...ҲАМЕ НОМИ НЕКӮ БУВАД ЁДГОР

Ҳақ асту рост, ки марг, бо он ки медонем, “Куллу нафсин зоиқат-ул-мавт”, яъне хамеша ғайри чашмдошту ғайриинтизор ногаҳон дармерасад ва дили хешу пайвандон, ёру дӯстони марҳумро реш-реш мекунад.

Чунон кун зиндагонӣ дар 
замона,
Ки аз вай зинда монӣ 
ҷовидона. 
Ҳақ асту рост, ки марг, бо он ки медонем, “Куллу нафсин зоиқат-ул-мавт”, яъне хамеша ғайри чашмдошту ғайриинтизор ногаҳон дармерасад ва дили хешу пайвандон, ёру дӯстони марҳумро реш-реш мекунад. Хабари шуми дар Украина фавтидани ҳамкору ҳамқалами мо Абдусалом Самадов, ки тайи беш аз сӣ сол дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд мақом ва ҷойгоҳи хосса дошту маҳфиладаб буду фарҳанги тоҷикро зинат мебахшид, моро низ бештар дар ҳайрату тааҷҷуб гузошт. Бинобар ҳамин ҷамоаи донишгоҳ, мардуми Самарқанд, ҳамқаламону шогирдон 12 августи соли гузашта, ҷасади ӯро ба рӯйи китфу болои сар гузошта, ба роҳи охирин гусел намуданд. Воқеан, мо бо шодравон Абдусалом Самадов қариб ҳамсолу ҳамкасб будем, гоҳ-гоҳ шӯхиомез ӯро “Абдусалом Деҳотӣ” ном мебурдем.
– Не-не, ман  Абдусалом Самадов, устодам, дӯсти падари бузургворам Абдусалом Деҳотӣ ҳамдеҳаи ман  мебошанд, – завқ карда механдид вай, – охир камина, боғимайдонӣ ҳастам.
Сипас маълум шуд, ки яке аз шаҳсутуни адабиёти навини тоҷик, шогирди вафодори устод С.Айнӣ  Абдусалом Деҳотӣ ҳар гоҳ аз Душанбешаҳр ба зодгоҳ оянд, мардуми деҳаи Боғимайдон ва алалхусус Самадамак, ки мухлиси ашаддии эҷодиёти вай буд, аз суҳбати ширину гуворои ӯ баҳраманд мегашт. Шояд аз ҳамин сабаб вақте ки Худо ба Самадамак писар дод, Абдусалом ном гузошт, ки мисли ҳамгузараш адиби номдор шавад.
Дарҳақиқат, Абдусалом аз айёми мактабхонӣ ба адабиёту матбуот дил баст. Хату хабари вай дар рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон пайваста рӯйи чопро медиданд. Падари бузургвораш аз хурсандӣ курта-курта гӯшт мегирифт. 
Меҳру муҳаббат ба адабиёт ӯро пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд овард. Аз устодони меҳрубонаш, раҳматӣ академик Ботурхон Валихоҷаев, Талъат Абдуҷабборов, Абдураҳмон Эгамбердиев, Абдурауф Маъруфӣ, Азиз Зоҳидов ва дигарон бисёр чизҳоро омӯхт. Маҳз солҳои донишҷӯӣ риштаи ҳамкорӣ ва дӯстиро бо расонаҳои ахбори оммавӣ, алалхусус, рӯзномаи «Овози тоҷик» мустаҳкам намуд, ки соли 1977 бо диплому роҳхати донишгоҳ ба идораи нашрияи мазкур фаъолияти меҳнатиро оғоз намуд. Албатта, дар зери назорати журналистони варзидаву соҳибтаҷриба Муҳсин Умарзода, Раҳматҷон Норов, Шамсӣ Қамар, Ҷонибек Қувноқ, Хӯҷамурод Қӯлдошев фаъолият бурдан ба сайқал ёфтани эҷодиёташ такон бахшид. Аммо аз сабаби шароити вазнини мусофирӣ ба зодгоҳ баргашт ва дар донишгоҳ баробари муаллимӣ корҳои илмии хешро идома дод. Вай муаллифи беш аз 15 монография ва рисолаҳои илмӣ, тақрибан 20 китоби дарсӣ, инчунин 300 мақолаи илмӣ-оммавӣ мебошад. Махсусан, саҳми ӯ дар таҳияи консепсияи нави таълим, таҳия ва омодасозии барномаҳои миллии таълимӣ, таъсиси корҳои услубиву илмӣ хеле калон аст. Абдусалом ҳамчун журналисту адиби нуктасанҷ доир ба ҳаёт ва фаъолияти устодон, ҳамкорон, чеҳраҳои шинохтаи адабиёти тоҷик ва ҷаҳон низ як силсила мақолаҳои хонданибоб навишт.
Абдусалом инсони вазифашиносу навовар, мутахассиси варзида буд, ки аз омӯзгори одӣ то дараҷаи декани факултаи филологияи тоҷик расид. Вай ҳамчун шогирди вафодори академик Ботурхон Валихоҷаев номзади фанҳои филологӣ гардид. Сад дареғ, ки дӯсти дилёбу дарёдил, накӯкору накӯноми мо дар айни камолоти эҷодӣ бар асари бемории “Covid” аз байн рафт. Марги ин шахси фозилу пуртаҳаммул барои донишҷӯён, хоссатан журналистикаи тоҷик, талафоти бузург аст. 
Чанде пеш дар донишгоҳ вохӯрии сафири Тоҷикистон дар кишвари мо — Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли фарҳанги Самарқанд ба вуқӯъ пайваст. Сафир дар баромади худ ёди неки Абдусаломро карда, иброз дошт, ки хидмати шодравон барои мустаҳкам намудани риштаи дӯстии ду мамлакати ҳамҷавор бузург аст.
Ҳамагӣ ним сол қабл аз ин китоби “Нишони меҳр”-и ӯ аз чоп баромад, ки нишони хотираи неки дӯстии қаламзани мо мебошад. Воқеан, вай ният дошт, ки як силсила очерку мақолаҳои дилчасп нависад, вале сад афсӯс, ки умедҳои дӯстамон бар бод рафтанд.
Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ таъкид мекунад: 
Намонад касе дар 
ҷаҳон пойдор,
Ҳаме номи некӯ 
бувад ёдгор.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
узви Иттифоқи эҷодии 
журналистони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: