ҲАМҶИҲАТИИ МИЛЛАТҲО – САМТИ УСТУВОРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ

Дар моддаи 8-уми Қонуни Асосии мо гуфта шудааст: «Ҳамаи халқиятҳои Ӯзбекистон қатъи назар аз миллат, дин, эътиқод шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шумор мераванд».

Дар моддаи 4-уми он бошад, чунин сатрҳо ба назар мерасанд: «Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба пойдории урфу одат, анъана, забони ҳар як миллати ҳудуди худ кафолат медиҳад ва ба рушди онҳо шароити мусоид муҳайё месозад».
Дарҳақиқат, алҳол дар Ӯзбекистон вакилони 27 миллат дӯст ва ҳамҷиҳат зиндагӣ мекунанд,  марказҳои миллӣ-маданӣ фаъолият доранд.
Дар Маркази матбуоти миллӣ бо иштироки олимон, устодон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки ба номи Алишер Навоӣ доир ба мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстӣ, кушодадилии динӣ ва ҳамҷиҳатии миллатҳо нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Чи тавре ки роҳбари шуъбаи Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва алоқаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷӣ Адҳамҷон Ҳусейнов таъкид намуд,  ҳар як миллат метавонад забон, урфу одат, анъана, дин ва эътиқоди худро пос дорад. Дӯстию бародарӣ ва ҳамҷиҳатии онҳо бори дигар дар тантанаҳои Наврӯзи имсола намоён гардид. 
Дар кишваре, ки осудагӣ ва сулҳу салоҳ ҳукмрон аст, дар он ҷо пешравӣ, тараққиёт ва шукуфоӣ пойдор мегардад. Тавассути шабакаҳои телерадиои Ӯзбекистон намоиш ва гуфторҳо ба 10 забон бурда мешаванд, рӯзномаву маҷаллаҳо бо забонҳои мухталиф нашр мегарданд. Дар баробари ин, дар мамлакатамон таълими миёна ва олӣ бо 7 забон бурда мешавад.
Назар ба гуфтаи ректори донишгоҳи номбурда Шуҳрат Сироҷиддинов, дар байни миллатҳо мустаҳкам намудани маърифати динӣ, кушодадилӣ, дӯстиву ҳамҷиҳатиро бояд беш аз пеш тарғиб намоем. Доир ба чунин хусусиятҳои инсонӣ Алишер Навоӣ ва дигар алломаҳо низ ғазалу достонҳо эҷод кардаанд. Онҳо низ ба дин такя карда, моҳияти онро фаҳмида, баъд қалам ба даст гирифтаанд, ки ашъори безаволи онҳо асрҳо инҷониб роҳнамои инсоният гардидааст. 
Чи хеле ки роҳбари давлатамон таъкид сохт, дин – ин адаб, ахлоқ, маърифат аст ва инсониятро ба роҳи рост, гуфтори неку пиндори нек ҳидоят месозад. 
Дар чорабинӣ донишҷӯён аз ашъори Навоӣ, Саъдӣ ва дигарон ғазалҳо қироат намуданд. Дар баъзе мисраъҳо ба ғалат ва хатоҳо роҳ дода шуд. Мутахассисони забон ва адабиёт таъкид намуданд, ки ҷавонон бояд забон ва адабиёти худро мукаммал донанд, забони худро надониста, омӯхтани дигар забонҳо ниҳоят душвор аст. Донишгоҳ даргоҳи маънавият буда, дар ин даргоҳ бояд педагог ва тарҷумонҳои моҳир тайёр карда шаванд.
Оре, беҳуда халқи пурдидаи мо «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» нагуфтааст. Барои омӯхтани забонҳои дунё дар Ӯзбекистон ҳамаи шароит мавҷуд аст, фақат аз хонанда ғайрат, шуҷоат ва ҳаракатро тақозо менамояду халос.     

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: