ҲАМДАРДӢ БА МУНОСИБАТИ ВАФОТИ ҚАҲРАМОНИ ӮЗБЕКИСТОН АҲМАД НАРЗУЛЛАЕВ

Соҳаи кишоварзии кишвари мо талафоти гарон дод. 1 ноябри соли равон фермери машҳур, Қаҳрамони Ӯзбекистон Аҳмад Нарзуллаев, ки ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии худро ба рушди хоҷагии қишлоқ бахшидааст, дар 68-солагӣ вафот кард.

А.Нарзуллаев соли 1956 дар ноҳияи Деҳнав таваллуд шуд. Дар ҷамъияти саҳҳомии «Сурхонозиқовқатсаноати»-и ҳамин ҷо шарҳи ҳоли меҳнатии ӯ оғоз ёфт. Баъди хатми Донишкадаи политехникии Тошканд дар заводи хишти «Шарғун», дар колоннаи сайёри механиконидашудаи 37-ум ва Иттиҳодияи таҷрибавию истеҳсолии ноҳияи Деҳнав дар вазифаҳои гуногун кор кард. Аз соли 1991 ба кори мустақил гузашт ва сарвари хоҷагии фермерии «Лочин» шуд.

Дар тӯли беш аз 50 соли фаъолияти меҳнатӣ А.Нарзуллаев тамоми дониш, таҷрибаи ғании ҳаётӣ, неру ва иқтидори худро ба мамлакат ва халқ бахшид. Донишманди ҳақиқии илми замин, роҳбари боистеъдод, ташкилотчие буд, ки технологияҳои ҳозиразамони аграрӣ ва усулҳои хоҷагидориро амиқ медонист, инсони меҳнатдӯст, хоксор, дӯстдори Ватан буд ва дар татбиқ намудани ислоҳоти васеъмиқёс дар хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ, рушди ҷунбиши фермерӣ саҳми муносиб гузошт.

Солҳои зиёд депутати Шӯрои намояндагони халқи вилояти Сурхондарё ва ноҳияи Деҳнав буд, бобати таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва ноҳия, беҳтар намудани шароити ҳаёти аҳолӣ, сохтмон ва ободонии иншооти таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, бунёди боғ ва хиёбонҳои нав, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи муҳаббат ва садоқат ба Ватан фидокорӣ зоҳир намуд.

Фермери соҳибтаҷриба даҳҳо шогирдони боистеъдодро тарбия кард, дар таъмини соҳаи кишоварзӣ бо кадрҳои соҳибтахассус намунаи ибрат гардид.

Меҳнати пурмаҳсулу бисёрсолаи Аҳмад Нарзуллаев аз ҷониби давлати мо ба тарзи муносиб қадр гардидааст. Вай сазовори унвони «Қаҳрамони Ӯзбекистон» ва ордени «Меҳнат шуҳрати» буд.

Хотираи дурахшони намояндаи пешқадами соҳаи хоҷагии қишлоқи мамлакат, мураббии ғамхор, инсони самимӣ ва хоксор Аҳмад Нарзуллаев дар дилҳои мо боқӣ хоҳад монд.

Ш. МИРЗИЁЕВ, Т. НОРБОЕВА, Н. ИСМОИЛОВ,

А. АРИПОВ, С. ТУРДИЕВ, У. ҚОСИМОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: