Ҳамкорӣ бо Италия дар соҳаи мероси фарҳангӣ мустаҳкам мегардад

Дар Осорхонаи давлатии санъати амалӣ ва таърихи ҳунармандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабинӣ баргузор гардид, ки Агентии мероси маданӣ якҷоя бо ассотсиатсияи «Asso Restavro», ITA (Italian Trade Agency)-и Итолиё ва сафорати Италия дар Ӯзбекистон ташкил кардааст.

Чорабиниро директори Агентии мероси фарҳангӣ Шаҳриёр Нуруллоев ифтитоҳ намуд. Ӯ ба меҳмонон дар бораи ислоҳотҳои дар мамлакати мо дар соҳаи ҳифзи мероси маданӣ ба амаломада, дар бораи он ки ба марҳалаи нави муҳофизати сарватҳои моддии мо қадам нав гузошта шудааст, нақл кард.

Мақсад аз семинари ташкилшуда татбиқи марҳилаи аввали лоиҳаи ҳамкории созмонҳои маъруфи барқарорсозии Италия оид ба барқарорсозӣ ва таъмири ёдгориҳои фарҳангии Ӯзбекистон мебошад.

Дар доираи он ҷониби Итолиё дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро объектҳои мероси моддии Ӯзбекистонро аз назар мегузаронад, дар объектҳои интихобшуда корҳои муштараки барқарорсозӣ ва таъмирӣ анҷом дода мешаванд, хабар медиҳад ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: