Ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия

Дар Агентии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 25 феврал бо роҳбарияти Комиссияи миллии назоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин бахшида ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия вохӯрии онлайнӣ баргузор гардид.

Дар Агентии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 25 феврал бо роҳбарияти Комиссияи миллии назоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин бахшида ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия вохӯрии онлайнӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот директори Агентии мубориза бо коррупсия Акмал Бурҳонов ва роҳбари Комиссияи миллии назоратии ҶМЧ Ян Сяоду оид ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи муайяншуда мубодилаи афкор намуданд.
Аз ҷумла, ба масъалаҳои мубодилаи таҷриба байни мақомоти ваколатдори Ӯзбекистон ва Чин, эҷоди қонун ва таҳқиқоти илмӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд. Зарурияти муайян кардани механизм ва самтҳои ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия, пурзӯр гардондани робитаҳо дар доираи лоиҳаи «Як камар, як роҳ» ва Конвенсияи СММ зидди коррупсия қайд карда шуд.
Ба ҷониби Чин маълумот дода шуд, ки дар Ӯзбекистон мубориза бо коррупсия ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст, дар соли 2020 ҳуҷҷатҳои муҳими марбут ба ин соҳа қабул карда шуданд ва як идораи ҷудогонаи мустақил – Агентии мубориза бо коррупсия ташкил карда шуд. Таъкид гардид, ки агентӣ мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ буда, сиёсати давлатиро дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ташаккул медиҳад ва барои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт масъул аст. Ба онҳо инчунин дар бораи тадбирҳои амалии ҷорӣ, вазифаҳои оянда, таҳкими робитаҳои ҳамкории байналмилалӣ нақл карданд.
Янг Сяоду дастгирии Чинро аз ислоҳоти ҷорӣ дар кишвар таъкид кард ва дар бораи таҷрибаи беназири Чин дар самти мубориза бо коррупсия сухан гуфт. Вай ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, такмили қонунгузорӣ, ташаккули ҳисси ростқавлӣ дар хизматчиёни давлатӣ, пешгирӣ, ошкор кардан ва тафтишоти ҷиноятҳои марбут ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ – ришва, қонунигардонии – ғайриқонунии даромад, азхудкунии моликияти давлатӣ диққати асосӣ дод.
Ҷонибҳо дар бораи таҳияи якҷояи механизмҳои самарабахши пешгирии коррупсия дар мақомоти давлатӣ, ҳамкорӣ дар ташкили тренингҳое, ки ба ташаккул додани қоидаҳои этика, ахлоқ, ростқавлӣ дар шуури хизматчиёни давлатӣ, омӯхтани таҷрибаи Чин дар фаъолияти институти ротатсия, ки воситаи пешгирии коррупсия дар хизмати давлатӣ ҳисобида мешавад, ба созиш омаданд.
 
Саидмурод РАХИМОВ, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: