Дар гузориши СММ оид ба дурнамои иқтисоди ҷаҳонӣ, ки моҳи январ нашр шуд, қайд шудааст, ки сустшавии савдои байналмилалӣ, бадтар шудани бозорҳои меҳнат, авҷ гирифтани ихтилофҳои геосиёсӣ ва афзоиши офатҳои иқлим рушди ҷаҳониро дар соли 2024 суст хоҳад кард.
Ба саҳнаи имрӯзаи ҷаҳон нигоҳ карда, шоҳиди он мегардем, ки нигаронии созмони бонуфузи байналмилалӣ ҷон дорад, ки омилҳои зикршуда ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҳатто кишварҳои пешрафта низ таъсири шадид мерасонанд. Аҳолии сайёраи мо, ки интизор меравад то соли 2030 ба 8,5 миллиард нафар мерасад, бо мушкилоти ҷиддие чун бекорӣ, амнияти озуқаворӣ, норасоии оби ошомиданӣ, бӯҳрони энергетикӣ ва гармшавии глобалӣ рӯбарӯ мешавад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он ҷонибдорӣ мекунад, ки Стратегияи рушди Ӯзбекистон, ки дар чунин як давраи мураккаб ба сӯи рушди мустақил қадами далерона мегузорад ва сиёсати дохилию хориҷии онро дар ҳашт соли охир сифатан тағйир додааст, бо ғояҳои башардӯстона ва хайрхоҳона фаро гирифта шудааст.
Инро факту далелҳои ҷаласаи видеоселекторӣ, ки таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев дар робита ба таҳлили таъмини суръати рушди иқтисодӣ дар минтақаҳо ва соҳаҳо дар нимсолаи аввал ва муҳокимаи самтҳои афзалиятнок то соли ҷорӣ 17 июл баргузор гардид, бори дигар тасдиқ мекунанд.
Аз ҷумла, дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 6,4 фоиз афзуд. Умуман, аз аввали сол арзиши иловагӣ дар ҷумҳурӣ ба 567,4 триллион сӯм, яъне 45,1 миллиард доллар расид.
Пештар чунин рақамҳо дар амал мушоҳида карда намешуд. Дар маркази ба даст овардани натиҷаҳои интизоршуда пеш аз ҳама меҳнати фидокоронаи мардуми мо, интихоби дурусти стратегия, офарида шудани механизми бо аҳолӣ оид ба тамоми масъалаҳои муҳим маслиҳатомезона кор бурдани сарвари давлатамон, дар ҳамдигарфаҳмӣ ҳаракат кардани мақомоти идоракунии давлатӣ, дақиқ муайян кардан шудани мақсаду вазифаҳо қарор доранд.
Албатта, мо низ ҳис мекунем, ки имкониятҳои солҳои тӯлонӣ дар иқтисодиёт аз даст додашударо ба кор андохта, таъмин кардани халқпарварии ислоҳот самараи худро нишон медиҳад ва ҳамаи ин ба осонӣ ба даст намеоянд.
Хусусан, чорабиниҳои низомноки дар соҳаи иҷтимоӣ татбиқшаванда имкон медиҳад, ки садҳо маҳаллаҳо ба маконҳои ободу зебои назаррабо табдил дода, боғчаю мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, ки эҳтиёҷоти аввалиндараҷаи аҳолӣ мебошанд, сохта, проблемаҳои таъмири роҳ, таъмини об, барқ бартараф карда шаванд. Мувофиқи маълумот дар шаш моҳи охир аз буҷа ба ин мақсадҳо 31,5 триллион сӯм ҷудо карда шудааст.
Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки барои сиёсати мақсадноки иҷтимоӣ талош мекунад, чунин сиёсатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, якҷоя бо ташкилоту иттиҳодияҳои депутатии худ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ барои самаранокии иҷтимоии ислоҳот садоқатмандона фаъолият нишон медиҳад.
Сиёсати манзил дар некуаҳволӣ ва суботи иҷтимоии ҷомеа нақши муҳим дорад. Махсусан барои мардуми мо аҳамияти доштани манзили доимӣ беандоза аст. Дар зарфи шаш моҳ 18 600 хонадони нав сохта, ба истифода дода шуд. Ба 26 ҳазор оила қариб 7 триллион сӯм кредити ипотекӣ ҷудо карда шуд. Барои пӯшондани пародохти ибтидоӣ ва фоизи онҳо 545 миллиард сӯм субсидия дода шуд. Худи ҳамин далел аз доираи васеи корҳои амалие, ки бо нияти неки ҳифзи манфиатҳои табақаҳои эҳтиёҷманди манзил ва баланд бардоштани ҳисси қаноатмандии мардум аз имрӯз ба ҷо оварда шудааст, гувоҳӣ медиҳад.
Дар ҷамъомад аз муваффақиятҳои соҳаи иқтисодию иҷтимоӣ дида, бештар ба мушкилот диққати калон дода шуд. Нақшаву вазифаҳои минбаъда муфассал муайян карда шуданд.
Яке аз онҳо ва асосиаш ба афзоиши шуғли аҳолӣ ва ба ин васила коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ марбут аст ва ба касе пӯшида нест, ки ҳамин масъала бо мурури замон рӯзмарратар мегардад. Дар натиҷа, то моҳи январи соли ҷорӣ шумораи бекорон дар кишвари мо 1 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил дода, пешбинӣ шуда буд, ки то охири сол боз 2 миллиону 400 ҳазор нафар корҷӯён вориди бозори меҳнат мешаванд. Агар васеътар тасаввур кунем, бекорӣ ва камбизоатӣ, ки чун соя ба он пайравӣ мекунад, мушкилоте маҳсуб мешаванд, ки имрӯз дар кишварҳои ҷаҳон ба суботи иҷтимоӣ таҳдид мекунанд. Тибқи маълумоти Созмони байналмилалии меҳнат, дар соли 2024 шумораи одамони қобили меҳнате, ки бекор мондаанд, аз 400 миллион нафар мегузарад.
Пайдо намудани роҳҳои ҳалли оқилонаи ин мушкилот дар кишвари мо ба пайваста соҳиби кор гардидани ҳазорон ҳамватанони мо, беҳтар шудани тарзи зиндагӣ, дар самти мазкур васеъ доман густурдани таҷрибаи Сайхунобод, Уйчӣ, Зарбдор ва Ғиҷдувон замина фароҳам меорад. Танҳо дар шаш моҳи гузашта беш аз 4000 маҳалла ба саноат ва кишоварзӣ махсус гардонида шуда, 1 миллиону 600 ҳазор нафар расман бо кор таъмин гардида, пардохткунандагони андози даромад боз ба 712 ҳазор нафар афзуданд.
Сарвари давлатамон зикр намуд, ки то 1-уми декабри соли равон дар асоси «Таҷрибаи Сайхунобод» аз ҳисоби пешниҳоди бастаи молиявӣ барои хонаводаҳо 495 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуда, барои татбиқи барномаи «Соҳибкории оилавӣ» 4 триллион сӯм ҷудо карда мешавад. Бо андешидани тадбирҳои мушаххас ва мақсаднок дар назар аст, ки то охири сол 2 миллиону 416 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин карда шаванд.
Ҳизби мо аз самарабахшии механизмҳои таъмини шуғли аҳолӣ ва баланд бардоштани фаъолияти иҷтимоию иқтисодии табақаҳои эҳтиёҷманд, ки ба вазъияти реалӣ мувофиқанд, бевосита манфиатдор аст. Аз ин рӯ, ба таҳкими заминаи ташкилию ҳуқуқии иҷрои пайгиронаи вазифаҳои афзалиятноки ба миён гузошташуда, ба роҳ мондани назорати самараноки депутатӣ ва ҷамъиятӣ аз болои фаъолияти идораву ташкилотҳои иҷроия, ҳамҷиҳатона фаъолият нишон додан, дар масъалаҳои марбут ба ҳифзи манфиатҳои электорат таваҷҷуҳи махсус нигаронда мешавад.
Набояд фаромӯш кард, ки дар ҳаёт пурра инъикос додани тамоюли «Аввал инсон, баъд ҷомеа ва давлат» ва бунёди зиндагии шоистаи мардуми мо ба ҳамбастагӣ ва ваҳдати мо дар роҳи ҳадафҳои наҷиб вобаста аст.
Улуғбек ИНОЯТОВ,
муовини Спикери Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис,
роҳбари фраксияи ҲХД Ӯзбекистон.