ҲАМЕША ҲАМНАФАСИ РӮЗНОМА ҲАСТАМ

Ман зодаи деҳаи Порашти ноҳияи Фориш мебошам.

Соли 1974, ҳанӯз ҳангоме ки дар синфи ҳафтуми мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 13-уми деҳаи Порашт (собиқ ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва сипас Ҷонибек Қувноқ) мехондам, аз идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» меҳмонон омаданд. Онҳо сармуҳаррири рӯзнома шодравон Шавкат Ниёзов ва шоири шодравон, зодаи Порашт Ҷонибек Қувноқ буданд. Меҳмонон бо мо дар синфи таълими ҳарбӣ, мулоқот оростанд. Сухан дар бораи таълиму тарбия, баробари ин мутолиаи мунтазами намунаҳои матбуот рафт. Мо – мактабиён он вақт асосан ба «Пионери Тоҷикистон» ва «Машъал» обуна мешудем. Меҳмонон таклиф ва пешниҳод намуданд, ки аз ин пас ба «Овози тоҷик» ҳам обуна шавем.
Ҳамин тавр баъди ин мулоқот меҳру ҳавасам ба рӯзнома афзуд. Аввалин хабари банда бо номи «Обуна мешаванд» дар «Овози тоҷик» айнан ҳамон замон ба чоп расида буд.
Баъд барои идомаи таҳсил ба Душанбе рафтам. Ба шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики ДДТ дохил шудам. Моро барои таҷриба омӯхтан ба таври доимӣ ба идораи рӯзномаҳо мефиристоданд. Кори матбуотро меомӯхтем.
Ба зодгоҳ баргашта, бо тақозои ҳаёт дар мактаб омӯзгорӣ кардам. Ва умре бо ин рӯзномаи дӯстдошта ҳамнафас ҳастам. Баҳори соли 2012 як гурӯҳ ходимони «Овози тоҷик» бо сарварии ҷонишини сармуҳаррири он  Тоҷибой Икромов бо ҳамроҳии шоир Абдулло Субҳон ва ҳамсарашон янгаи Қурбонгул, Муҳаммад Шодӣ, Хусрави Саъдулло, Гулҷаҳон Кабирова, хабарнигорон Анорбой Назаров ва Фарҳоди Маҳмуд ба деҳаи Порашт, ба мактаби мо  омаданд. Духтарам Савсан дарс мегузашт. Дертар дар рӯзнома акси ӯ бо зерматнаш чоп шуд. Аз ин хеле хушҳол гардидам. Баъд бо  сарварии директори мактаб Сарибой Ярашев омӯзгорон ба рӯзнома обуна шуданд. Қадре ҳам бошад шумораи рӯзномахонон афзуд. 
Ҳоло дар ин дамҳо, дар нафақа бошам ҳам, рӯзнома варақ мезанам. Хотираҳои айёми донишҷӯиямро саҳифа мегардонам. Ду сол муқаддам бо ҳамсабақон дар Тоҷикистон вохӯрӣ намудем. Рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро, ки дар он «Журналист» ном шеъри ҳамкурсам Хайрандеш чоп шуда буд, бурда додам. Аз айёми донишҷӯиву ҷавонӣ ин мисраъҳо дар дафтарчаам мондааст ва гӯё ба ҳамин рӯзномаи дӯстдоштаи мо бахшида шудааст: 
Аз Зӯҳраву Зуҳал,
Аз қаъри торикӣ.
Орам навиди нав,
Бо лафзи тоҷикӣ.
Дар ин рӯзҳое, ки дар арафаи садсолагии «Овози тоҷик» қарор дорем, ба ҳамаи кормандонаш сарбаландӣ, илҳоми тоза ва нав-ба нав таманно мекунам. Бигузор, рӯзнома барои ҳамзабонон ҳамеша ба нашр расад ва аз ин ҳам бештар нуфуз пайдо кунад.

Собир ЭРГАШЕВ,
омӯзгори собиқадори мактаби рақами 13-уми 
ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: