Ҳамҷиҳатии байнимиллӣ ва таҳаммулпазирӣ неъмати бебаҳост

  • Ҳамҷиҳатии байнимиллӣ ва таҳаммулпазирӣ неъмати бебаҳост
  • Ҳамҷиҳатии байнимиллӣ ва таҳаммулпазирӣ неъмати бебаҳост
  • Ҳамҷиҳатии байнимиллӣ ва таҳаммулпазирӣ неъмати бебаҳост
  • Ҳамҷиҳатии байнимиллӣ ва таҳаммулпазирӣ неъмати бебаҳост
  • Ҳамҷиҳатии байнимиллӣ ва таҳаммулпазирӣ неъмати бебаҳост
  • Ҳамҷиҳатии байнимиллӣ ва таҳаммулпазирӣ неъмати бебаҳост

Дар СҒҒ ва Хонаи дӯстии шаҳри Бухоро бахшида ба 16 ноябр – Рӯзи байналмилалии таҳаммулпазирӣ, таҳти шиори “Ӯзбекистон – хонаи умумии мо” чорабинии маънавию маърифатӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони марказҳои фарҳангии миллӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.

Дар доираи иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 ноябри соли 2019 “Дар бораи тасдиқи консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои байни миллатҳо”, ҳамасола дар кишварамон бахшида ба 16 ноябр – Рӯзи байналмилалии таҳаммулпазирӣ “Ҳафтаи таҳаммулпазирӣ” баргузор мешавад. Ҳадафи асосӣ аз мустаҳкам намудани фазои дӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ миёни намояндагони зиёда аз 130 миллату қавмҳо, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ ва густариши равобити дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ иборат мебошад.

Шаҳри Бухорои қадим, ки яке аз гаҳвораҳои тамаддуни Шарқи қадимист, аз давраҳои қадим ҳамчун маркази сулҳ ва таҳаммулпазирӣ миёни миллатҳо маъруф аст.

Дар Бухоро, дар баробари аҳолии маҳаллӣ, намояндагони бештар аз чил миллат, аз ҷумла яҳудиён, тоҷикон, қазоқон, туркманҳо, арабҳо ва юнониён аҳлу тифоқ зиндагӣ мекунанд. Дар вилоят 12 маркази фарҳангии миллӣ фаъолият мекунад ва заҳматҳои аъзои ин марказҳо дар роҳи пешрафти Ватан муносиб арзёбӣ мешаванд. Аз ҷумла, Наталя Чапанашвили, Ирина Котова, Алихон Умаров, Байрамгул Маратов, Олим Раҳматов, Ҷума Шукуров, Светлана Аҳмедова, Нишон Отомуродов бароин фидоиёни касби худ дар солҳои мухталиф бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонда шудаанд.

Ҳамчунин, Гавҳар Ҷарилқосимова, Бахтиёр Наврӯззода, Илҳом Шукуров, Зебо Ҳасанова, Шавкат Раззоқов, Алишер Ғаффоров ба унвонҳои илмӣ ва дараҷаҳо соҳиб шудаанд.

– Имрӯз таҳаммулпазирӣ яке аз дастовардҳои бузурги башарият аст, – мегӯяд Равил Забиров, роҳбари Маркази фарҳангии миллии тотор-бошқирд. – Дар Ӯзбекистон миёни намояндагони миллатҳои гуногун муҳити устувори дӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ таъмин аст. Намояндагони ҳамаи миллатҳое, ки зиндагӣ мекунанд, чун як тану як ҷон зиндагӣ доранд. Мо аз он ифтихор дорем, ки дар чунин кишвари  орому осуда  зиндагӣ мекунем.

– Бо ташаббуси роҳбари давлат барои марказҳои фарҳангии миллӣ дар вилоят тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст, – мегӯяд роҳбари Маркази фарҳангии русии “Согласие и милосердие” Наталя Чапанашвили. – Дар замони ноороми имрӯза густариши дӯстӣ ва бародарӣ миёни кишварҳо ва халқҳо яке аз муҳимтарин масъалаҳо мебошад. Илоҳо ба кишварамон чашми бадон нарасад.

– Мо аз зиндагӣ дар ин кишвари зебову ором хушҳол ҳастем. Осмони мо соф аст ва ҳамаи миллатҳо мисли як тану як ҷон зиндагӣ мекунанд. Истиқлолият ва сулҳи мо поянда бошад. Дидани камоли  фарзандонамон ба ҳамаамон насиб кунад, – мегӯяд муовини роҳбари Маркази фарҳангии миллии қазоқҳо.

Марказҳои фарҳангии миллӣ дар вилоят дар лоиҳаҳои грантии Фонди дастгирии ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратии назди Шӯрои депутатҳои халқии вилояти Бухоро ва дигар институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ фаъолона иштирок мекунанд.

Дар чорабинӣ намояндагони миллатҳои гуногун бо сурудҳои худ ба иштирокдорон кайфияти болида бахшиданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: