ҲАМЕША БО КИТОБ БОШЕМ!

Китоб манбаи дониш аст, ки ба инсон илм, ҳунар, таълиму тарбия, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолиятро меомӯзад. Китоб дӯст, ҳамроҳ, ҳамсуҳбат, ҳамсафари инсон мебошад, ки ӯро аз роҳи бад, ғаму андӯҳ, бекориву беҳудагӯӣ дур месозад.

Чи хеле ки медонем, сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ донишро ягона мояи ганҷ ва чароғи равшани умр донистааст ва дар ин бора чунин фармудааст:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.

Мардумони бохирад андар замон,

Роҳи донишро ба ҳар гуна забон,

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд...

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Халқи мо аз азал ба донишомӯзиву китобхонӣ эҳтирому шавқу ҳаваси зиёд дорад. Онҳо китобро сарчашмаи дарёи ақл ва махзани фарҳанги миллӣ меҳисобиданд. Ба ҳамин хотир, Абдураҳмони Ҷомии бузург эътироф намудааст, ки китоб «фурӯғи субҳи доноӣ» аст.

Китоб манбаи дониш аст, ки ба инсон илм, ҳунар, таълиму тарбия, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолиятро меомӯзад. Китоб дӯст, ҳамроҳ, ҳамсуҳбат, ҳамсафари инсон мебошад, ки ӯро аз роҳи бад, ғаму андӯҳ, бекориву беҳудагӯӣ дур месозад.

Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат, фарҳангу маърифат вобаста аст. Мо аз таърих медонем, ки одамони қадим ба рӯйи санг, чӯб, устухон ва пӯсти ҳайвонҳо низ менавиштанд. Пас аз ихтироъ гардидани коғаз бошад, ҳамчун як навъи нигаҳдории маълумот китобдорӣ ба вуҷуд омад. Аввалин дастнависҳо бошад, дар таърихи ҳазорсолаи то милод дар Мисри Қадим пайдо шудаанд.

Ҳоло дар мамлакатамон бо ташаббуси роҳбари давлат барои ҷалб намудани ҷавонон ба китобхонӣ озмунҳо оиди китобхонии ҷавонон ва оилавӣ баргузор мегарданд. Азбаски чунин озмунҳо тарғибгари мутолиа ва маърифат аст, ба албатта, ба беҳбуди таълиму тарбияи насли наврас, азхуд намудани муносибатҳои иҷтимоӣ, ки имрӯз дар байни онҳо вайроншавии чунин муносибат бештар ба назар мерасанд, мусоидат менамояд.

Волидон мехоҳанд, ки фарзанди онҳо дар оянда қуллаҳои баланди донишро забт намоянд. Албатта, танҳо хоҳиш касро ба мақсад намерасонад, барои ин пеш аз ҳама, ба қадри ҳар як дақиқаи умр расидан лозим аст, инсон дарк намояд, ки лаҳзаҳои гузашта ҳеч гоҳ баргашта намеояд.  Волидон бояд ба фарзандон ба хондани китоб майл пайдо кунанд. Дар зодрӯз ва ё дигар рӯзҳои хурсандӣ китоб туҳфа кунанд, то фарзандон донанд, ки аз китоб пурбаҳотар туҳфа нест.

Китоб натанҳо пасту баландии ҳаётро меомӯзонад, балки дар натиҷаи сермутолиа будан нутқи хонанда равон, доираи тафаккури ӯ васеъ мегардад. Шахси беилму дониш натанҳо барои ҷамъият, ҳатто барои худ ё оилаи худ фоида оварда метавонад. Баръакс, бо феъли бад ва рафтори нодурусти худ ба атрофиён зарар мерасонад.

Шахси китобхон бо ҷаҳонбинии васеъ, тарзи тафаккур ва маданияти муомилаи худ аз атрофиён фарқ мекунад. Ҳоло чашмамон ба ҳамсолонамон меафтад, ки ҳемеша саргарми  телефонанду бо бозиҳои дилхушкунанда вақт мегузаронанд,  чунин рафтори номақбули онҳо ба худдориву фикрронии онҳо низ таъсири бад мерасонад.

Муҳаддиси бузург Ал-Бухорӣ даврони бачагӣ беш аз 6000 ҳадисро азбар намуда буд, ки он замон на мисли ҳозира хонаҳои равшану васеъ вуҷуд дошту на китобхона. Мисли ҳамин Ибни Синову Берунӣ, Ал-Хоразмиву Имом Тирмизӣ барин гузаштагони мо ба донишомӯзӣ чунон дилбаста будаанд, ки ҳатто дар равшании шамъу чароғ низ мутолиа мекардаанд ва дар роҳи мақсад чунон саъю ҳаракат кардаанд, ки дар тӯли садсолаҳо инсоният баҳра мегирад.

Дарҳақиқат, китоб дӯсти меҳрубон мебошад. Агар модар ба мо тарбия диҳад, китоб дониш меомӯзад. Аз ин лиҳоз, китобро чун хазинаи беназир қадр намоем. Лаҳзаҳои умрро, ки аз дурру гавҳари бебаҳо низ қиматтар аст, беҳуда сарф накарда, бо китобхонӣ машғул шавему ба пешрафти ҷамъият ҳиссаи муносиб гузорем.

Зулола Некмуродова,

донишҷӯйи соли 3-юми ДДБ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: