ҲАМЕША ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

Рӯзи аввали ҳафтаи корӣ буд.

Бармаҳалтар  ба  кор омадам, ки дар назди даромадгоҳи идораи ҷамоати шаҳрвандон раиси комиссияи «Маънавият ва маърифат»- и назди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаамон Мавлуда Шералиева ва котиби ин комиссия  Моҳигул Қодирова маро истиқбол гирифтанд.  
Баробари вориди утоқ шудан Мавлуда Шералиева ба сухан даромад:  
– Озодаапа, шабона як гурӯҳ ҷавонон дар пешорӯи бинои хонаи 119-ум садои мусиқиро баланд бардошта, машғули рақсу бозӣ гардида, шӯру ғавғо кардаанд. Сокинони хонаҳои атроф ману Моҳигулро аз ин ҳодиса бохабар карданд ва поси шаб мо худро зуд он ҷо расондем. Пурсидем, ки ин рақсу бозӣ ба кадом муносибат роҳандозӣ шудааст ва намешавад, ки ҷавонон боқимондаашро рӯзи дигар давом диҳанд. 
Ба таъкиди Мавлуда Шералиева ҷавонон ба ҷойи он ки ба ин суоли онҳо посух диҳанд, беэътиноӣ карда, ҳатто нахостаанд ба ҳарфҳои онҳо гӯш диҳанд ва ба рақсу бозии худ идома додаанд. 
Ҳарду омадаанд, ки аз ин ҳодиса маро огоҳ кунанд, то ки дар вақташ таноби ин гуна ҷавононро кашида монам. Дар акси ҳол онҳо орому суботи дигаронро боз халалдор хоҳанд кард.
Худи ҳамон рӯз аъзои комиссияро ба дафтар даъват карда, мавзӯъро матраҳ намудам. Сонӣ, ба фаъолони маҳалла супориш додам, ки то шом ҳодисаи шабонаро таҳқиқ карда, аз натиҷааш маро огоҳ созанд.  
Маълум шуд, ки бар асари гармои шадид яке аз ҷавононе, ки барои қайди рӯзи таваллуди рафиқаш  омадааст,   пешниҳод кардааст, ки баъди тановули хӯрок дар ҳавои кушод рақсу бозӣ кунанд. Аммо бехабар мондаанд, ки кайҳо соат ёздаҳи шабро убур намудаву аксарият аллакай ба хоби роҳат рафтаанд.
Дар давоми дувоздаҳ соли фаъолияти кориам ҳамеша кӯшиш ба харҷ додаам, ки ба корафтодагон то қадри имкону тавон кӯмак расонам. Фикр мекунам, ки барои ҳамин тайи ин муддат масъулияти раисии маҳалларо ба ман бовар карда месупоранд.  Дар айни ҳол ҷамоати мо минтақае ба шумор меравад, ки тайи се-чор соли охир дар он ҷинояткорӣ рӯй надодааст ва он худ аз худ ба даст намеояд. Аммо ҳодисаҳои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ чун дигар маҳаллаҳо моро низ дар канор нагузошт.
Ҳодисаи шӯру ғавғо барпо кардани ҷавонони маҳалла ва монанди он дар мо дастаҷамъона ҳаллу фасл мегардад. Қобили қайд аст, ки дар комиссияи мазкур аз ҳисоби фаъолони маҳаллаамон даҳ нафар шомил шудаанд ва ҳар кадоми онҳо машғули касбу коре мебошанд. Аз ҷумла, раиси занону духтарони маҳалла, инспектори минтақавии профилактика, шифокори минтақавӣ, сарвари минтақавии иттифоқи ҷавонон, ду нафар омӯзгорони ботаҷрибаи мактаб, ҳамчунин мушовирону фаъолони дигари ҷамоати маҳаллаамон дар ҳар як тадбиру чорабиниҳо ёвару мададгори мо мебошанд.
Дар айни замон ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Парвоз» ҳаждаҳ гектар масоҳатро ишғол карда ва дастикам севуним ҳазор аҳолиро муттаҳид намудааст. Онҳо беш аз як ҳазору дусад хонаводаро ташкил мекунанд. Аҳолӣ дар бист ҳавлӣ ва бисту ҳашт хонаи бисёрошёна зиндагӣ мекунанд.
Яке аз самтҳои кори моро ғамхорӣ нисбати аъзои сиву панҷ оилае ташкил менамояд, ки саробони худро аз даст додаанд. Ин оилаҳо ҳам аз нигоҳи равонӣ, ҳам аз нигоҳи моддӣ мунтазам аз кӯмакҳои мо бархӯрдоранд. 
Гузашта аз ин, дар қаламрави ҷамоати мо сиву ҳафт нафар маълулон  зиндагӣ мекунанд. Қисме аз онҳо модарзодианд ва қисмати боқимонда дар истеҳсолот маълул шудаанд. Онҳо низ ба ғамхорӣ ва парвариши мунтазам эҳтиёҷ доранд, барои ҳамин ба дӯши фаъолони ҷамоат гузошта шудааст, ки ҳафтае як-ду маротиба аз аҳволи ин маълулон хабар гирифта, камбудиҳояшонро муайян кунанд, то ки мо тибқи имкониятҳои дохилӣ ба онҳо кӯмак расонем.
Оилаҳои камбизоат (2- то), оилаҳои серфарзанд (30- то), шахсони яккаву танҳо (2 нафар) ва як нафар ятим низ аз сокинони ҷамоати шаҳрвандони «Парвоз» маҳсуб меёбанд. Онҳо дар ҳар як иду маросими тантанавӣ аз ғамхориҳои ҳокимиятҳои вилоят ва шаҳр, ҳомиёни дасткушод баҳраманд мешаванд. 
 Давлатамон ба ҷавонон сиёсати хосеро пиёда мекунад. Дар ҷамоати мо ҳудуди сӣ оиларо ҷавонон ташкил мекунанд. Дар миёни онҳо аксариятро соҳибони маълумоти олӣ ташкил мекунанд, ки  дар ҷабҳаҳои гуногун машғули фаъолият ҳастанд.  
Мо барои ба кор таъмин шудани ҷавононе, ки коллеҷҳои касбу ҳунарро хатм кардаанд, ҷидду ҷаҳд мекунем. Шумори онҳо чандон зиёд нест. Аммо ҳақиқати ҳолро бояд гуфт, ки на ҳамеша ба ҳадафҳои худ ноил мешавем ва роҳнамоҳоямон ҷиҳати ба шуғл фаро гирифта шудани онҳо ба  нокомӣ меанҷоманд. Ин бесабаб нест. Дар баъзе минтақаҳои шаҳри Фарғона як идда хатмкунандагони макотиби олӣ дар ҷустуҷӯи кор мебошанд. Бо вуҷуди ин навмед намешавем ва ба ҷавонон низ тарғиб мекунем, ки ҳаргиз ноумед нашаванд.
Ба наздикӣ бахшида ба пешвози рӯзи истиқлолияти Ватани маҳбубамон зери шиори «Ифтихори ман, Ватан» чорабинии доманфарох барпо намудем. Дар он аз ҳокимияти шаҳр, хазинаи «Маҳалла» ва иттифоқи ҷавонон вакилон ширкат карданд. 
Ҳозир мо комилан гуфта наметавонем, ки маҳаллаи мо хеле ободу зебо шудааст. Соли 2021 маҳаллаи мо ба Барномаи «Маҳаллаи обод» ворид гардид ва умед мекунем, ки ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Парвоз» ба маҳаллаву гузари ободу зебои маркази вилоят  табдил меёбад. 

Озода АБДУЛАЗИЗОВА,
раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Парвоз»-и
шаҳри Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: