ҲАМАИ ПЕШРАВИҲО АЗ МЕҲНАТ МАНШАЪ МЕГИРАД

Магомед Косоев раиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Русӯзтекс»-и Риштон мебошад.

Вай аз зумраи соҳибкоронест, ки дар ин ноҳия аз усули   кластер фаровон истифода намудаанд.Дар ин замина ноҳия дар ҷумҳурӣ аввалин шуда нақшаи давлатии пахтасупориро иҷро намуд. Муҳтавои суҳбати ихтисосии мухбирамон бо Магомед Косоев ҳамин мавзӯъҳоро фаро гирифтааст.
– Магомед Измайлович, доир ба фаъолияти худ дар шаҳристони Риштон мухтасар маълумот ироа мекардед.
– Дувоздаҳ сол аст, ки муқими ин шаҳристони қадимиву зебо ҳастам. Банда барои ривоҷи корхонаи калобаресӣ маблағи зиёд сарф намудам. Аммо дар натиҷаи пеш омадани мушкилоти бюрократӣ то ду соли пеш кори мо ақиб рафт. Имкониятҳоямон маҳдуд шуданд ва касе ба имдоди мо нарасид. Шукр, ки замона  тағйир ёфту барои ривоҷи соҳибкорӣ шароит беҳтар гардид. 
– Ҳоло дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуде, ки роҳбарии онро бар дӯш доред, корҳо чӣ тавр пеш мераванд?
– Вақте ки дубора бо дили гарм ба кор шурӯъ кардем, муваффақ шудем, ки 1, 2 миллиард сӯми батороҷрафтаи корхонаро бо мушкилот ҷуброн кунем. Ин маблағе буд, ки барои ривоҷи корхона аз давлат қарз гирифта шудааст. Сонӣ корхонаи ресандагиро ба Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Русӯзтекс» табдил додем. Дар ивази маблағҳои калон таҷҳизоту дастгоҳҳои нави ресандагӣ харидем. Ҳоло 450 нафар дар корхонаи мо машғули кор ҳастанд. Барои онҳо шароити хуби корӣ офарида шудааст. Коргаронамон аз маоши гирифтаашон қаноатманд ҳастанд.
– Ноҳияи Риштон наздики якуним даҳсолаи охир нақшаи давлатии пахтасупориро иҷро намекард, аммо имсол дар ҷумҳурӣ аввалин шуда ба иҷрои ин нақша муваффақ шуд. Магар ягон мӯъҷиза рӯй дод? 
– Ҳамаи мӯъҷиза дар меҳнати босамари мову аъзои хоҷагиҳои фермерии ноҳия мебошад. Мо корҳои зиёди тарғиботӣ гузаронидем. Ба аъзои хоҷагиҳои фермерӣ фаҳмонидем, ки агар аз усули кластер истифода сурат гирад ва  онҳо ба мо эътимод дошта бошанд, муваффақиятҳои калон ба даст хоҳанд омад. Яке аз маъноҳои луғавии иқтисодии кластер  гурӯҳи ширкатҳои мутамарказонидаи  бо ҳам алоқаманд мебошад. Мо ин хоҷагиҳоро бо маблағ, нурии минералӣ ва васоити  техникӣ таъмин кардем. Дар сурати зарурат барои аъзои хоҷагиҳои фермерӣ анвоъи хӯрокворӣ тақсим намудем. Дар натиҷа онҳо хотирҷамъ машғули кор шуданд. Ин буд, ки нақшаи давлатии пахтасупорӣ сарбаландона иҷро гардид.
 – Пас, ягон мӯъҷиза рӯй надодааст, балки эътимод ба ҳамдигар асоси ҳамаи пешравиҳо шуд?
– Бале. Дар ҷамъи хоҷагиҳои фермерӣ, ки теъдоди он 320-торо ташкил мекунад, 1600 қитъаи замин мавҷуд аст. Ҳар як қитъа аз тарафи мутахассисони варзида мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифт. Маълум шуд, ки бар асари муносибати нодуруст нисбати замин, пиёда накардани корҳои агротехникӣ, аз  меъёр хеле кам пошидани нурии минералӣ сохти аксари майдонҳои таҳти кишти пахта ва гандум вайрон шудааст. Корҳои обёрӣ низ сари вақт гузаронида нашудаанд. Баъди ғунучини ҳосил хоҷагиҳои зиёди фермерӣ шудгори тирамоҳиро ба таъхир гузоштаанд. Мо то андозае ин камбудиҳоро ба таври фаврӣ бартараф кардем. Ҳатто то моҳи апрел мо ба шудгори майдонҳои таҳти кишти пахта машғул шудем. Дар ивази меҳнати шабонарӯзӣ баъзе қитъаҳои калони майдонҳои киштро дубора барои ҳосил гирифтан «зинда» кардем. Хоҷагиҳои зиёди фермерӣ ҳанӯз дар чинаки дуюми пахта нақшаи давлатиро иҷро карданд.
– Яъне метавон ҷиддан гуфт, ки хоҷагиҳои фермерии даҳ парки механиконидашудаи мошину трактори ноҳия танҳо бо истифода аз усули кластер ба ин муваффақиятҳо ноил шуданд?
– Бале. Аммо пӯшида нест, ки ҷиҳати анҷоми корҳои зиёди агротехникӣ барои хоҷагиҳои фермерӣ пеш аз ҳама мавҷудияти маблағи зарурӣ шарти ногузир аст. Гуфта метавонам, ки дар муддати кӯтоҳ барои иҷрои корҳои гуногун аз кисаи мо нӯҳ миллиард сӯм харҷ гардид. Ба ибораи дигар, на мо, балки хоҷагиҳои фермерӣ аз мо қарздор шуданд ва онро бо маҳсулоти худ ҷуброн карданд. Боз мегӯям, ки дар онҳо боварӣ ҳосил шуд ва донистанд, ки усули кластер чӣ афзалиятҳо доштааст ва касе онҳоро фиреб низ дода наметавонад.   
– Оё танҳо таъминоти молӣ кулли мушкилоту монеаҳоеро, ки муддати дароз ба он касе таваҷҷӯҳ намекард, бартараф карда метавонад? 
– То ҷое, ки бароям равшан гашт, ғайр аз норасоии молӣ набудани назорат аз болои кори хоҷагиҳои фермерӣ, саҳлангориҳои зиёди роҳбарон низ ваъзиятро аз эътидол берун карда буд. Барои ҳамин назорати қатъӣ аз шартҳое дониста шуд, ки масъулияти роҳбарони хоҷагиҳои фермериро нисбати кору вазифа ва муносибат ба замин хеле афзуд. Гузашта аз ин, барои хоҷагиҳои фермерӣ панҷ трактори наву плугҳои шудгоркунанда харидем. Аз ин рӯ роҳбарони хоҷагиҳои фермерӣ ба ҷои он ки дар ҷустуҷӯи нуриҳои минералӣ ва техникаи зарурӣ вақти худро беҳуда сарф кунанд, ба парваришу обёрии киштзорашон машғул шуданд. Ин тарзи ташкили меҳнат натиҷаҳои пурсамар ба бор овард.
– Аъзои чаҳор сектори ҳокимияти ноҳия дар бобати ташкили тарзи дурусти кор чӣ гуна саҳм доштанд? 
– Бо роҳбарии ҳокимияти ноҳия аъзои ин секторҳо аз оғози мавсими кишту кор то ғунучини ҳосил  ҳамроҳу ҳамрози мо буданд. Дар ҳамаи минтақаҳое, ки таҳти назорати онҳо қарор доштанд, бо тезӣ кишти пахта гузаронида шуд. Ногуфта намонад, ки дар натиҷаи саҳлангориҳо дар бархе аз хоҷагиҳои фермерӣ тақсими майдонҳои пахтаву гандум хилофи тартиб сурат гирифтааст. Яъне онҳо дар як қисми майдонҳои таҳти кишти пахта низ гандум коштаанд ва ба ин васила нақшаи ғалларо базӯр иҷро карда, ба паст рафтани дараҷаи ҳосилнокии пахта сабаб шудаанд. 
– Шумо гуфтед, ки аз Русия ва Қазоқистон мутахассисонро даъват намудед. Онҳо ба чӣ кор машғул шуданд?
 – Онҳо тамоми қитъаҳои кишти зироати пахтаву ғалларо давр зада баромаданд. Баъд барои ҳар як хоҷагии фермерӣ папкаи алоҳида боз намуданд, ки ҳисоботи корҳои анҷомдодашударо мегузоранд. Дар компутер тарзи электронии он низ сабт карда шуд. Ҳамчунин онҳо харитаи магнитии ҳамаи қитъаи майдонҳои  кишти пахтаву ғалларо кашиданд. Рӯи ҳар қитъаи замин доначаҳои сурху кабуд гузошта шудааст.  Мисли оина намоён аст, ки дар кадом қитъаи замин кишти кадом навъи зироат кошта шудааст. 
– Шумо дар Риштон якчанд объектро хусусӣ гардонидаед. Минбаъд иҷрои кадом корҳо  барномарезӣ шудаанд?
– Мехостам як маҷмаъи калони истеҳсолиро дар ноҳияи Риштон таъсис диҳам, ки вобастаи якдигар бошанд. Масалан, аз пахта маҳсулоти зиёд ҳосил мешавад, барои ҳамин таъсиси корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ, равғанбарорӣ, дӯзандагӣ ва амсоли онро ба нақша гирифтем. Ҳамчунин ба роҳ мондани коркарди ғаллае, ки хоҷагиҳоямон ба даст меоваранд, низ аз зумраи ҳамин ҳадафҳои мост. Дар ин бора ба роҳбарияти мамлакат муроҷиат намудем. Агар ин муроҷиатҳои мо мусбӣ ҳал гардад, имкон пайдо мешавад, ки маҳсулотамонро худамон мавриди коркард қарор диҳем, дар Риштон ва деҳоти атрофи он низ якчанд корхонаи нав арзи вуҷуд мекунанд. Дар баробари ин, ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешаванд, одамон бо маош таъмин мегарданд, зиндагиашон хубу фаровон мешавад. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: