Баҳодур аз хонаи рақами 4-ум, ки дар кӯчаи ба номи Т. Малики маҳаллаи Ҳ. Олимҷони шаҳри Бекобод воқеъ аст, бо мамнуният берун шуд.
Ӯ соҳиби хонадонро хабаргирӣ омада буд. Дар омади гап гуфт, ки ният дорад барои шод намудани хотири падару бобояш маъракаеро гузаронад. Соҳибхона фикри ӯро ҷонибдорӣ намуда, таъкид кард, ки маъракаро бе дабдаба, камхарҷ ва ихчам бояд гузаронад ва ба ӯ каме дастмоя ҳам дод.
Баҳодур челонгари мошин аст. Аз мизоҷони худ ҳар рӯз ибораи «Ба устодат раҳмат!»-ро шунида дилаш аз шодӣ лабрез мегардад.
Соҳибхона – Олимҷон Юнусов ба ӯ тағо ва ҳам устод. Ӯ бо роҳи тағояш рафта, аз панду насиҳат ва таҷрибаи ҳаёти ӯ ибрат мегирад.
Вақте аз хонаи тағояш берун мешуд, бо усто Абдуғаффор, ки дар хоҷагии ҷамоавии «Ӯзбекистон» истиқомат мекунад, рӯ ба рӯ шуд. Пас аз салому алейк пурсид:
– Шумо ҳам устодро хабаргирӣ омадед?
– Бале, пурсидани устод барои шогирд фарз аст. Устод чун падар бузург аст, шогирде, ки аз домани устод доштааст, ҳеҷ гоҳ хор намешавад,– роҳравон гуфт усто Абдуғаффор.
Олимҷон мактаб-интернатро то синфи 8-ум хонда, таҳсилро дар шуъбаи механизатории омӯзишгоҳи техника ва ҳунари шаҳри Бекобод идома дод ва дар ин даргоҳ шавқи ӯ ба техника боз ҳам афзун гардид. Баъд аз ин Олимҷони ташнаи илм ба Омӯзишгоҳи автомобил ва роҳсозии шаҳри Қӯқанд дохил шуд ва онро соли 1973 бо дипломи имтиёзнок хатм кард.
Соли 1976 ба устохонаи таъмири автомобилҳои сабук ба кор даромад. Пухтакорӣ ва маҳоратнокии ӯ диққати маъмурияти корхонаро ба худ ҷалб намуд ва дар натиҷа ӯро ба шуъба саркор таъин карданд. Олимҷонака коргарони моҳиру соҳибтаҷриба, аз ҷумла, устои мотор Абдулҳаким, устои қисмҳои эҳтиётӣ Абдулҳай, рангуборчӣ Орифҷон ва дигаронро дар атрофи худ ҷамъ кард. Дере нагузашта мизоҷон пайдо шуданд, ҳатто рӯзҳои якшанбе ҳам кор авҷ мегирифт. Худи Олимҷонака низ аз дасти шогирдон мурват ва гайкаю калидҳоро гирифта ба кор машғул мешуд.
Баробари гузашти солҳо имкониятҳо низ васеъ гардиданд. Шогирдони ӯ дар хоҷагии ҷамоавии Ӯзбекистон, Навоӣ ва дигар ҳудудҳои шаҳри Бекобод сервисҳои худро кушода ба мардум хидмат мекунанд.
– Аз устодам Эрнестака сирру асрори техника ва ҳисобу китоби соҳаи сервисро пухта омӯхтам. Ҳунар ва маҳоратамро ба шогирдон омӯзондам. Шогирдон низ алҳол устод шудаанду анъанаи устоду шогирдро идома медиҳанд, – бо мамнуният мегӯяд Олимҷон.
Соли 2003 дар маркази шаҳр автосалони замонавии ӮзДЭУ ба кор пардохт ва Олимҷонакаро ба сифати мутахассиси фаъол ба кор даъват карданд.
– Дар маҳаллаамон дар 640 оила 2900 нафар аҳолӣ истиқомат дорад. Олимҷон ба ҳамаи мо намуна мебошад. Дар ҳар як ҷамъомад, тӯю маъракаи маҳалла фаъол иштирок мекунад, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи ба номи Ҳ. Олимҷон А. Эргашев.
– Синнам ба 76 дакка хӯрд. 39 сол инҷониб бо Олимҷон ҳамсояи девордармиён мебошам, то ҳол аз ҳамдигар дилмонӣ накардаем, дӯсту тифоқ ҳастем,– гуфт Абдураззоқ Холиқов. – Ӯ аз хурду калон кӯмаки худро дареғ намедорад. Тӯйи суннатии якчанд оилаи камтаъминро гузаронд, ки ин саховатпешагии ӯро аҳли маҳалла ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.
Дар устохона чунин тартиб ҷорӣ буд: қисмҳои эҳтиётии автомобили ба таъмиромада ба дигар автомобил гузаронда намешуд, ҷараёни корро худи Олимҷон назорат мекард, «доимо покдил, ҳалол ва боинсоф бояд бошем», мегуфт устод.
Зимистони қаҳратуни соли 1982. Қурбонбой аз деҳаи Уювлӣ бо коре ба шаҳр равона мегардад. Дар роҳ автомобили ӯ вайрон мешавад. То деҳа ҳоло 60 км масофа монда буд. Ӯ аз устохонаи Олимҷон кӯмак мепурсад. Олимҷон автомобили дар нимароҳ мондаи ӯро ба сардии зимистон нигоҳ накарда таъмир мекунад. Ба гуфтаи ҳамдеҳагону ҳаммаҳаллаҳо, ӯ – ҷони одам. Чунин инсонҳои саховатпеша ангуштшуморанд.
Олимҷон фарзандонашро низ меҳнаткаш, инсондӯст ва кӯмакрасони мардум ба воя расонд. Самеъҷон тадбиркор, Содиқҷон коргари завод, Даврон ронанда аст. Онҳо бо ҳалолкорӣ ва меҳнати сидқидилонаи худ барои ободу зебо ва фаровонии Ватани маҳбуб саҳм мегузоранд.
Ф. ХУҶАНДӢ,
вилояти ТОШКАНД.