ҲАМДАРДӢ БА ХАЛҚИ БАРОДАРИ ТУРКИЯ

Тавре ки маълум аст 6-уми феврал дар қисмати ҷануби шарқии Туркия заминларзаи фалокатбор рух дод.

Шумори қурбониёни ин офати табиӣ рӯз аз рӯз зиёд мегардад.
Дар сарконсулгарии ин давлат дар шаҳри Самарқанд китоби ҳамдардӣ боз шуд.
Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов 8-уми феврал ба сарконсулгарии Туркия рафт ва ба сарконсул Солеҳ Ҷанер изҳори ҳамдардӣ кард. Ҳамчунин, ӯ дар китоби ҳамдардӣ ба халқи Туркия таслияти аҳли Самарқандро сабт намуд.
Гурӯҳе аз рӯзноманигорони Самарқанд низ барои изҳори ҳамдардӣ ба сарконсулгарӣ омаданд.
Солеҳ Ҷанер ба рӯзноманигорон изҳори сипос намуд ва гуфт, ки мардуми Ӯзбекистон дар рӯзҳои сахти Туркия онҳоро фаъолона дастгирӣ мекунанд. Вай миннатдории худро аз таваҷҷуҳи Президенти Ӯзбекистон, ҳукумат ва ҳокимияти вилояти Самарқанд ба Туркияи осебдида изҳор кард.
Гуфта мешавад, касоне, ки нияти кумаки моддӣ расондан ба халқи Туркияро доранд, метавонанд аз тариқи шуъбаҳои «Uzbekistan Ziraatbank» маблағи хайриявии худро равон кунанд. Инчунин, касоне, ки мехоҳанд ба осебдидагони заминларза пӯшоку хӯрок фиристонанд, метавонанд онҳоро ба консулгарӣ (Самарқанд, кӯчаи Пушкин, хонаи 4) супоранд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
 хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: