Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Латвия дар соҳаи ТИК мустаҳкам мегардад

27 январ дар Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Латвия дар Ӯзбекистон Рейнис Трошка мулоқоти онлайнӣ ташкил карда шуд.

Дар он вазири оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия Шерзод Шерматов иштирок кард.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ТИК, аз ҷумла, дар доираи такмил додани фаъолияти IT Park, тайёркунии кадрҳо дар соҳаои ТИК баррасӣ гардиданд. Пешниҳод дар бораи ҳамкорӣ бо маркази технологии «StartUp Latvia» пеш гузошта шуд.

Хусусан, пешниҳод дар бораи барқарор намудани ҳамкорӣ байни IT Park ва “StartUp Latvia”, ҷалби корбастҳои хориҷӣ, мубодилаи таҷриба, ташкили ташрифи ширкатҳои Латвия ба Ӯзбекистон, ки ба IT-бозори ватанӣ таваҷҷуҳ доранд,  пеш гузошта шуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: