоп гардидаанд, ду мақолаи машҳури ӯ бо номҳои «Маънии «тоҷик» ва «Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст» боқӣ монданд.
Ёдаш ба хайр, хонаи охираташ обод бод!
Тӯхтамиш ТӮХТАЕВ,
муҳаррири бахши фарҳанги
«Овози тоҷик».
Дар сурат: (аз чап ба рост) Нависандаи халқии Ӯзбекистон, мухлиси рӯзномаи «Овози тоҷик» Неъмат АМИНОВ, устод Муҳсин УМАРЗОДА, нависанда, тарҷумон ва журналисти шинохта Хӯҷамурод ҚӮЛДОШЕВ ва муаллиф.